logo

сиёсат

ПАЁМ – ДАСТУРИ ОЯНДАСОЗ

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ барои мо дастури ояндасоз мебошад. Ба василаи он фаъолияти минбаъдаамонро дақиқу равшан сохта, муҳимтарин самтҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ, ҳадаф ва барномаҳои навини рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеаи мо мегардад.
Боиси ифтихору сарфарозии ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар аст, ки ташаббуси чоруми ҷаҳонии Тоҷикистон - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» дастгирӣ ёфт ва иҷрои он расман шурӯъ шуд.
Бо назардошти дар сатҳи ҷаҳонӣ мавҷуд будани мушкилоти вобаста ба об ин иқдоми башардӯстонаи Пешвои миллат саривақтиву зарурӣ буда, дар саҳифаи таърихи башарият бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гардид.
Дастоварди арзишманди дигар барои мардуми шарафманди тоҷик дар соли сипаригардида мустаҳкам шудани муносибатҳо миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мустаҳкам гаштани дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбекро рӯйдоди муҳими таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардум номида, чунин иброз доштанд: «Бори дигар бо қаноатмандӣ хотирнишон месозам, ки соли 2018 дар муносибатҳои дуҷониба бо кишвари ҳамҷавор ва дӯсти мо Ӯзбекистон таҳаввулоти таърихӣ рух доданд ва мо тамоми масъалаҳои ҳалталабу шиддатнокеро, ки тайи зиёда аз бист соли охир байни ду кишвар ба миён омада буданд, пурра ҳаллу фасл карда, ҳамкориҳоямонро ба сатҳи шарикии стратегӣ баровардем».
Ҳамчунин, дар Паём аз рӯйдоди муҳиму таърихӣ барои миллати фарҳангдӯсту бузурги тоҷик, ифтитоҳи чархаи аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо изҳори хушнудӣ зикр намуданд. Ба истифода додани ин неругоҳи азим дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳз ба шарофати сиёсати созандаи Сарвари давлат насиб гардид. Рухдоди ин ҳодисаро мо даҳсолаҳо боз интизор будем, то баровардани армонҳои гузаштагонамонро бо чашми худ бубинем. Аз ин хотир, онро бо итминони комил метавон дастоварди арзишманди қарни XXI номид.
Ҳамчунин, бори дигар бо ёдоварии нақши ҷавонон дар ҳаёти сиёсии кишвар таъкид намуданд, ки ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд. «Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем» - изҳор доштанд Сарвари давлат.
Пешниҳод гардидани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон аз ҷониби Пешвои миллат гувоҳи он аст, ки ин абармарди таърих ба неруи бузурги ҷавонҳо эътимоди комил дошта, ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамонро дар симои онҳо мебинанд. Боиси сарфарозӣ аст, ки имрӯз ҷавонони тоҷик ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо бо дастовардҳои арзишмандашон дар бахшҳои мухталиф муаррифгари миллату Тоҷикистони азиз дар сатҳи байналмилалӣ гардидаанд. Мо, инчунин, аз он ифтихор мекунем, ки ҳоло дар як қатор мамлакатҳои хориҷӣ аз ҳисоби квотаҳои байниҳукуматӣ ҷавонони зиёди кишвари мо таҳсили илм мекунанд, то ки дар оянда барои пешрафти сарзамини маҳбубамон саҳми арзанда гузоранд.
Дар маҷмӯъ, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар як шаҳрванди меҳанпарасту худшиноси кишвар чун дастури раҳнамоест барои расидан ба ҳадафҳои созанда ва зиндагии шоиста.
А. ҚАЮМОВ, декани факултаи забонҳои шарқи ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.02.2019    №: 31    Мутолиа карданд: 512
19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед