logo

иқтисод

КАМАРОБ. САҲМИ НАЗАРРАСИ СОҲИБКОРОН ДАР РУШДИ ДЕҲОТ

Дараи овозадори Камароб дар ноҳияи Рашт бо мардуми меҳмондӯсту табиати нотакрораш дили ҳар бинандаро тасхир мекунад. Ин аст, ки ҳазорҳо сайёҳи дохиливу хориҷӣ орзуи дидани ин диёри биҳиштосоро дорад.

Сокинони ин маҳал дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дастаҷамъона талош меварзанд.
Тавре Раҷаб Раҷабов, котиби Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода,  иттилоъ дод, соҳибкорони бонангу ор ва мардуми ин маҳал бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар ҳамаи деҳаҳои ҳудуди ҷамоат баҳри тозаю озода гардондани муҳити зист, таъмиру барқарорсозии роҳҳои мошингарди дохилӣ, сохтмони селпартоҳо, тозаю озода гардондани муассисаҳои ҷамъиятӣ, таъмири пулу сохтмони иншооти дигари ҷашнӣ камари ҳиммат баста, корҳои ободонию созандагиро вусъат додаанд.
Ба гуфтаи ӯ, тайи як соли ахир роҳи асосии ҳудуди ҷамоати деҳот аз деҳаи Бинии Сӯфиён то деҳаи Боғистон дар масофаи 18 км аз ҷониби соҳибкор Олимхӯҷа Низомов, инчунин, роҳҳои мошингарди деҳаҳои Баҳодурободу Шинглич ва Шулею Боғистон дар масофаи 13 км аз ҷониби соҳибкор Ҷунайдулло Атоев таъмир ва сангфарш гардиданд. Роҳҳои байни деҳаҳои Бинии Сӯфиён то Санги Маликӣ ва Поҷеи Боло то Шоҳиндара бо ташаббуси раисони деҳаҳо ба таври ҳашарҳои дастҷамъона таъмиру навсозӣ карда шуданд.
Ҳамчунин, бо саҳми оилаҳои Бобоҷоновҳо ва Шоевҳо корҳои созандагиву бунёдкории зиёде сурат гирифтанд. Ба истифода додани сарбанди канали обпарто дар дарёи Сорбоғ барои обёрии 10 гектар замини хоҷагии коллективии деҳаи Поҷеи Поён, кандани чоҳи амудӣ барои оби нӯшоии аҳолии ин деҳа, бунёди ду бинои иловагӣ ва таъмиру барқарорсозии бинои бунгоҳи тиббӣ, навсозӣ ва мумфарш намудани 6 км роҳи мошингарди дохили деҳаи Поҷеи Поён то шаҳраки Навобод, таъмир ва ба истифода додани селпарто дар дохили деҳа, ба истифода додани 2 трансформатор ва дар масофаи 2 км кашидани хати баландшиддати барқ, таҷҳизондани толори хурди варзиш бо таҷҳизоти ҳозиразамон, чароғонкунии дохили деҳаи Поҷе ва дастгирии ниёзмандон аз ҷумлаи корҳои хайриявии ин оилаҳоанд.
Бо ташаббуси оилаи Зиёвуддиновҳо сохтмони майдони варзиши замонавӣ дар деҳаи Шуле идома дошта, саховатпешагони дигар - Ҳ. Низомов, А. Низомов, Ҳ. Неъмонов, К. Неъмонов ва Ҳ. Эшонов дар ҷодаи кумак ва дастгирии оилаҳои камбизоат ва корҳои ободонию созандагӣ, аз қабили таъмиру барқарорсозии пули мошингузари болои дарёи Сорбоғ, таъмири роҳи мошингарди байни деҳаҳои Шулмаку Шуле, таъмири роҳ ва пули дохили деҳа, саҳми босазо гузоштаанд. Соҳибкор Сиротулло Атоев барои обёрии 6 гектар замини киштшавандаи хоҷагиҳои деҳқонии деҳаи Хоҷаалӣ  пойгоҳи обкашӣ сохта ба истифода дод.
Бо ташаббуси вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳия Ҳасан Ҳасанов ва раиси деҳаи Шулмак Саймаҳмад Замонов дар деҳаи Шулмак сохтмони сартарошхона, китобхона ва бинои намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ идома дошта, намои атрофи муассисаи таълимии № 7 ва  фароғатгоҳи деҳаи мазкур низ бо сифати баланди меъморӣ таъмиру навсозӣ гардид.
Сохтмони бинои дуошёнаи маркази хизматрасонӣ дар деҳаи Санги Маликӣ аз тарафи соҳибкор Зиёвиддин Сафаров идома дорад. Дар деҳаи Поҷеи Поён аз тарафи соҳибкор Маҳмадризо Ҳимматов чоҳи амудии оби нӯшоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар деҳаи Санги Кар бо ташаббуси раиси деҳа Иброҳим Абдураҳмонов пули мошингузар аз болои дарёчаи деҳа сохта ба истифода дода шуд ва таъмиру барқарорсозии бинои иловагии муассисаи таълимии № 31 ва таъмири роҳи деҳаи мазкур идома дорад.
Дар деҳаи Варзигон бо дастгирии соҳибкорон бунгоҳи тиббӣ мавриди истифодабарӣ қарор гирифт. Бо ташаббуси раиси деҳаи Боғистон Р. Салоҳов пойгоҳи обкашии Дашти Фарох таъмир ва барқарор карда шуд. Соҳибкорони хайрхоҳ ба ниёзмандон беш аз 286 ҳазор сомонӣ кумак расонданд.
Ҳоло дар ҳудуди деҳот 30 мағозаи тиҷоратӣ, 2 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 4 корхонаи хишти сементӣ, 4 устохонаи оҳангарӣ, 3 нуқтаи шабакаҳои телевизионӣ, 8 нуқтаи мавҷпахшкунии телефонҳои мобилӣ, дорухона, филиали «Амонатбонк», 15 муассисаи таҳсилоти умумӣ, хонаи фарҳанг, 4 китобхона, маркази саломатӣ, 8 бунгоҳи тиббӣ ва 20 фароғатгоҳ дар хизмати мардум қарор доранд.
Воқеан ҳам, сокинони деҳоти Боқӣ Раҳимзода аз қадим ободгару бунёдкоранд. Амали соҳибкорони саховатпеша, ки корҳои зиёди созандагиро ба сомон расондаанд, шоистаи таҳсин аст.
Дараи хушманзари Камароб бо манзараҳои дилфиребаш дили ҳазорҳо сайёҳони хориҷиро тасхир месозад. Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хуб мешуд, ки сокинони маҳал баҳри сайру истироҳати саёҳони дохиливу хориҷӣ дар шафати дарёи Сорбоғ бошишгоҳ, истироҳатгоҳ, меҳмонхонаю ошхонаҳо месохтанд. Дар ин сурат соҳаи сайёҳӣ рушд ёфта, ба ин васила, зиндагии сокинони маҳал ранги тоза хоҳад гирифт.
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.04.2019    №: 74    Мутолиа карданд: 186

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед