logo

ҳуқуқ

 ИМТИЁЗИ БАҲСБАРАНГЕЗ. МАВЗӮЕ, КИ "ҶУМҲУРИЯТ" ПАЙГИРӢ КАРД

Ду сокини шаҳри Ҳисор Азиз Бобохонов ва Давлатёр Одинаев, ки собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ ва иштирокчии ҳимояи сохти конститутсионӣ СҲСК мебошанд, чанде қабл бо бастаи ҳуҷҷатҳое дар даст меҳмони «Ҷумҳурият» шуданд. Меҳмонон дар суҳбат бо мо аз кори нозироти андози шаҳри Ҳисор шикоят карданд, ки гӯё бар хилофи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавҷудае, ки ба иштирокчиёни ҳимояи сохти конститутсионӣ имтиёз муқаррар кардаанд, пардохти андоз аз молу мулки ғайриманқулро аз онҳо талаб доранд. Ин дар ҳолест, ки ба бовари собиқадорон, тибқи қарорҳои дахлдор, иштирокчиёни ҳимояи сохти конститутсионӣ маҳз аз ҳамин намуди андоз озод мебошанд.
- Чанд нафар ҳамсафонамон, ки дар дигар шаҳру навоҳӣ зиндагӣ мекунанд, ба мо гуфтанд, ки аз андози замин озоданд. Баъди ин мо низ се сол боз, ин намуди андозро намесупорем. Аммо аз нозироти андози шаҳр ба мо огоҳинома оид ба пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул фиристода, таъкид карданд, ки тибқи муқаррароти моддаи 45 - и Кодекси андоз шумо вазифадоред, ки талаботи қонунгузории андозро иҷро намоед. Дар огоҳинома гуфта мешавад, ки дар сурати пардохт накардани маблағи андоз тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ нисбат ба шумо ҷарима таъйин карда мешавад, - мегӯяд Давлатёр Одинаев.
Ҳамсуҳбатони мо изҳор доштанд, қаблан Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳифзи Ватан ва дастгирии ҷанговарони интернатсионалист», ки ҳоло барҳам хӯрдааст, ба онҳо шаҳодатнома додааст, ки дар он соҳиби имтиёз буданашон дарҷ шудааст. Илова бар ин, аз ин ташкилот, маълумотномаи махсус барои озод будан аз пардохти андози замин ба ҷои зисташон, Ҷамоати шаҳраки Шарораи шаҳри Ҳисор бурдаанд.
Мо барои муайян кардани воқеияти ин масъала, ки то куҷо иддаои ин шаҳрвандон асоснок аст ва иштирокчиёни ҳимояи сохти конститутсионӣ аз кадом имтиёзҳо бархӯрдоранд, бо Муҳаммад Соҳибов, устоди факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамсуҳбат шудем. Номбурда вобаста ба ин масъала гуфт: «Дар асоси Қарори Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 1993, таҳти № 312 «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шахсоне, ки баҳри ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалиётҳои мусаллаҳона (низоъҳо) иштирок намуда, дар натиҷаи ин низоъҳо зарар дидаанд, инчунин, аъзои оилаҳои шахсони мазкуре, ки парасторашонро аз даст додаанд» (дар таҳрири қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 2001, № 279 ва аз 25 октябри соли 2003, № 482) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳайати воҳидҳои низомӣ шомиланд, шахсони дар амалиётҳои мусаллаҳона (низоъҳо) баҳри ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироккарда ҳисоб меёбанд.
Ба гуфтаи ҳуқуқшинос, тибқи банди 2 - и қарори Шӯрои вазирон (дар таҳрири қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), шахсоне, ки баҳри ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалиётҳои мусаллаҳона (низоъҳо) иштирок кардаанд, ба имтиёзҳои дар қонунгузории ҷорӣ барои иштирокчиёни ҷанг пешбинишуда (ба  истиснои  имтиёз дар мавриди пардохти ҳаққи истифодаи гази табиӣ ва қувваи барқ) ҳуқуқ доранд. Ҳамчунин, дар банди 3 - и ин қарор омадааст, ки иштирокчиёни воҳидҳои низомӣ, ки дар натиҷаи ярадоршавӣ, контузия ё маъюбшавӣ ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъюб шудаанд, ба имтиёзҳои дар қонунгузории ҷорӣ барои маъюбони ҷанг пешбинишуда ҳуқуқ доранд.
Аммо, масъулони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар воқеъ, Қарори Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29. 06. 1993, № 312 шахсонеро, ки дар амалиётҳои мусаллаҳона баҳри ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок кардаанд, ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ баробаркардашуда ҳисобидааст. Вале, шахсони ба иштирокчиёни ҷанг баробаркардашударо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ветеранҳо” муайян ва ба танзим медарорад ва қонуни мазкур (фасли III) иштирокчиёни амалиётҳои мусаллаҳона (низоъҳо) баҳри ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар нагирифтааст. Қарори Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29. 06. 1993, № 312 бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» ва Кодекси андоз мухолифат менамояд. Чунки, тибқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ветеранҳо” шахсони ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ баробаркардашуда муайян шудааст ва қисми 4 моддаи 2 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонунгузории ғайриандозӣ ворид намудани муқаррарот оид ба муносибатҳои андозӣ манъ аст. Дар ин ҳолат, мутобиқ ба талаботи қисми 3 моддаи 2 кодекси мазкур барои мақсадҳои андозбандӣ муқаррароти Кодекси андоз истифода бурда мешавад.
- Бо назардошти асосҳои дар боло қайд гардида, иштирокчиёни ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳамчун шахсони ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ баробаркардашуда ба ҳисоб намераванд ва имтиёзҳои пешбининамудаи Кодекси андоз нисбат ба онҳо татбиқ шуда наметавонад. Зимнан, бо мақсади дастгирии иштирокчиёни барқарорсозии сохти конститутсионӣ, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» омода гардидааст, ки он муқаррароти баробар намудани иштирокчиёни амалиётҳои мусаллаҳона баҳри ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар бар гирифтааст. Бинобар ин, танҳо дар сурати қабул ва мавриди амал қарор гирифтани қонуни номбурда масъалаи татбиқи имтиёзҳои андозӣ нисбат ба иштирокчиёни амалиётҳои мусаллаҳона баҳри ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли худро меёбад, - изҳор медоранд масъулони кумита.
Лашкар ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.05.2019    №: 84    Мутолиа карданд: 210

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед