logo

Хабарҳо

 БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ РОҲБАРОНИ МАҚОМОТИ АМНИЯТӢ ВА ХАДАМОТИ МАХСУСИ ИДМ


Дирӯз дар пойтахти кишвар ҷаласаи навбатии Шӯрои роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамоти махсуси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Ҷаласаро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов ифтитоҳ намуда, саҳми арзандаи шӯроро дар таҳкими амният ва суботи давлатҳои иштирокдори ИДМ зикр намуд.
Директори Хадамоти федералии амнияти Россия Александр Бортников, ки ҳамзамон раиси  шӯро мебошад, дар бораи натиҷаҳои ҳамгироии хадамоти махсуси кишварҳои ИДМ, сухан гуфта, аз ҷумла иброз дошт, ки  дар ҳамкорӣ бо шарикон аз Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон фаъолияти ҳашт ячейкаи ДИИШ (ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ) ва ди-гар ташкилотҳои байналмилалии террористӣ ошкор ва пешгирӣ карда шуданд.
Бортников афзуд, ки яке аз самтҳои асосии ҳамкории Хадамоти махсуси ИДМ табодули пайвастаи маълумо-ти оперативӣ мебошад. Маълумоти дастрасгардида махзани байналмилалии маълумот оид ба муқовимат бо терроризм, махзани махсусгардондаи маълумоти Маркази зиддитеррористии ИДМ ва дигар низомҳои маълу-мотии мавриди истифодаи коллективиро пурра месозад.
Таъкид гашт, ки вазъияти тағйирёбанда такмили мунтазами амалҳои муштаракро дар самти мубориза бар зидди терроризм  тақозо мекунад.
Аъзои Шӯрои роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамоти махсуси ИДМ дар самти андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати устувор намудани ҷустуҷӯи байналмилалии ҷинояткороне, ки дар амалҳои  террористиву экс-тремистӣ даст доранд, таҳким бахшидани ҳамкориҳои хадамоти махсус  ҷиҳати роҳандозии амалиётҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ ва чорабиниҳо барои пешгирӣ аз интиқоли ҷангиён - террористон дар ҳудуди ИДМ ба мувофиқа расиданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 145

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед