logo

иҷтимоиёт

ЛАХШ СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

Рушди соҳаи сайёҳии кишвар  дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, дар ин бахш  аз ҷониби Ҳукумати мамлакат пайваста тадбирҳои судманд роҳандозӣ мегарданд. Аз ҷумла, дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Лахш ҷиҳати пешбурди хизматрасонии сайёҳӣ бунёдкориҳои зиёд ҷараён доранд.

Муқим Ҷабборзода, муовини раиси ноҳия гуфт, ки  Лахш дорои имкониятҳои зиёди  сайёҳист. Ба хотири шароити мусоид фароҳам овардан барои сайёҳони дохилию хориҷӣ дар доираи нақшаи тадбирҳо бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия  корҳои бунёдкорию созандагӣ вусъати тоза касб намуданд.
Ба гуфтаи ӯ, соли сипаришуда 40 қарори раиси ноҳия дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин қабул гардид, ки  14 адади он барои анҷом додани корҳои сохтмонӣ дода шудааст.
Ҳоло сохтмон ва таъмиру барқарорсозии 26 иншооти таъйиноти гуногун идома дорад. Бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди шабакаи равшаннамоии маркази ноҳия ба маблағи 941,9 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонда шуд.
Ҳамчунин, дар 32 иншоот корҳои сохтмонӣ ба маблағи 6 миллиону 144,9 ҳазор сомонӣ иҷро гардид. Аз тарафи бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия барои оғоз кардани корҳои сохтмонӣ 141 иҷозатнома дода шуд.
Бо оғози баҳор корҳои бунёдкорию азнавсозӣ авҷи тоза мегиранд. Роҳбарияти ноҳия барои дар сатҳи баланд доир намудани экспедитсияҳои кӯҳнавардӣ, аз ҷумла бо ҷойи хобу хӯроки гарм таъмин намудани сайёҳон ва фароҳам овардани шароити мувофиқ дар бошишгоҳҳои муваққатии онҳо кӯшиш дорад. Бо ҳамин мақсад, тавассути ҷалби соҳибкорон дар ноҳия 6 меҳмонхонаи замонавӣ ва 5 ошхонаи миллӣ бо тарҳи муосир мавриди истифода қарор гирифтаанд. Ҳамчунин, 2 ширкати сайёҳӣ таъсис дода шуд. Таъмини шароити мусоид имконият фароҳам овард, ки тайи як соли охир беш аз 1500 сайёҳ, аз ҷумла 159 сайёҳи хориҷӣ ба ноҳия ташриф орад.
Худодод ЗАЙНИДДИН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.03.2019    №: 52    Мутолиа карданд: 175
28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед