logo

ҳуқуқ

АМАЛИЁТИ "ПИЁДАРОҲ" ТАВАҚҚУФИ МОШИНҲОРО ДАР ДУШАНБЕ БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД

Аз ҷониби раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гузарондани амалиёти «Пиёдароҳ» дар ҳудуди пойтахти мамлакат ба роҳ монда шудааст, ки 19 феврал оғоз шуда, то 28 феврал идома хоҳад кард. Амалиёти мазкур бо мақсади ошкор ва ба низом даровардани таваққуфи воситаҳои нақлиёт дар ҷодаҳои пойтахт роҳандозӣ шудааст.
Шариф Назарзода, сардори РВКД дар шаҳри Душанбе, рӯзи аввали амалиёт бо рӯзноманигорон вохӯрӣ карда, изҳор дошт, ки ин тадбир бо мақсади иҷрои қарори раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи таъсис додани гурӯҳҳои таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе” рӯи даст гирифта шуд.
- Дар бахши нақлиёти пойтахт камбудиҳо зиёданд ва талош дорем, ки ин мушкилиҳо марҳила ба марҳила ҳал шаванд. Барои ҳадафрас шудани амалиёт намояндагони ВАО - ро ба ҳамкорӣ даъват кардем, ки дар рафти чорабинӣ бевосита дар канори кормандони шуъбаи БДА РВКД бошанд ва воқеиятҳои корро аз наздик бубинанд,- изҳор дошт генерал -майёри милитсия Шариф Назарзода.
Мушоҳидаҳои якрӯзаи хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар якҷоягӣ бо кормандони БДА дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ ошкор сохт, ки мутаассифона, нақзи қоидаҳои роҳ ба як амали маъмулӣ табдил ёфтааст. Бархе шаҳрвандон меъёрҳои одоби шаҳрнишинӣ ва қоидаҳои истифода аз роҳҳои мошингарду пиёдароҳҳоро нодида мегиранд ва бо гузоштани воситаи нақлиёти худ дар ҷойҳои ғайримуқаррарӣ ба гашту гузори озоди сокинон халал ворид мекунанд.
Гурӯҳи корӣ, дар ин амалиёт дар рӯ ба рӯи театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ва назди ҶДММ  "Бозори Султони Кабир", шумораи зиёди мошинҳоро ошкор сохт, ки дар пиёдароҳҳо боиси ташвиши пиёдагардон гардидаанд. Чунин ҳолатҳо агар аз як тараф боиси халалдор кардани ҳаракати пиёдагардон гардад, аз ҷониби дигар як навъ бенизомиро дар чашми ҳар сокину меҳмони пойтахт ба ҷилва меорад, ки қобили қабул нест.
Икром Тошев, сардори шуъбаи ташкилӣ – нозиротии ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе, ки ҳамзамон, роҳбари гурӯҳи корӣ буд, аз ҳолати назди бозори номбурда изҳори нигаронӣ карда, иброз дошт, ки тибқи қоида ҳар як иншооте, ки дар пойтахти кишвар сохта мешавад, бояд таваққуфгоҳи алоҳида дошта бошад. "Бозори Султони Кабир" дар воқеъ, чунин истгоҳ дорад, вале, мутаассифона, бисёр хурд ва ба талаботи имрӯзи шаҳр ҷавобгӯ нест.
Дар саҳни бозор кормандони БДА нисбат ба 7 ронанда, ки нақлиёти худро дар пиёдароҳ мондаанд, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, рақамҳои чанд мошини дигарро, ки ронандаҳояшон набуданд гирифта, огоҳнома гузоштанд.
Ронандагони воситаҳои нақлиёт иддао доранд, ки назоратчӣ (чекчин) - и бозор аз ҳар нафар 2 сомонӣ гирифта, дар дохил иҷозат медиҳад, ки ба ҳар ҷойи холӣ, ҳатто пиёдароҳ нақлиёти худро гузоранд. Дар ҳамин ҳол, Рауф Неъматов, назоратчӣ ё пулчинаки бозор, аз қоидаи мавҷуда оид ба манъ будани гузоштани нақлиёт дар пиёдароҳ изҳори бехабарӣ кард, ки таассуфовар аст. Ҳатто, мошини худи назоратчии бозор, рақами қайди давлатиаш 6336АА01 дар рӯи пиёдароҳ монда шуда, ба рафту омади шаҳрвандон ва мизоҷони бозор халал мерасонд. 
Танҳо дар муҳлати зиёда аз як соати амалиёти “Пиёдароҳ” нозирони роҳ дар кӯчаи Н. Қарабоев нисбат ба 11 ронанда дар асоси моддаи 346 қисми 1 - и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои таваққуф кардан ва бозистодани воситаҳои нақлиёт дар минтақаҳои истиқоматӣ, ки ба ҳаракати дигар воситаи нақлиёт ва пиёдагардон монеа ба вуҷуд меоранд, инчунин, беназорат гузоштани воситаи нақлиёт) протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб доданд. Ба ҳамин монанд, чанд гурӯҳ дар дигар кӯчаҳои пойтахт даҳҳо ронандаро барои қоидавайронкунӣ протокол карданд.
Натиҷаи як рӯзи амалиёти “Пиёдароҳ” нишон дод, ки мушкили асосие, ки ронандаҳоро ба қоидавайронкунӣ, яъне гузоштани воситаи нақлиёт дар пиёдароҳҳо таҳрик медиҳад, набудани таваққуфгоҳ дар назди бисёре аз биноҳои истиқоматӣ, бозор ва дигар иншооти хизматрасонӣ мебошад. Ҳамчунин, аз меъёр зиёди шумораи воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди пойтахт аз мушкилоти умда гуфта мешавад.     
Лашкар ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.02.2019    №: 41    Мутолиа карданд: 162

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед