logo

иқтисод

"СУМАЯ". КОРГОҲИ ЗАМОНАВӢ ДАР ЛАХШ

Солҳои гузашта таъмини хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Лахш бо либоси босифату арзон аз масъалаҳои ҳалталаб ба шумор мерафт. Волидон ҳангоми оғоз ёфтани ҳар соли хониш маҷбур буданд, ки сарулибоси мактабии фарзандонро бо нархи гарон ва сарсонии зиёд аз минтақаҳои дигари дурдаст фармоиш диҳанд. Дар бозору фурӯшгоҳҳои ноҳия ёфтани сарулибоси хуб ва ба арзишаш мувофиқ душвор буд. Ин масъаларо ба инобат гирифта, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои ташкили коргоҳи дӯзандагӣ чораи зарурӣ  андешид.

Бо мусоидати мақомоти ноҳия, ҷавонмарди соҳибистеъдоду меҳнатдӯст Фирдавс Мирзоев барои таъсиси коргоҳи дӯзандагӣ камари ҳиммат баст. Дар натиҷаи  заҳмату талоши зиёди соҳибкори ҷавон коргоҳ бо номи «Сумая» дар муддати кӯтоҳ дари худро ба рӯи мардум боз намуд. Ҳоло коргоҳи номбурда  дар ноҳияи дурдаст аз зумраи корхонаҳои фаъолест, ки дар минтақаи Рашт бо тавлиди маҳсулоти аълосифат эътибори баландро соҳиб гаштааст.
 Ба гуфтаи сарвари корхона Фирдавс Мирзоев, вақте намояндагони вазорату идораҳои марбута аз маҳсулоти онҳо дидан менамоянд, ба зудӣ бовар намекунанд, ки онро коргоҳи мазкур тавлид намудааст.
- Фикр мекунанд, ки мо маҳсулотро аз хориҷ ворид кардаем. Аммо барои бовар ҳосил намуданашон ба онҳо раванди омодасозии ҳама намуди маҳсулотро нишон медиҳем. Дар фаъолияти корхона  ба сифати маҳсулот диққати аввалиндараҷа дода мешавад. Ба ин хотир, бо кумаки роҳбарияти ноҳия ва дар доираи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид коргоҳ бо мошинаҳои замонавии дӯзандагӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Барои таъмини корхона бо таҷҳизоти муосир, аз ҷумла  дастгоҳҳои дарздӯзии "JUKI" – истеҳсоли Ҷопон ва мошинаҳои поракунию дарзмолкунӣ қариб 200 ҳазор сомонӣ сарф гардид. Ташкили корхона ҳарчанд харҷи зиёдро дар пай дошт, вале мо кӯшиш мекунем, ки дар таъмини мардуми минтақаи дурдасти кишвар бо либосворӣ ва ҷойҳои нави кор саҳмгузор бошем. Хушбахтона, тавассути таъсиси корхонаи мазкур 30 сокини маҳаллӣ, пеш  аз ҳама, бонувон  ба ҷойи кори доимӣ  фаро гирифта шудаанд, - гуфт Фирдавс Мирзоев.
Фаъолияти чашмраси «Сумая» нишон медиҳад, ки дар ноҳия барои таъсиси корхонаҳои хурди истеҳсолию хизматрасонӣ шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. Маҳсулоти  корхона ба талаботи замон ҷавобгӯ буда, аллакай  харидорони худро пайдо кардааст.  Қисми зиёди маҳсулоти коргоҳ ҷиҳати таъмини  сарулибоси хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ,  кормандони соҳаҳои тиб, роҳсозӣ ва аскарону афсарон равона шудааст. Чанд  намунаи либосҳои миллӣ ва расмӣ низ дар ин ҷо омода мегарданд.  Ҳоло масъулони коргоҳ талош доранд, ки барои тамоми қишрҳои ҷомеа хизмат  расонанд. Тавре Фирдавс Мирзоев гуфт, ӯ  мақсад дорад, ки   таҷҳизоти бештарро ба коргоҳ васл намуда,  аксар маҳсулоти дӯзандагии ниёзи мардумро бо сифати аълою  нархи дастрас тавлид  намояд  ва ба ин васила, барои занону духтарони ҳунарманди маҳаллӣ  ҷойҳои нави  кориро  фароҳам созад.
Воқеан, бунёди корхонаҳои хурди истеҳсолию хизматрасонӣ дар деҳоти кишвар барои қонеъ сохтани мардум бо маҳсулоти маҳаллӣ ва  таъсиси ҷойҳои нави кор аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати кишвар мебошанд, ки дар ноҳия бо ин мақсад, пайваста чораандешӣ мешавад. Дар ин гӯшаи дурдасти кишвар ба ташкили коргоҳҳои истеҳсолию хизматрасонӣ ҳавасмандии соҳибкорон бештар эҳсос мегардад. Умед аст, ки «Сумая» дар ояндаи наздиктарин тавассути фароҳам овардани техникаю таҷҳизоти муосир домони фаъолияташро васеътар намуда, теъдоди коргарон ва  иқтидори истеҳсолиашро  боз ҳам бештар менамояд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2019    №: 58    Мутолиа карданд: 136

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед