logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.

Филворди «Дарё»
Дар филворди навбатӣ номи дарёҳои машҳури ҷаҳон ҷой дода шудаанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд муштариён бояд аз чап ба рост ва аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, номи онҳоро пайдо намоянд.
Масъули рубрика Комрон САФАР

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 93-320-00-15
komron-safar95@mail.ru


ФАЛОКАТҲОИ БАҲРӢ
Дар баҳр ҳодисаҳои пешбининашавандаи зиёде ба вуқӯъ мепайванданд.
5 декабри соли 1664 дар гулугоҳи баҳрии Уэлси Британия киштии мусофиркаше ғарқ шуд, ки зиёда аз 80 маллоҳ дошт. Ҳама ғарқ шуданд, ба ғайр аз як нафар, ки он ҳам моҳигир бо номи Хю Уилямс буд.
Пас аз 121 сол, 5 декабри соли 1785 дар ҳамон вақту соат ва дар ҳамон ҷой боз киштие ғарқ шуд. Аҷибаш ин аст, ки ҳама ғарқ шуданду боз як касе бо номи Хю Уилямс наҷот ёфт.
Ба ин бовар кардан душвор аст, лекин баъди солҳои зиёде, яъне боз 5 декабри соли 1860 дар ҳамон ҷо киштие бо 21 нафар мусофир ғарқ мешавад. Боз шахсе бо номи Хю Уилямс зинда мемонад.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


БОНУФУЗТАРИН ЗАНОНИ СИЁСАТМАДОРИ ТАЪРИХ
Екатеринаи II
Екатеринаи II дар хотири ҳамқавмонаш ҳамчун бонуфузтарин зани сиёсатмадор боқӣ мондааст. Ин зани қавиирода дар васеъ намудани ҳудуди имрӯзаи Россия хизмати бузург кардааст. Дар асри XVIII, маҳз дар замони ҳукмронии ӯ, ҳудуди ҷуғрофии ин кишвар васеъ гардид. Бо кӯшишу талошҳояш Қрим, заминҳои назди баҳри Сиёҳ, ҳамчунин, қисме аз заминҳои Аврупо ба Россия ҳамроҳ шуданд.
Маълумоти дигар ин аст, ки дар замони ҳукмронии ӯ бо Аврупо ҳамкориҳои зичи сиёсӣ ба роҳ монда шуданд. Зеро худи Екатерина аз табори ашрофони олмонӣ буд.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Марк Твэн: «Ҳеҷ гоҳ бо аблаҳон дастбагиребон нашавед. Онҳо аввал шуморо то сатҳи худ поён мебаранд ва баъдан, бо таҷрибае, ки дар он пастӣ доранд, мағлуб мекунанд».
Аз русӣ тарҷумаи М. ОДИНАЕВА


ИНТИҚОЛИ КӮДАКОН ТАРИҚИ ПОЧТА
Оё медонед, ки замоне дар Амрико интиқоли кӯдакон тариқи почтаи муқаррарӣ сурат мегирифт.
Дар соли 1913 бо мақсади беҳбудии иқтисодиёти кишвар дар Амрико қонун дар бораи шуъбаи алоқа (почта) қабул гардид ва  хизматрасонии он ба таври васеъ мавриди истифода қарор гирифт. Тариқи почта ғайр аз маҳсулот, инчунин, интиқоли «бори зинда» низ ба миқдори 22, 68 килограмм роҳандозӣ шуд.
Моҳи январи соли 1913 оилаи Биглҳо тариқи почтаи деҳа фарзандашонро ба модаркалонаш фиристоданд. Онҳо дар аввал кӯдакро ба маблағи 50 доллар суғурта карда, баъдан, 15 сент ҳаққи хизмат пардохт намуданд. Ӯ нахустин кӯдаке буд, ки тариқи почта интиқол ёфт. Интиқол ин тавр сурат мегирифт: кӯдакро дар ҷузвдони махсус ҷой намуда, ба либоси ӯ муҳр мезаданд ва ба суроғаи муайянгардида мерасонданд. Барои нигоҳубини кӯдакон шахсони мутасаддӣ вазифадор гардида буданд. Ин ҳолатро дида, худи ҳамон сол сенаторон кӯшиш намуданд, ки ин қарорро бекор намоянд, зеро дар зери мафҳуми «бори зинда» онҳо инсонро дар назар надоштанд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


2 СЗЯ
МАЪЮБОНЕ, КИ РӮЗГОРИ НАМУНАВӢ ДОРАНД
Сзя Хайся ва Сзя Уэнчи – мардони 54 - солаанд, ки яке нобиною дигаре аз ҳар ду даст маҳрум. Бо вуҷуди ин, онҳо тӯли 13 сол якҷоя дар музофоти Хэйбэйи Чин беш аз 10 ҳазор дарахт шинондаанд. Даҳ сол қабл вақте ин ду маъюб кор пайдо карда натавонистанд, илоҷе ёфтанд, ки ҳам ба худашон судманд шуд ва ҳам ба атрофиён.
Ду дӯст аз ҳукумати маҳаллӣ дар лаби дарё майдони калонро барои ниҳолшинонӣ иҷора гирифтанд.  Бо умеди даромади на он қадар калон мардҳо аз пайи сабзкорӣ шуданд. «Ман ба Сзя даст ҳастаму вай барои ман чашм», - бо қаноатмандӣ мегӯяд Хайся.
Дӯстони ҳамном ҳар субҳ аз хона соати 7 баромада, дарёро убур мекунанд, зимни ин Уэнчи шарики нобинояшро дар пушт он сӯи соҳил мегузаронад. Онҳо усули хоси кори якҷоя доранд дар кандани чуқурӣ, шинондани ниҳол ва обмонӣ. Ҳамин тавр, 13 сол инҷониб бо ин шуғл ҳазорҳо дарахт шинонданд, ки маҳаллаҳои атрофро аз обхезӣ эмин медоранд.
Аз русӣ тарҷумаи Хуршеди ҶОВИД


ҲОЗИРҶАВОБИИ ПУШКИН
Ҷавони олуфтаву ҳавобаланде, ки дар зиёфат паҳлуи Пушкин менишаст, хост ӯро дар хиҷолат монад:
- Лутфан, бигӯед, ки оё миёни ману Офтоб монандие ҳаст?
- Бале, на ба шумо ва  на ба Офтоб бо чашми кушода нигаристан имкон надорад,- бадоҳатан мегӯяд шоир.
Аз русӣ тарҷумаи М. ОДИНАЕВА


ТАВСИЯҲОИ ДАРОЗУМРИИ МАРДИ 108 - СОЛА
Куҳансолтарин педагог ва духтури ҷопон Хинохара бо вуҷуди 108 сол доштанаш худро бардаму тандуруст мешуморад. Ҳамчун муаллифи 150 китоб дар миёни хонандагони сершумор аз маҳбубияти хос бархӯрдор мебошад. Вақте аз Хинохара сабаби хушҳолиашро мепурсанд, маслиҳат медиҳад, ки барои умри зиёд дидан ҳамеша шод будан лозим аст. Аз тавсияҳои ӯст, ки пайваста ба зинапоя бароед ва доимо либосҳои  зебо бипӯшед. Ва ҳам мегӯяд, ки ҳатман дониши худро ба дигарон бо хушнудиву ҳавсалаи тамом бибахшед.
«Аз зиндагии дода пурсамару лаззатбахш бояд истифода бибарем»- таъкид намудааст ӯ. Ба бозиҳои олимпӣ, ки дар Токио соли 2020 баргузор мегардад, омодагӣ гирифта истодааст.
Ба ғизоҳои истифода мебурдааш мутахассисон ва бархе аз алоқамандон мароқ зоҳир кардаанд. Хинохаро субҳ аз равғани зайтун, шарбати афлесун ва қаҳва, нисфирӯзӣ аз шир ва биринҷ, шом аз моҳӣ ва сабзавот истифода мебарад. Ба пурхӯриву хоби зиёд зид мебошад. Бо радди ин ҳар ду изҳор медорад, ки неруи зиёд дар бадан аз эҳсоси хубу гуворо ба вуқӯъ меояд.
Худ ба ин гуфтаву маслиҳат бештар амал мекунад. Ҳамасола ба донишҷӯён 150 лексия мехонад. Ҳар рӯз 18 соат кор мекунад. Илова бар он ба иҷрои корҳои хона низ фурсат меёбад.  Аз хурдтарин хабари нек хушҳол мегардад.
Шунидани мусиқӣ ва ҳайвонҳои хонагиро бисёр дӯст медорад ва тавсия медиҳад, ки дигарон ҳам ба онҳо дил бубанданд. Иҷрои ин амалҳо дардҳои одамиро кам мекунаду сабук мегардонад.
Таҳия ва тарҷумаи Зебунисо ҲАМИДЗОДА,
донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
Сарнишини аз ҳама хурдтарин
Вики ван Меер дар 12 – солагӣ дар дунё хурдтарин сарнишини тайёра дониста шуд. Вай дар тайёраи шахсиаш «Сессна-Р210» аз иёлати амрикоии Мен аз болои уқёнуси Атлантика, баъди танаффуси кӯтоҳ – кӯтоҳ дар кишварҳои Канада, Гренландия ва Испания, сиҳату саломат ва бо чеҳраи хандон дар шаҳри Глазкои Шотландия ба замин фуруд омад. «Ҳамааш бисёр одӣ буд, - гуфт ӯ, - танҳо дар фазои Исландия каме хаста шудам ва бароям нафаскашӣ душвор шуд. Он вақт дар баландии 4000 метр парвоз доштам».
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ
 

10 ҶОНВАРИ ОБИЕ, КИ НОТАКРОРАНД
10. Тимсоҳҳои беозор
Маълум аст, ки тимсоҳ ҳайвони обии бадҳайбат, хунукрӯву даранда аст. Барзагову оҳу ва монанди ин ҳайвонҳои азимҷуссаро бемалол зери об кашида, «нӯши ҷон» мекунад. Зеро оби меъдаи вай метавонад ҳатто металлро об кунад.
Аммо сокинони қисмати шимолии Австралия на танҳо аз тимсоҳҳо намеҳаросанд, балки кӯдаконашон бо онҳо якҷоя оббозӣ мекунанд. Дар  болои онҳо савор шуда, аз як соҳил то соҳили дигар шино менамоянд.
Сокинони ин минтақа онҳоро шикор ҳам намекунанд, пасмондаҳои хӯрокашонро медиҳанд. Дар ҷои зисти онҳо мағалу хархаша бардоштан ва бино пӯшондан манъ аст. Аз ин хотир, ин ҳайвони ваҳшӣ бо онҳо унс гирифта, зарар намерсонад. Яъне ҳайвон ғамхории инсонро қадр мекунад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР


ВАСИЯТНОМА
ЧАНД ФАКТИ АҶИБ
Аслан васиятнома ҳуҷҷатест, ки бо он афроди гуногун дороиашонро ба касе мебахшанд. Аммо, дар баъзе васиятномаҳо хостаҳое дарҷ гардидаанд, ки воқеан ҳам, мароқоваранд.

1. Охирин хоҳиши ширинкори шинохта Леон Хемсли ин буд, ки сарвати  ӯ байни набераҳояш (5 миллион) ва ба сагчаи дӯстдоштааш (10 миллион доллар) тақсим шавад. Инчунин, бо маблағи яку ним миллион доллар дар паҳлуи ӯ оромгоҳ бунёд намоянду сагашро дар он ба хок супоранд. 

2. Махфитарин васиятномаро миллиардер Мишел Ротшилд навиштааст. Дар он, аз ҷумла омада: «Дахолати судӣ, барӯйхатгирӣ ва интишори расонаии дороиамро қатъиян манъ мекунам». Аз ин сабаб, то ҳол миқдори сарвати ӯ маълум нест.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА


СЕРГЕЙ
НАВРАСЕ, КИ ДУНЁИ ФУТБОЛРО МУТАҲАЙИР КАРД
Футболбози навраси рус Сергей Пиняев аз дастаи «Чертаново»-и Москва дар яке аз дидорҳои мусобиқоти кишвар ба дарвозаи ҳариф бо усули бисёр диданӣ ва техникаи олӣ голеро зад, ки онро миллионҳо нафар аз тариқи видео тамошо карда,  мафтуни маҳорати бозигариаш шуданд. Пас аз он, расонаҳои хабарӣ низ ба ин писарбачаи 14 - сола таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Клубҳои беҳтарини футболи Аврупо ҷиҳати ҷалби Сергей ба академияи футболашон мароқ зоҳир намуданд. Дар ин кор «Манчестер Юнайтед» (Англия), ки ду сол пеш Сергейро зери таваҷҷуҳи худ қарор дода буд, пешдастӣ карда, барои санҷиш ӯро ба бошгоҳ даъват намуд.
Сергей Пиняев тӯли ду ҳафта давраи таҷрибаомӯзиро дар клуби мазкур гузаронд ва дар ҳайати дастаи наврасони «Манчестер Юнайтед» дар бозии намоишӣ бо тими «Бари» (Италия) 45 дақиқа ҳунарнамоӣ карда, 5 гол зад ва тими «Манчестер Юнайтед» бо натиҷаи 6:0 дар ин дидор дастболо гардид.
Дар «Манчестер» изҳор доштанд, ки 15 соли  охир дар ин бошгоҳ аз тамоми олам бисёре аз бозигарон давраи озмоиширо гузарондаанд, аммо Пиняев дар миёни онҳо аз ҳама беҳтарин маҳсуб мегардад.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


8 ШАҲРИ ХУРДТАРИНИ ОЛАМ
РАБШТЕЙН ДАР СТРШЕЛ. АҲОЛИАШ 20 НАФАР
Рабштейн дар Стршел дар Ҷумҳурии Чехия ҷойгир аст. Он соли 1937 аз ҷониби шоҳ Ян ҳамчун шаҳр эътироф гардид. Рабштейн аз як кӯча иборат буда, бо майдони хурде тамом мешавад.
Шаҳр дар асоси боқимондаҳои Қалъаи асри XIV бо санъати меъмории асримиёнагии готӣ бунёд ёфтааст. Қалъаи мазкур ягона ҷойи тамошобоби шаҳр ба ҳисоб меравад. Дар асрҳои миёна Рабштейн дар Стршел хело тараққӣ карда буд ва 500 нафар аҳолӣ дошт.
Қисми зиёди хонаҳои шаҳр ҳамчун бӯстонсарой истифода мешаванд. Мардуми шаҳри Прага  (пойтахти Чехия) ба ин ҷо омада, истироҳат мекунанд, зеро он бисёр ором ва дар наздикии пойтахт ҷойгир мебошад.
Таҳияи Комрон САФАР


СЕРХАРИДОРТАРИН КИТОБҲОИ САДАИ ХХ
«Фикр намо ва сарватманд шав»
Ин китоб аслан барои шахсоне таълиф шудааст, ки орзуи муваффақ гардиданро дар дил мепарваранд. Наполеон Хилл, рӯзноманигори машҳури англис, соли 1917 тасмим гарифт, ки бо роҳи мусоҳиба асрори комёбиҳои одамони машҳуру муваффақи замони хешро ошкор намуда, пешкаши аҳли ҷомеа гардонад.
Бо ин мақсад, ӯ 500 мусоҳиба бо ашхоси номдор анҷом дода, соли 1937 баъд аз 20 сол матолиби ҷамъовардаи хешро дар шакли китоб ба нашриёт супурд. Асари мазкур дар муддати  кӯтоҳ шуҳрати зиёд касб намуда, номи муаллифашро машҳур гардонд. «Фикр намо ва сарватманд шав» - аш чун серхонандатарин китоб эътироф гардида, то имрӯз зиёда аз 70 миллион нусхаи он дасти чопро дидааст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ШОКОЛАД
НАҶОТ АЗ ИНФАРКТ ВА ИНСУЛТ
Олимон ҳамаи маълумоти интишоршударо доир ба истеъмоли шоколад ва бемориҳои дилу раг таҳлил карданд. Дар ин пажӯҳиши хеле васеъ қариб 158  ҳазор одам ширкат варзид. Илова бар ин, баъзе озмоишҳо хеле тӯл кашида, то 12 сол идома ёфтанд.
20 дарсади иштирокдорони пажӯҳиш гуфтаанд, ки умуман, шоколад истеъмол намекунанд, 80 дарсади боқимонда дар як рӯз на камтар аз 7 грамм шоколад мехӯранд. Ҳамчунин, буданд одамоне, ки дар як рӯз 100 грамм шоколад мехӯрдаанд.
Таҳлили натиҷаи пажӯҳишҳо муайян кард, ки одамоне, ки бисёр шоколад истеъмол мекунанд,  ҷавонтар ба назар мерасанду гирифтори бемориҳои диабети қанд намешаванд. Муҳимтар аз ҳама, давоми 18 соли таҳқиқот аз байни одамони шоколадхӯр фақат 14 дарсадашон ба бемории инсулт ва бемории ишемии қалб гирифтор шудаанд.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


НИЛ ЭТИРИҶ
ДАРВОЗАБОНЕ, КИ ПЕНАЛТИИ «ПРЕЗИДЕНТҲО» - РО ГАРДОНДААСТ
Дарвозабони дастаи «Кардифф Сити» - и Англия Нил Этириҷи филиппинӣ яке аз қаҳрамонҳои бозӣ бар муқобили тими «Лестер» шуд. Ӯ зарбаи аз ҷаримаи 11 - метра иҷро кардаи Ҷеймс Мэддисонро баргардонд.  Дар мавсими 2018 -2019 - и Премер - лигаи Англия мавсуф бори сеюм аст, ки зарбаҳои пеналтии рақибонро бармегардонад. Ин беҳтарин натиҷаи мавсими ҷорист. Вай ягона дарвозабоне ба ҳисоб меравад, ки дар ду дидори аввали Премер – лига ду пеналтиро гардондааст.
Лекин ҳайратовараш чизи дигар аст. Се пеналтии баргардондаи ӯ аз ҷониби он бозигароне иҷро шуда буд, ки дорои насабҳои монанд бо собиқ президентони ИМА - Уилсон  Кеннедӣ ва Мэддисон мебошанд. Ҷеймс Мэддисон 4 - умин, Вудро Уилсон 28 - умин ва Ҷон Кеннедӣ 35 - умин президентҳои ИМА маҳсуб меёбанд.
Таҳияи М. БАҲРОМ


БОЗ ДАР БОРАИ ЭЙНШТЕЙН
Дар муқоиса ба майнаи сари одамони одӣ устухони пешонии Эйнштейн (қисме, ки маълумотро таҳлил ва коркард менамояд) 15 дарсад васеътар буд.
Бинобар ин, навохтани скрипкаро хеле дӯст медошт ва худаш ҳам тасдиқ мекунад, ки агар олим намебуд, мусиқинавоз мешуд, зеро ӯ зиндагӣ, афкор ва андешаи худро бо мусиқӣ тавъам медонист.
Дар ибтидои фаъолияти худ Эйнштейн дар маркази патентӣ кор мекарду ба фаъолияти дастгоҳҳои электромагнитӣ баҳо медод. Новобаста аз он ки ҳамагон Эйнштейнро аз рӯйи назарияи нисбият мешиносанд, олим Ҷоизаи Нобелро барои кашфи ҳодисаи фотоэффект гирифтааст.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.02.2019    №: 30    Мутолиа карданд: 180

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед