logo

ҳуқуқ

ҒАСБИ ЗАМИН ДАР КӮШОНИЁН. ҚАРОРИ ҒАЙРИҚОНУНӢ БЕКОР ШУДУ АМРИ ПРОКУРОР НОИҶРО МОНД! ЧАРО?

Як гурӯҳ сокинони Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён дар номаи дастаҷамъие ба унвони рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз бунёди ғайриқонунии хонаи истиқоматӣ ва эҳтимоли тороҷ шудани як қисми дигари заминҳои хоҷагии ёрирасон, ки дар асоси сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ба онҳо вобаста шудааст, шикоят карданд.

Дар нома, ки зери он 12 нафар имзо гузоштаанд, гуфта мешавад, ки соли 1997 бо қарори раиси ноҳия ба ҳар яки онҳо вобаста ба аъзои оила аз 0,5 то 0,20 гектар қитъаи замини ёрирасони кишоварзӣ ҷудо гардидааст. “Мо бо истифода аз ин заминҳо, ки дорои таъйиноти кишоварзист, дар як сол чанд ҳосил гирифта, ҳам дар таъмини бозорҳо бо маҳсулоти полизӣ саҳм мегирем ва ҳам ризқу рӯзии худу фарзандонамонро ба даст меорем. Вале, хабар ёфтем, ки шахсони масъули ноҳия аз заминҳои корами ёрирасон аз ҳар қитъа 20 - метрӣ ҷудо ва аз контури заминҳои мо бароварда, ҳамчун заминҳои наздиҳавлигӣ тақсим кардаанд. Айни ҳол, як нафар бо исми Хайрулло Шарипов худсарона дар заминҳои мо хона бунёд кардааст...”. Сокинон бо арзи ин матлаб чунин амалро хилофи қонунгузории замин дониста, дар ин бора ба мақомоти прокуратура ва дигар сохторҳои марбутаи давлатӣ низ шикоят кардаанд.
Хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” бо назардошти он ки истифодаи самараноку оқилонаи замин, бахусус, заминҳои корами обӣ, дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, яке аз самтҳои асосии сиёсати Ҳукумати мамлакат дар самти таъмини амнияти ғизоист, арзи шаҳрвандонро пайгирӣ намуда, ваҷҳҳои дар нома зикршударо мавриди омӯзиш қарор дод.
Суҳбат бо сокинону масъулон ва омӯзиши санаду ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи истифодаи замин нишон дод, ки ҳоло баҳси асосӣ оид ба бунёди хонаи истиқоматӣ дар яке аз қитъаҳои замини ба қавли сокинон дорои таъйиноти кишоварзӣ аз ҷониби Хайрулло Шарипов аст.
- Ин заминҳо аз ҷумлаи ҳамон заминҳоест, ки дар доираи як иқдоми хайрхоҳонаи Президенти маҳбуби мамлакат ба деҳқонон тақсим шуда буд. Ман аз баракати қитъаи замини дар ихтиёрдоштаам аз буҳрони иқтисодии оилавӣ раҳо шудам. 22 сол боз онро самаранок истифода мебарам. Вале, дар яку ним соли охир се бор аст, ки аз идораи ҷамоат омада, ин заминҳоро чен мекунанд. Онҳо гуфтанд, ки гӯё аз ҳар қитъа 20 метрии барзиёд ба мо дода шудааст. Ҳол он ки мувофиқи ҳуҷҷатҳое, ки дар даст дорем ва онро худи заминсозон доданд, ҳама бе камукост аст. Агар 20 - метриашро гирифта, барои хонасозӣ диҳанд, обрави заминҳо маҳкам гардида, кишту кор мувофиқи мақсад намешавад. Вақте мо барои ин кор муқобил баромадем, масъулон таҳдид карданд, ки сертификатҳоятонро бекор мекунем, - мегӯяд Шаҳрӣ Сафоева.
Зимнан, Садафмо Исфандиёрова, яке аз саҳмдорони замин гуфт: “Вақте Х. Шарипов мехост дар ин ҷо хона бунёд кунад, кӯшиш кардем ба ӯ фаҳмонем, ки ин кораш ғайриқонунист. Аммо, қабул накард ва гуфт, ки раиси ҷамоату дигар масъулон ҳамин ҷоро маҳали аҳолинишин гуфта ба мо доданд”.
Дар ҳамин ҳол, Хайрулло Шарипов иддаои ин гурӯҳи сокинонро рад мекунад. Ӯ дар суҳбати телефонӣ бо мо арз дошт, ки қитъаи заминро аз роҳи ғайриқонунӣ ба даст наовардааст ва дар ин масъала санадҳои зарурӣ дар даст дорад. Гузашта аз ин, ба гуфтаи ӯ, қитъаи замине, ки дар он хона бунёд кардааст, дар харитаи заминсозии ҷамоат ва дигар сохторҳои марбутаи давлатӣ ҳамчун маҳали аҳолинишин сабт шудааст. Воқеан, Хайрулло Шарипов ҳуқуқи истифодаи замини наздиҳавлигиро дар асоси қарори раиси ноҳияи Кӯшониён таҳти №17 аз 10 январи соли 2018 ба даст овардааст.
Вале, ахиран прокуратураи ноҳия дар пайи муроҷиати сокинон вобаста ба ин масъала, арзи онҳоро мавриди санҷиш қарор дода, даъвои саҳмдорони заминро асоснок ва қарори раиси ноҳия аз 10 январи соли 2018 таҳти №17 “Дар бораи додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрванд Шарипов Хайрулло” - ро ғайриқонунӣ донист. Ба ин далел, прокурори ноҳия Хусрав Миралӣ бо ирсоли пешниҳоде ба раиси ноҳияи Кӯшониён Ҷаббори Ғаффор талаб намудааст, ки қарори мазкур, бинобар ғайриқонунӣ буданаш бекор карда шавад.
Дар пешниҳод, ки нусхаи он дастраси “Ҷумҳурият” шуд, аз ҷумла омадааст: “Прокуратураи ноҳияи Кӯшониён аризаи дастаҷамъонаи сокинони Ҷамоати деҳоти Меҳнатободро дар якҷоягӣ бо мутахассисони кумитаи замини ноҳия мавриди санҷиш қарор дод. Дар натиҷа муайян шуд, қитъаи замине, ки ба шаҳрванд Хайрулло Шарипов дар асоси қарори раиси ноҳия ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудааст, 10 сентябри соли 2004 дар асоси сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таҳти № 0077709 ва № 0077710 ба шаҳрвандон Мирзохӯҷа Ҳомидов ва Садафмоҳ Исфандиёрова ҳамчун қитъаи замини хоҷагии ёрирасони шахсӣ дода шуда, аз ҳамон сол инҷониб мувофиқи мақсад истифода мешавад”. Дар идомаи пешниҳоди прокуратура гуфта мешавад, ки шахсони мутасаддии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кумитаи идораи замин ва Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод дидаву дониста, ки қитъаи замини мазкур дар тарҳи №32/5 -  и харитаи заминистифодабарии ҷамоат дар асоси сертификат ба ин шаҳрвандон бо истифодаи бемуҳлат вобаста шудааст, бори дигар қитъаи замини мазкурро бо ном ва насаби шаҳрванд Хайрулло Шарипов парвандаи заминсозӣ тартиб дода, қарори раиси ноҳияро ғайриқонунӣ ба тасвиб расондаанд, ки хилофи талаботи моддаи 37 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Омӯзиши масъала нишон дод, ки раиси ноҳияи Кӯшониён 9 январи соли ҷорӣ дар асоси пешниҳоди прокуратураи ноҳия бо тасвиби қарори нави худ қарори қаблӣ аз 10 январи соли 2018 таҳти № 17 “Дар бораи додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрванд Хайрулло Шарипов”- ро бекор кардааст. Илова бар ин, раиси ноҳия барои иҷрои амри прокурори ноҳия аз 13 январи соли 2019, №8/нр-18 “Оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва ба ҳолати аввала баргардондани қитъаи замине, ки дар масоҳати 17мм аз тарафи шаҳрванд Хайрулло Шарипов сохтмон шудааст” қарор қабул намуда, дар ҳайати 11 нафар комиссияи вижа ташкил намуд. Бар асоси банди 3 ин қарор ҳайати комиссия вазифадор шудааст, ки қитъаи замини корами обие, ки дар он хонаи истиқоматӣ бунёд шудааст, бе ҷуброни хароҷот ба ҳолати аввалааш баргардонанд.
Садафмо Исфандиёрова, яке аз муаллифони нома ба идораи рӯзнома мегӯяд, ки мо аз тантанаи адолат ва волоияти қонун дар ин самт истиқбол менамоем. Муроҷиатамон бепосух намонд ва дар асоси пешниҳоди прокурор санадҳои ғайриқонунӣ бекор шуданд. Вале, мушкил ҳамоно боқист ва кори комиссия дар мавриди иҷрои амри прокурор ҷиҳати ба ҳолати аввала баргардондани замин ба дарозо мекашад, ки боиси нигаронист. Зеро вақти киштукор кайҳо фаро расида, замин бояд мавриди истифода қарор гирад.
Дар ин робита, мо бо раиси Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод Раҷабалӣ Ҳурматов, ки узви комиссияи созмоншуда аст, вобаста ба корҳои бартарафсозӣ ва ба ҳолати аввала баргардондани қитъаи замини баҳсӣ дар тамос будем. Ӯ дар ибтидо нахост суҳбат кунад. Вале, чун асли масъаларо рӯшан кардем, гуфт, ки ҳоло ин масъаларо суд баррасӣ дорад. Ба ин далел корҳои бартарафсозӣ ба таъхир гузошта шудаанд. – Ҳоло хулосаи судро интизор мешавем ва вобаста ба он чораандешӣ мекунем, - гуфт Раҷабалӣ Ҳурматов.
Ин дар ҳолест, ки муаллифони нома ба “Ҷумҳурият” дар таъхири корҳои бартарафсозӣ Р. Ҳурматов - раиси Ҷамоати деҳоти Меҳнатободро манфиатдор меҳисобанд ва мегӯянд, ки маҳз ӯ ва дигар ҳайати комиссия то кунун ҷиҳати иҷрои амри прокурор ва дар заминаи он қарори раиси ноҳия масъулияти ҷиддӣ зоҳир накардаанд.
Бо назардошти он, ки айни масъала метавонад, дар дигар минтақаҳо низ вуҷуд дошта бошад, “Ҷумҳурият” ин баҳсро пайгирӣ намуда, аз натиҷаи то куҷо иҷро шудани амри прокурор ва қарори раиси ноҳияи Кӯшониён гузориши дигаре таҳия хоҳад кард.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2019    №: 53    Мутолиа карданд: 229

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед