logo

иҷтимоиёт

ХАЙР. АМАЛЕ, КИ ПАЙРАВӢ МЕХОҲАД

Сокини шаҳри Хуҷанд Нӯъмон Ҳасанов бо андешаи ташкили фаъолияти эҳсонкорӣ дар марҳилаи аввал дар як бинои маҳаллаи Ваҳдати маркази вилояти Суғд нуқтаеро барои  қабули сарулибоси истифодашуда таъсис дода, тариқи васоити ахбори омма аз аҳолии шаҳр даъват ба амал овард, ки ҷиҳати дастгирии оилаҳои камбизоату ятимон ва маъюбон сарулибос, пойафзол, асбобҳои ниёзи рӯзгори зиёдатии худро ба ин нуқта оварда, дар ин иқдоми хайрхоҳона саҳми худро гузоранд.  
- Бо ҷонибдорӣ аз ин иқдом нахуст фарзандони худам  чанд намуд сарулибосро шуста, бо чанд ҷуфт пойафзол ба нуқтаи қабул супурданд,- мегӯяд Нӯъмонҷон Ҳасанов. - Интизории мо тӯл накашид, баъди чанд рӯзи эълон тавассути рӯзномаву телевизион садҳо нафар  бо халтаҳои пур аз  либосу пойафзол, асбоб ва майдачуйдаҳои рӯзгор ҳозир мешуданд.
Бо гузашти се соли фаъолият имрӯз ин нукта ба як маркази бузурге мубаддал ёфта, ҳамарӯза ниёзмандон на танҳо аз худи шаҳри Хуҷанд, балки дигар навоҳии вилоят меоянд. Бино ба дафтари сабти ин марказ зиёда аз се ҳазор нафар одамони касбу кори гуногун шурӯъ аз сарулибосу пойафзол то даҳҳо номгӯй асбобҳои рӯзгору маиширо, ки ҳанӯз коршояму  дар ҳолати хуб қарор доранд, овардаанд. Барои дастрас кардани либосу анҷомҳои марказ то имрӯз наздик ба 11 ҳазор нафар шаҳравандон муроҷиат кардаанд. Соли равон рафтуои одамон дар марказ боз ҳам зиёд гашта, танҳо дар оғози соли 2019-ум 150 нафар либосу анҷоми рӯзгор супурданд. Бо мақсади васеъ кардани самтҳои фаъолият дар марказ, ҳамчунин, ба таъмири аробачаҳои маҷрӯҳон шурӯъ карданд.
- Мушоҳидаҳо нишон  доданд, ки мардуми тоҷик ҳаргиз аз амалҳои хайру эҳсон дур набудааст ва ҳамеша, сарфи назар аз мушкилоту сангинии зиндагӣ омода аст ташнаеро об диҳаду бурдаи нонеро бо ҳам бинанд ва имконе, ки дорад ниёзмандеро дастгирӣ кунад,- иброз медорад сарвари маркази хайру эҳсон Нӯъмонҷон Ҳасанов.
Ҳисси баланди башардӯстонаи мардум нисбат ба  гурӯҳҳои осебпазир аст, ки ҳоло ин ё он нафари алоҳида, ширкат, соҳибкор бо хоҳиши худ, бе нишон додани ному насаб, бидуни намоишкорӣ самимона бо пешниҳоди амволу маводи ғизоӣ ва ё молиявӣ дасти кумак дароз мекунанд. Масалан, ҷавони 25-солае ба марказ омада иброз медорад, ки ӯ омода аст аввалин маоши худро ба кори хайр сарф кунад.  Пас аз чанд муддат ду оилаи эҳтиёҷманд аз дастгирии молиявии ин ҷавон баҳраманд шуданд.  Чунин мисолҳо дар фаъолияти марказ хеле зиёд буда, ин раванд идома дорад. Хусусан, рӯзҳои иду айёму ҷашнҳо сафи нафарони эҳсонкор бамаротиб меафзояд.
Ин иқдоми маркази  хайру эҳсони маҳаллаи Ваҳдати шаҳри Хуҷанд аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дастгирӣ ёфта, аз дигар шаҳру навоҳии вилоят дархост шудааст, ки ба ташкили чунин марказҳои хайру эҳсон мусоидат намоянд.
- Сипосгузорем аз фарде, ки ин маркази хайру эҳсонро таъсис додаасту ба ниёзмандон дасти мадад дароз мекунад, - мегӯяд Нарзиддин Домуллоев, сардухтури беморхонаи деҳоти Лаккони шаҳри Исфара. - Мо низ аз марказ барои беморон сару либос гирифтем.
Дар моҳи шарифи Рамазон ба беморхонаи рӯҳии ноҳияи Зафаробод низ либос интиқол шуд.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.05.2019    №: 102    Мутолиа карданд: 334
21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед