logo

иҷтимоиёт

ИСТАРАВШАН. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

Дар шаҳри Истаравшан ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёду таъмири 460 иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба нақша гирифта шудааст. Соли сипаригардида бо саҳмгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳибкорон ва сокинони саховатпеша 112 иншооти таъйиноти гуногун бунёд ёфтанд. Ба фаъолият шурӯъ намудани иншооти азим ба коҳиш ёфтани норасоии ҷойи кор мусоидат намуд.   

- Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Истаравшан дар муддати кӯтоҳ ба як минтақаи пешрафта ва оинаи таҷаллогари рушди босуботи кишвар мубаддал гардид, - иброз дошт Феҳраст Нодиров, мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Истаравшан.
Ба гуфтаи номбурда, соли 2018 дар шаҳр корҳои ободонӣ вусъати тоза ёфтанд. Аз ҷумла, дар Ҷамоати деҳоти Гули Сурх кошонаи ҳусн, сартарошхона, ҳуҷра барои хатнаи кӯдакон, МТМУ № 65 барои 380 хонанда, чойхона, варзишгоҳ, мағозаи хӯрокворӣ, сехи дӯзандагӣ, бинои кумитаи деҳа ва нуқтаи таъмири мошинҳо сохта шуданд. Инчунин, сехи коркарди маҳсулоти сохтмонӣ ва симтӯрбофии Ҷамоати деҳоти Сабристон ба фаъолият шурӯъ намуд.
Дар деҳоти дигари шаҳр низ сокинон пайи созандагиву бунёдкорианд. Дар ин деҳаҳо аз рӯи эҳтиёҷоти мардум марказҳои саломатӣ, кӯдакистонҳо, тарабхонаҳо, нуқтаҳои таъмини сӯзишворӣ, мағозаҳо, нуқтаҳои шустушӯи мошинҳо, чоҳҳои амудӣ, марказҳои хизматрасонию савдо, синфхонаи иловагӣ ва иншооти дигар бунёд ёфта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.  
Бо мақсади беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ бо иқдоми хайрхоҳонаи соҳибкор Ғайбулло Ҷалолов бо харҷи 1,3 миллион сомонӣ маркази ташхисӣ - табобатии «Истиқлол» - и Ҷамоати деҳоти Қалъачаи Калон сохта шуд ва дар он 35 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ гашт. Алҳол мушкили корафтодагону беморон дар маҳали зисташон бартараф мегардад.
Дар хиёбони Исмоили Сомонии маркази шаҳр бинои маракази саломатии №2 азнавсозӣ шуд. Дар кӯчаи Ваҳдат бошад, майдони Нишони давлатӣ, нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ, қаҳвахона, маркази хизматрасонии компютерӣ ва меҳмонхонаи панҷошёна қомат афрохта, ба зебоии шаҳр ҳусни дигар зам намуданд.
Ҳамзамон, таҷдиду азнавсозии роҳу гузаргоҳҳо, сохтмони бинои шуъбаҳои эҳё ва бемориҳои пӯсту зӯхравӣ, меҳмонхона, синфхонаҳои иловагӣ, боғчаи бачагона, таъмири мағозаи тиҷоратии «Саман» дар хиёбони Истиқлоли маркази шаҳр аз ҷониби соҳибкор Хушбахт Юсуфов бо харҷи 102 ҳазор сомонӣ ба анҷом расид. Дар ҳамин хиёбон соҳибкорон Ҳаниса Ёқубова ва Бурҳон Эргашев бо харҷи беш аз 4 миллион сомонӣ дармонгоҳи амрози занона ва меҳмонхона бунёд намуданд. 
Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.02.2019    №: 29    Мутолиа карданд: 245

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед