logo

иҷтимоиёт

НОРАК. МИЗБОНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Шаҳри Норак имсол мизбони Ҷашни байналмилалии Наврӯз аст ва сокинонаш ҳазорҳо меҳмонро аз дохилу хориҷи кишвар пазироӣ менамоянд.  Вобаста ба ин, дар шаҳр навгониву ободиҳои зиёд ба чашм мерасанд.
Пиру барнои шаҳр, бавижа кормандони мақомоту идораҳои дахлдор, кӯчаву хиёбон, ҳавливу боғча, пайраҳаву атрофи биноҳои истиқоматӣ ва коргоҳашонро обод мекунанд. Соҳибкорон ва шахсони саховатпеша камари ҳиммат бастаанд, то роҳҳо ҳамвор, талу теппаҳо сарсабз, хонаҳо рӯшану файзбор гарданд ва диёрашон озодаву назаррабо бошад.
Масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр корро аз таъмиру таҷдиди роҳҳо сар карданд. Мувофиқи нақша 12 истгоҳи роҳи марказӣ пурра азнавсозӣ мешавад. Ҳоло дар сетои онҳо сохтмон оғоз ёфт. Дар 18 бинои баландошёнаи шаҳр корҳои таъмиру таҷдид шурӯъ шуда, нуҳ бино пурра таъмир ва ранг дода шуд. Ҳамчунин, аз тарафи масъулони НБО “Норак” рангубор намудани силсиламуҷассамаи ба ифтихори сохтмончиёни неругоҳ бунёдёфта ба анҷом расид.
17 нуқтаи  савдою  хизматрасонӣ дар назди бозори «Сайёра» аз таъмир бароварда шуда, пас аз чанде мавриди истифода қарор мегирад.
Аз назди бинои ҶСК «НоракИБОсоз»  то майдони марказии варзиш 560 метр роҳ мумфарш гардида, дар ин самт корҳо идома доранд.
Паёми фараҳбахши дигар қомат афрохтани муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон - Исмоили Сомонӣ, сутунпояҳои Парчам ва Нишони давлатӣ мебошад.
Мавриди зикр аст, ки аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Раҷаб Ализода дар кӯчаи марказии шаҳр сохтмони майдони варзиш оғоз ёфт.
Наврӯз, пеш аз омадан, файзу шукӯҳи худро меовард. Бо мақсади сабзу хуррам гардондани талу теппаҳои гирду атрофи шаҳр то имрӯз 2011 бех ниҳоли сояафкану ороишӣ шинонда шуда, боз 1300 нуқтаи дигар барои ниҳолшинонӣ омода аст. Масъулону боғбонҳо 1550 метри мавзеи “Ленин” - ро бо симтӯрҳо зери муҳофизат гирифтанд, ки он ҷо боғи ҳамешасабз хоҳад шуд. Дар ҶДММ «Анорбоғ» 5 гектар боғ барқарор шуда,  нармкунӣ, яхобмонӣ ва корҳои агротехникӣ идома доранд.
Баҳору Наврӯз бе таровати гулҳо камранганд. Ба ин хотир, то имрӯз 70469 буттаи гулҳои гуногуни мавсимӣ шинонда шуданд.  Ҳамчунин, дар гармхонаи муассисаи манзилӣ - коммуналӣ 15 ҳазор қаламчаи гули садбарг, 18 ҳазор навъҳои гуногуни гулҳои ороишӣ ва 50 ҳазор гул парвариш ёфта истодаанд.
Бо омадани фасли баҳор бинандагону шавқмандони Неругоҳи барқи обии овозадори "Норак" низ меафзояд. Аз ин сабаб, кормандони он гулгаштҳои ҳудуди неругоҳро сарсабз гардонда, 5 ҳазор гулҳои мавсимӣ, 65 бех ниҳоли ҳамешасабз шинонданд. Ҳамзамон, 2 ҳазор қаламчаи гули садбарг ва 5000 ниҳоли гул дар гармхонаи назди неругоҳ парвариш ёфта истодаанд.
Аз иттилои масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бармеояд, ки дар маҷмӯъ, ба истифода додан ва оғози корҳои сохтмонии 10 иншооти ҷашнӣ дар назар буда, минбаъд шаҳри Норак ва мавзеъҳои тамошобоби он барои меҳмонон, бавижа сайёҳони дохилу хориҷи кишвар бо симои наву диданӣ муаррифӣ мешаванд.
Бузургмеҳр БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.02.2019    №: 29    Мутолиа карданд: 91

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед