logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, 20 апрели соли 2019

Муҳтарам аҳли маорифи шаҳри Душанбе!
Омӯзгорон ва хонандагони азиз!
Имрӯз ба ифтихори Рӯзи пойтахт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани боз як муассисаи нави таълимиро ба кормандони соҳаи маорифи шаҳр, устодону омӯзгорон ва хонандагон табрик гуфта, ба шогирдони ин боргоҳи илму маърифат хониши хубу аъло, одобу ахлоқи ҳамида ва ба аҳли маориф дар ҷодаи таълиму тарбияи насли наврас барору комёбиҳо орзумандам.
Ҳамчунин, ба соҳибкори саховатманди ватанӣ барои ташаббус ва маблағгузории чунин иншооти зебову муҷаҳҳаз, ки ба насли ояндасозамон туҳфаи арзандаи идона мебошад, миннатдорӣ изҳор менамоям.
Ҳозирони гиромӣ!
Дар шаҳри Душанбе низ баробари дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ба истиқболи Ҷашни мубораку муқаддаси миллиамон – 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ нақшаҳои бузурги созанда амалӣ шуда истодаанд, ки ифтитоҳи иншооти имрӯза далели равшани татбиқи нақшаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат дар ин самт мебошад.
Ба истифода додани муассисаҳои таълимии дорои шароиту имконоти муосири таҳсилот, аз ҷумла таъминоти онҳо бо технологияҳои инноватсионӣ ва ба роҳ мондани роҳу усулҳои пешрафтаи таълим, бешубҳа, ба болоравии сатҳи донишомӯзӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии толибилмон мусоидат намуда, ҷиҳати рушди қобилияти зеҳнӣ ва навоварии насли наврас заминаи воқеӣ мегузорад.
Мактаби навбунёди рақами шаш дар муддати чор моҳи охир дар қаламрави шаҳри Душанбе панҷумин муассисаи таълимие мебошад, ки бо фароҳам овардани тамоми шароит барои таҳсил бунёд гардида, аз лиҳози ғунҷоиш ва имкониятҳои таълиму тарбия муассисаҳои таълимии пешқадам ба ҳисоб меравад.  Умуман, то охири сол боз 7 мактаби дигар бунёд гардида, дар маҷмӯъ, худи ҳамин сол барои 17 ҳазор нафар хонанда ҷойи нишаст муҳайё карда мешавад.
Бунёд гардидани муассисаи таълимии имрӯза баёнгари он аст, ки Ҳукумати мамлакат ба масъалаи таъмин намудани шароити зарурӣ барои таҳсилоти босифат ва дар ин замина, барои пешрафти соҳаи маориф таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намуда, дастгирии соҳаи мазкурро аз рукнҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ меҳисобад. Бо ин мақсад, ҳоло дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ бунёди 17 муассисаи таълимӣ барои қариб 22 ҳазор ҷойи нишаст идома дорад.
Илова бар ин, моҳи ноябри соли 2018 ҷиҳати сохтмони боз 6 муассисаи нави таълимӣ барои 14520 ҷойи нишаст санги асос гузошта шуд, ки айни замон корҳои лоиҳакашии онҳо дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, ҳамчунин, аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ 14 муассисаи томактабии хусусӣ бунёд шуда истодааст.
Бунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6, ки имрӯз ба истифода додем, моҳи октябри соли 2017 оғоз гардида, он дар натиҷаи заҳмати софдилонаи мутахассисону коргарони маҳаллӣ дар зарфи яку ним сол бо сатҳу сифати баланди меъморӣ қомат афрохтааст. Дар ҷараёни сохтмон зиёда аз 160 нафар мутахассису сохтмончиёни маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Муассисаи таълимӣ барои 2400 ҷойи нишаст бунёд шуда, аз се бинои чорошёнаи таълимӣ, 51 синфхонаи барҳаво, 38 ҳуҷраи корӣ, ҳуҷраҳои ёрирасон, инчунин, маҷлисгоҳ бо 380 ҷойи нишаст, толори варзиш, ошхона бо 160 ҷойи нишаст, бунгоҳи тиббиву дандонпизишкӣ ва китобхонаҳои анъанавию электронӣ иборат мебошад.
Ҳамчунин, дар ин муассиса ҳуҷраҳои муҷаҳҳази компютериву лингофонӣ, синфхонаҳо барои таҳсилоти иловагӣ ва ду майдончаи варзиш муҳайё карда шудаанд. Яъне, дар муассиса барои омӯзгорону шогирдон шароити сатҳи баланд бо истифода аз таҷҳизоти замонавии таълимию озмоишгоҳӣ ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ таъмин карда шудааст.
Насли наврас ва ҷавононро зарур аст, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои беҳтарине, ки Ҳукумати мамлакат барои онҳо муҳайё кардааст, пеш аз ҳама, хуб таҳсил кунанд, одобу ахлоқи ҳамидаи миллӣ, қонунияту тартиботро риоя намоянд, яъне намунаи ибрати ҳамсолони худ бошанд ва ҳамчун шахсиятҳои донишманду босавод, худшиносу худогоҳ  ва ватандӯсту ободгар ба воя расанд.
Шумо – насли хушбахти замони истиқлолият ва фарзандони Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр бояд Ватани худро сидқан дӯст доред ва барои дар оянда ба таври   шоиста муаррифӣ кардани он аз имрӯз омода бошед. Дар ин ҷода, омӯзгорон, падару модарон ва аҳли ҷомеа вазифадоранд, ки нақши худро ҳамчун тарбиятгару ҳидоятгари наврасону ҷавонон  ва бо дарки масъулият дар назди ояндаи давлат ва миллат иҷро намоянд.
Бунёди муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил барои наслҳои ояндасоз вазифаи давлату Ҳукумат мебошад. Мо дар ин самт имкониятҳои соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатмандро низ ҷалб карда истодаем. Вале истифодаи мақсадноку босамар аз чунин имкониятҳои фароҳамовардашуда аз роҳбарону масъулони соҳаи маориф, омӯзгорон ва худи хонандагони мактабҳо масъулияти баландро талаб мекунад.
Борҳо таъкид кардаам ва бори дигар хотирнишон месозам, ки бо вуҷуди муҳайё будани тамоми шароити зарурӣ ҳанӯз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот аз ҷумлаи масъалаҳои асосии ҳалталаб боқӣ мемонад.
Такроран таъкид месозам, ки баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли соҳибмаърифату донишманд, хушахлоқ ва дорои фазилатҳои беҳтарини инсонӣ вазифаи устодону омӯзгорон, падару модарон ва аҳли ҷомеа мебошад.
Итминон дорам, ки аҳли маорифи шаҳр ба кору фаъолияти ҳаррӯзаашон – таълиму тарбияи наслҳои ояндаи миллат ва давлат бо масъулияти баланд муносибат карда, шогирдони худро дар рӯҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ, эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни миллӣ ва арзишҳои истиқлолияту озодии сарзамини аҷдодӣ тарбия менамоянд.
Бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи пойтахт ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани боз як боргоҳи маърифат табрик гуфта, бароятон тансиҳатӣ, иқболи нек ва хониши хубу аъло орзумандам.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.04.2019    №: 76    Мутолиа карданд: 1095
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед