logo

иқтисод

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА.ГАРМХОНАҲО ОМИЛИ ФАРОВОНИИ МАҲСУЛОТ

Сокинони шаҳри Турсунзода дар соҳаи кишоварзӣ таҷрибаи хуби корӣ дошта, баҳри таъмини фаровонии бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти мавриди ниёзи мардум аз усули парвариши зироатҳо дар гармхонаҳо васеъ истифода менамоянд. Деҳқонони шаҳр дар натиҷаи истифодаи оқилонаи замин ва рӯёндани ҳосили баланд ҳамасола бозорҳои истеъмолиро бо сабзавоти тару тозаи барвақтӣ таъмин мекунанд.

Тибқи иттилои раёсати кишоварзии шаҳр, имсол дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ масоҳати гармхонаҳои доимоамалкунанда 17,25 гектар ва гармхонаҳои мавсимӣ 375 гектарро ташкил дод. Дар аксари онҳо парвариши сабзавот, мева ва гул ба роҳ монда шудааст. Аллакай деҳқонон дар қисме аз гармхонаҳо ҳосили аввали сабзавоти барвақтӣ, бахусус помидору бодирингро ҷамъоварӣ карда, ба бозор бароварданд. Онҳо аз имкониятҳои мавҷуда ва усулҳои нави кишт васеъ истифода бурда, кӯшиш доранд, ки маҳсули бо ранҷ парваридаашонро беталаф ҷамъоварӣ намоянд. Аз ин гармхонаҳо то ҳол 22 тонна маҳсулоти барвақтӣ истеҳсол ва  ба истеъмолкунанда пешниҳод шудааст.
Деҳқонони соҳибтаҷрибаи шаҳр бо мақсади устувории бозори истеъмолии кишвар вазифаи пурмасъулро бар дӯш гирифта, баҳри ҳар чи бештар истеҳсол намудани маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ аз ҳар ваҷаб замин пурмаҳсул истифода менамоянд. Ин аст, ки онҳо дар  ин самт сол аз сол ба дастовардҳои бештар ноил мегарданд. Хусусан, дар ин ҷода хоҷагиҳои деҳқонии “Саховат”, “Маъмурҷон 2011” ва “Доно” муваффақиятҳои бештарро соҳиб гаштаанд.
Хоҷагии деҳқонии “Маъмурҷон 2011”, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов, 8 сол инҷониб фаъолият дошта, аллакай шуҳратёр гаштааст. Масоҳати замини хоҷагии мазкур аз 1,4 гектар иборат буда, дар 30 садяки гектар гармхона ташкил карда шудааст. Ҳосили 15 садяк помидори навъи “Мадина” рӯзҳои наздик пухта мерасад. Дар 15 садяк бодиринги навъи “Милен” ва “Игел” кишт шудааст, ки алҳол ғарқи ҳосил аст. Тавре иттилоъ доданд, ин навъҳоро аз Ҳолланд дастрас менамоянд, ки сифати хеле хуб дошта, ҳосилнокиашон низ баланд аст. 
Чунонки  Акмал Қамбаров, сардори хоҷагии “Маъмурҷон 2011” иброз дошт, қариб 1 моҳ боз бодиринги гармхона ба фурӯш бароварда мешавад. Рӯзҳои аввал то 100 килограмм ва айни ҳол то 350 килограмм, ҳамарӯза, маҳсулоти тару тоза ҷамъоварӣ мегардад. Мизоҷон аз бозори “Деҳқон” - и шаҳри Душанбе бодиринги аълосифати хоҷагиро бо нархҳои дастрас харидорӣ ва пешкаши истеъмолгарон менамоянд. Дар мавсими ғунучини ҳосили сабзавот то 20 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шуда, ба ин васила сатҳи зиндагии худро беҳтар месозанд.
Деҳқонони Турсунзода тамоми фасли сол ба кори соҳаи кишоварзӣ машғул мебошанд, ки ин амал баробари афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, ҳамчунин, барои бо шуғл таъмин будани сокинони шаҳр мусоидат мекунад. Алҳол дар ҳамаи хоҷагиҳои деҳоти шаҳр баробари кор дар гармхонаҳо, ҳамчунин, корҳои саҳроӣ вусъати тоза гирифтаанд. Онҳо ба кишти зироатҳои дигар, аз қабили пахта, картошка, пиёз ва полизиҳо машғуланд. Дар маҷмӯъ кишоварзони шаҳр баҳри рӯёндани 2  ҳосил дар як сол аз як замин аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда мақсаднок истифода мебаранд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,        
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.04.2019    №: 82    Мутолиа карданд: 201

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед