logo

иҷтимоиёт

ЗИНДАГӢ РАНГИ ТОЗА МЕГИРАД. БАРДОШТ АЗ ТАМОШОИ НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати  таъмини пешрафти ҳаёти иҷтимоию  иқтисодии ноҳия, амалигардонии консепсияҳо, стратегия ва барномаҳои рушд, инчунин,  тақвият бахшидани корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи Ҷашни 30  -  солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Нақшаи даромадҳои буҷети ноҳия бо назардошти   андози иҷтимоӣ ба андозаи 112 дарсад иҷро гардида, ба ҷои 10 миллиону 97  ҳазору 589 сомонии нақша ба буҷет 11 миллиону 331 ҳазор сомонӣ ворид шудааст.
- Ба мо муяссар шуд,  ки музди меҳнати кормандони  ташкилотҳои буҷетӣ, аз ҷумла нафақа ва кумакпулиҳоро, пурра пардохт намоем, - гуфт раиси ноҳия Почохон Зарифзода.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 27 миллиону 731 ҳазор сомонӣ расонда шуд. Соли сипаришуда як корхонаи саноатӣ бо 60 ҷойи кории нав мавриди истифодабарӣ қарор гирифта, айни ҳол 9 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 288 миллиону 152 ҳазор сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешӣ 9,2 миллион сомонӣ  зиёд буда, афзоиш 3,3 дарсадро ташкил дод. Дар ноҳия 3 сардхона мавҷуд аст, ки дар онҳо 250 тонна маҳсулот барои содирот нигоҳ дошта мешавад. Дар назар аст, ки дар ояндаи наздик аз ҳисоби  фонди  шарикони рушд боз 2 сардхона барои коркарди себ сохта шавад. Ба шуъбаи ноҳиявии Агентии меҳнат ва  шуғли аҳолӣ 1152 нафар  барои пайдо кардани ҷойи кор муроҷиат карда, 777 нафар бо ҷойҳои кории доимӣ, мавсимӣ ва  муваққатӣ таъмин шуданд. Барои рушди соҳибкорӣ ба  47 нафар ба маблағи 165 ҳазору 110 сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст.
Соли 2018 дар ноҳия  аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ як муассисаи таълимӣ барои 320 ҷойи нишаст ва як беморхонаи қитъавии дорои 24 кат бунёд гардид. Айни ҳол дар ноҳия 3 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ мешавад, ки  маблағи истифодашуда  640 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ 1230  метр роҳҳои маркази ноҳия ба маблағи 3  миллион сомонӣ мумфарш ва чароғон, аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ  ба маблағи 41 ҳазор сомонӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Чагам ва Саричашма 3 километр роҳҳо таъмир ва 20 аломати роҳ васл карда шудааст. Аз ҳисоби соҳибкорон бошад, 3,4 километр роҳҳои маҳаллӣ ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ сангфарш ва 3 кӯпрук таъмиру барқарор карда шуданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсони саховатпеша ба 421 нафар  ятиму бепарастор ва афроди ниёзманд ба маблағи 12 ҳазор сомонӣ  кумакҳои пулию  молӣ расонданд.
Соли гузашта  4 майдонча ва 2 толори нави варзишӣ ба истифода  дода шуд. Ҳоло 71 майдончаю 5 толори варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд.
Ҷавонони ноҳия дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори 46 медал, аз ҷумла 15 тилло, 13 нуқра ва 18 биринҷӣ гардиданд. Ёдовар мешавем, ки сохтмони варзишгоҳи марказӣ барои 6500 ҷои нишаст ба маблағи 12 миллион сомонӣ дар маркази ноҳия оғоз гардидааст ва он дар арафаи Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.
Дар ноҳия 6 ширкати туристӣ, як меҳмонхонаи замонавӣ ва 3 меҳмонхонаи хурд фаъолият доранд. Соли рафта ба ноҳия  787 сайёҳи хориҷӣ ташриф овард, ки нисбат ба соли пешӣ 200 нафар зиёд мебошад. Соли ҷорӣ дар Ҷамоати деҳоти Саричашма як меҳмонхонаи замонавӣ барои қабули сайёҳони хориҷию  дохилӣ  мавриди  истифода қарор  мегирад.
Дар маҷмӯъ, тибқи нақшаи чорабиниҳо, дар ноҳия то Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду таъмири 185 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Бо мавриди баҳрабардорӣ  қарор гирифтани иншооти ҷашнӣ симои ин диёри дурдасти кӯҳистон боз ҳам зеботар шуда, барои зиндагии шоистаи сокинон шароити созгор фароҳам меояд.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.03.2019    №: 48    Мутолиа карданд: 395
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед