logo

маориф

РАВЗАНАИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чанд соли охир бо дастовардҳои назаррасаш чи дар дохил ва чи берун аз кишвар мавқеи хосро касб кардааст. Вобаста ба ин Абдулқодири Раҳим, хабарнигори “Ҷумҳурият”, бо Абдулло Ҳабибулло, ректори ин донишгоҳ, доктори илмҳои физика ва математика, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор, ҳамсуҳбат гардид.

- Устод, соли сипаригардида бо Қарори Ташкилоти байналмилалии сертификати сифати аврупоии институти шветсариягӣ (Донишгоҳи Оксфорди Британияи Кабир) Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ  соҳиби иҷозатнома (литсензия) ва сертификати байналмилалии сифати Аврупо (ҷоиза) гардид. Ин иҷозатнома ва ҷоиза, ки бар пояи саҳми назарраси донишгоҳҳо дар сатҳи байналмилалӣ ва ширкати кормандон дар лоиҳаҳои таълимӣ, чопи мақолаҳо дар маҷаллаҳои хориҷи кишвар дода шуд, мавқеъ, нуфуз ва рейтинги муассисаи таълимиро боз ҳам баландтар намуд. Мехостам, аз комёбиҳои наву чашмраси донишгоҳ суҳбатро оғоз бубахшем.
- Пеш аз ҳама бояд ба таъкид арз намоям, ки дастоварди асосии ҳайати профеcсорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соли сипаригашта аз даст надодани масъулият дар корҳои таълиму тарбия мебошад. Эҳсоси масъулияти ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ аз дарки дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад, ки гуфтаанд: «Барои тарбияи тафаккури миллӣ ҳар як омӯзгор, ҳар як олим ва ҳар як шахси ба ормонҳои миллӣ содиқ масъулияти ҷиддӣ доранд».
Дар ин муддат шумораи миқдориву сифатии кормандон ва донишомӯзон афзуд. Шумораи донишҷӯён дар соли таҳсили 2018-2019 ба 9306 нафар, аз ҷумла дар таълими рӯзона 5584 ва дар таълими ғоибона 3782 нафар расид (буҷавӣ 3424 нафар, шартномавӣ 5418 нафар). Ҳоло донишгоҳ дорои 10 факулта буда, таълиму омӯзиш дар 7 бинои таълимӣ ва ду баст сурат мегирад. Дар донишгоҳ 473 нафар (аз ҷумла, 330 духтар) тибқи Квотаи президентӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки саросар бо ҷойи зист дар хобгоҳи донишҷӯён ва стипендияи ҳармоҳа таъмин мебошанд.
Ҳоло дар донишгоҳ пажӯҳандагон аз рӯйи 24 равия, 28 масъала ва 32 мавзӯи илмӣ дар риштаҳои гуногун ба корҳои пажӯҳиши илмӣ, аз ҷумла илмҳои дақиқ, гуманитарӣ ва табиатшиносӣ машғуланд. Аз 28 кафедраи амалкунанда кормандони 26 кафедра корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мебаранд. Дар ин муассисаи таълимӣ 323 нафар, аз ҷумла 18 нафар доктори илм, 2 нафар академики Академияи байналмилалии педагогӣ, як нафар академики Академияи илмҳои Федератсияи Россия ва Арбоби илму техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар  узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар узви вобастаи Академияи илмҳои педагогӣ, 10 нафар профессор, 85 нафар номзади илм (35 нафарашон дотсент), 33 нафар аспирантон (10 нафар аспиранти таълими рӯзона ва 23 нафар аспиранти таълими ғоибона), 76 нафар унвонҷӯ ба пажӯҳиши илмӣ шуғл меварзанд.
Самти дигари фаъолияти олимони донишгоҳ тайёр кардани мутахассисон аз тариқи таҳсилоти магистратура, аспирантура ва докторантура мебошад.
Дар донишгоҳ ҷамъияти илмии донишҷӯён (ҶИД) фаъолият дорад. Беҳтарин олимони ҷавон ва донишҷӯён дар ҷамъомадҳои он ширкат ва маърӯзаҳо намуда, натиҷаи маърӯзаҳои илмии онҳо бо ифтихорномаю дипломҳо қадр карда мешавад. ҶИД дар муҳокимаи мавзӯъҳои баҳсбарангез ва барои солимии ҷомеа зарур донишҷӯёни хоҳишмандеро низ, ки аъзои ҷамъият нестанд, даъват менамояд. Аз ҷумла, дар муҳокимаи мавзӯъҳои “Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ”, “Бонкҳо ва аҳамияти онҳо ба ҷомеа”, “Маҳсулотҳои қарзии бонкҳо”; “Зуҳуроти номатлуби ҷомеа - терроризм ва экстремизми динӣ”, “Ҳадафи аслии ифротгароён терроризм ва қатлу куштор аст”, “Дигарандешии солим ва дигарандешии носолим”, “Зансолории аврупоиён дар муқоиса бо тоҷикон ва эронитаборони Бостон”, “Ҷаҳонишавӣ ва таъсири он ба ҷомеа” ва ғайра донишҷӯён ва устодони зиёд ширкат варзиданд. Соли ҷорӣ 5 нафар аз аъзои фаъоли ин ҷамъият ба докторантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шомил гаштанд. 6 нафар аъзои он пас аз хатми донишгоҳ ба корҳои илмӣ машғуланд.
Ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ дар муддати як соли таҳсили 2018-2019 277 таълифоти илмӣ, 21 монография, 5 китоби дарсӣ, 12 дастури таълимӣ, 19 тавсияи методӣ нашр намуданд. Инчунин, 14 таклифу навоварӣ пешниҳод карда, соҳиби 2 нахустпатент шуданд.
- Сатҳи таъминоти донишгоҳ бо таҷҳизоти озмоишӣ – лабораторӣ чӣ гуна аст?
- Дар донишгоҳ озмоишгоҳҳо аз фанҳои оптика, радиотехника, химияи органикӣ ва ғайриорганикӣ, физикаи ҷисмҳои сахт, механика, электроника, физикаи молекулавӣ, барқ, физикаи атом, микроэлектроника, таҳлилкунии техникӣ ва моделсозӣ, назарияи лапиш ва протсесҳои мавҷӣ, дастгоҳҳои радиошунавонӣ ва телевизион, физикаи мактабӣ, методикаи таълими физика, дастгоҳҳои харротӣ, нақлиёт, саноати қаннодӣ, лабораторияи таҳлили таркиби кимиёвии обҳои ошомидании минтақаи Кӯлоб фаъолият намуда, ба қадри зарурӣ таҷҳизонда шудаанд.
Дар таълими фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ воситаҳои нави техникӣ васеъ истифода мешаванд. Озмоишгоҳҳои оптика ва радиоэлектроника, биология, химия, лингофонӣ, кабинети воситаҳои техникӣ, маркази омӯзиш, 4 синфхонаи компютерӣ фаъолият намуда, ба таври зарурӣ бо таҷҳизот таъминанд.
- Маълум аст, ки василаи асосии донишандӯзӣ китоб аст. То ҷое огоҳӣ дорем, дар донишгоҳ китобхонае бунёд гардидааст, ки дар он хазинаи пурбаҳои осори адибону мутафаккирони Шарқу Ғарб маҳфуз мебошад. Омӯзгорону донишҷӯён ба китобхонӣ чӣ гуна алоқамандӣ доранд?
- Муҳим будани китобхониро дар тарбия ва ба воя расондани насли андешагаро ба назар гирифта, Ҳукумати ҷумҳурӣ бо Амри Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ...» озмун эълон кард. Ин иқдоми хирадмандона аз ҷониби профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён якдилона ҳамовозӣ пайдо намуд. Ҳоло ин озмун дар миёни донишҷӯёни ҳама факултетҳо баргузор гардида, рӯзҳои наздик озмуни умумидонишгоҳӣ доир мешавад. Китобдӯстони мо тасмим гирифтаанд, ки дар озмуни ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гарданд.
Фонди китобхонаи донишгоҳ 278881 нусха китобро дар бар мегирад, ки аз ин шумора 62765 адад китобҳои тахассусӣ, 90495 адад китобҳои таълимӣ, 45967 адад китобҳои методӣ, 32500 адад китобҳои сиёсӣ, 35840 адад китобҳои бадеӣ ва 11314 адад дастурҳои таълимӣ мебошанд. Китобхона ба ҳама рӯзномаву маҷаллаҳои бонуфузи кишвар обуна буда, дорои утоқи  алоҳидаи матбуоти даврӣ мебошад. Бояд гуфт, ки толори хониши китобхона ҳаргиз аз китобхонҳо холӣ нест.
Дар “Китобхонаи электронӣ” зиёда аз 290330 нусха китобҳои электронӣ вобаста ба факултаҳо - ихтисосҳо вуҷуд доранд. Инчунин, дар толори хониши китобхонаи электронӣ 15 адад ноутбук ба шабакаи глобалии (шабакаи умумиҷаҳонӣ) интернет низ пайваст мебошанд.
- Аз дастовардҳои дигари донишгоҳ дар самтҳои дигар низ бо истифода аз ин фурсат мехоҳам суҳбатро идома бидиҳед.
- Бо самимияти том мехоҳам изҳор бидорам, ки ҳама пешравиҳои мо бо раҳнамоии бевоситаи Пешвои муаззами миллат вобаста мебошанд. Имрӯз саҳни фавворасону гулистони бинои пуршукӯҳу замонавии донишгоҳ – туҳфаи Пешвои муаззами миллатро муҷассамаи Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ оро  медиҳад. Соли ҷорӣ дар ҳудуди чаманзори донишгоҳ кӯдакистони ороставу зебо бо номи “Ситора” ҳамчун муассисисаи томактабӣ дар назди донишгоҳ ба фаъолият оғоз кард. Кӯдакистон асосан барои кӯдакони устодону омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ таъсис дода шуда, ҳамзамон ҳамчун базаи таҷрибавии назди донишгоҳӣ барои донишҷӯёни факултаи омӯзгорӣ, шуъбаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият менамояд.
Ба ҷуз аз ин дар донишгоҳ сохторҳои наве чун факултаи фарҳанг ва санъат, маркази таҳсилоти фосилавӣ, муассисаи такягоҳии литсей барои  хонандагони  лаёқатманд дар шаҳри Кӯлоб, маркази касбомӯзӣ дар ноҳияи Муъминобод таъсис дода шуданд.
Афзун бар ин бояд гуфт, ки қарордоди ҳамкории Донишгоҳи давлатии  Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ  бо Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов, Донишгоҳи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд, Донишгоҳи давлатии Пскови Федератсияи Россия, Донишгоҳи агротехникии Қазоқистон ба номи С.Сейфуллин, Филиали Ассотсиятсияи Каритаси Олмон дар ҷумҳурӣ, Донишгоҳи миллии Қирғизистон ба номи Ж. Баласагин, Донишгоҳи давлатии Мордовия ба номи Н. П. Огарёв, Донишгоҳи давлатии меъмории Москва, Донишгоҳи давлатии техникии Москва ба номи Э. Бауман, Донишгоҳи техникии Рига, Донишгоҳи политехникии Бухарест (ҷамъ 18 Созишнома) ба имзо расид.
Аз рӯйи квотаҳои кишварҳои хориҷӣ барои соли таҳсили 2018 - 2019 як нафар ба Академияи иқтисодиёт ва хоҷагии халқи назди Президенти Федератсияи Россия (зинаи докторантура), 2 нафар ба донишгоҳҳои Ҳиндустон, 2 нафар ба Ҷумҳурии Халқии Хитой, як нафар ба Туркия, як нафар ба Федератсияи Россия (зинаи аспирантура), дар маҷмӯъ 7 нафар барои идомаи таҳсил  сафарбар шудаанд.
Аз моҳи сентябри соли 2018 то имрӯз 3 нафар омӯзгор рисолаҳои илмиашонро дифоъ намуда, 5 нафар барои ҳимоя иҷозат гирифтанд.
Дар саросари мамлакат баҳри сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як ҷунбиши созандаву ободсоз ба миён омадааст. Вобаста ба ин мардум барои бунёди хиёбону гулгаштҳо, биноҳои маишиву истироҳатӣ ва истеҳсоливу тиҷоратӣ камари ҳиммат бастаанд. Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ низ аз ин иқдоми наҷибонаву зиндагисоз дар канор намонда, тасмим гирифтааст, ки дар яке аз кӯчаҳои маркази шаҳри Кӯлоб боғи оростаеро бунёд созад. Ҳоло сохтмони гулгашту фаввора, дарахтшинонӣ, офариниши муҷассамаҳо ва корҳои дигар шабонарӯзӣ дар ҷараён аст.
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боғ ба тавозуни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ гузаронда шудааст.
Мо бо қатъият гуфта метавонем, ки ин ҷашни бузурги ҷумҳурии азизамонро бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба таври шоиста пешвоз хоҳем гирифт.
- Дар охири ин суҳбат чӣ таманнову даъвате ба ҷавонони кишвар, ҳама донишхоҳону донишҷӯён доред?
- Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷумлаи беҳтарин ва бузургтарин муассисаи олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бо интихоби ихтисосҳои мавҷуда хоҳишмандон метавонанд соҳиби маълумоти олӣ дар равияҳои филологию фарҳангӣ, рӯзноманигорӣ, омӯзгорию равоншиносӣ, таъриху ҳуқуқ, муносибатҳои байналмилалӣ, риёзию табиӣ, молиявию иқтисодӣ, варзишию ҳарбӣ, менеҷменту саёҳат, китобхонашиносию таҳсилотӣ фарогир гардида, донишу маҳорат ва малакаҳои тахассусии хешро бо стандартҳои байналмилалии таҳсилот мутобиқ месозад. Рамзи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Маркази миллии тестӣ 111 мебошад. Интихоби Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ равзанаи фардои дурахшони ҳар як интихобкунанда хоҳад буд.
Дар поён таманнои онро мекунам, ки ҷавонони мо ҳамеша ташнаи дониш бошанд ва ҳаргиз аз ёд набаранд, ки Пешвои муаззами миллат онҳоро ояндаи миллат донистаанд. Ва чуноне дар Паёми имсолаашон таъкид намудаанд: «Миллат бояд босавод бошад!».


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.06.2019    №: 105    Мутолиа карданд: 75

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед