logo

иҷтимоиёт

ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. АКСАРИ ЛАГЕРҲО БА ҚАБУЛИ МАКТАБИЁН ОМОДА НЕСТАНД!

Истироҳати тобистонаи мактаббачагон имсол 15 июн оғоз меёбад. Дар ин мавсим лагерҳои “Шоҳин”, “Барқчиён”, “Шарора”, “Файзи истиқлол” ва “Ширкент” бо беҳтарин шароит дари худро ба рӯйи хонандагон боз хоҳанд кард. Аммо дар дигар лагерҳо корҳои таъмиру навсозӣ ҳанӯз анҷом наёфтаву кушода шудани дари баъзеяшон, бинобар камбудиҳои ҷиддӣ, зери суол аст.
- Баъд аз ба тасвиб расидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон дар соли 2019» Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон барои дар сатҳи зарурӣ гузарондани истироҳати хурдсолон тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст, - иброз дошт  Нигора Назарзода, муовини аввали раиси федератсия. - Нимаи дуюми моҳи май аз ҳисоби аъзои ситоди «Тобистон – 2019» ду гурӯҳи корӣ таъсис ёфт, ки онҳо истироҳатгоҳҳои мавзею дараҳои Ширкент, Алмосӣ, Ромит, Қаратоғ, Варзоб ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро  мавриди санҷиш қарор доданд. Санҷишҳо нишон доданд, ки сарфи назар аз хуб ҷараён доштани корҳои навсозиву бунёдкорӣ дар баъзе аз иншоот, ҳолати аксари истироҳатгоҳҳо ташвишовар боқӣ мемонад.
Нагирифтани хулосаи мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва бехатарӣ аз сӯхтор, тоза накардани гирду атрофи истироҳатгоҳҳо аз партов, зиёд гаштани алафҳои худрӯй, нагузарондани таъмири ҷорӣ, бартараф накардани оқибатҳои офати табиӣ дар қисме аз иншоот, панҷарабандӣ нашудани лагерҳое, ки дар соҳили рӯдҳо ҷойгиранд, аз мушкилоте мебошанд, ки қариб дар ҳамаи фароғатгоҳҳо ба назар мерасанд.
Барои мисол, лагери «Ҷавонӣ» - и назди пансионати Қаратоғи ноҳияи Шаҳринав ба қабули мактабиён тамоман тайёр нест. Бинои истироҳатгоҳи «Чангоб» - и ноҳияи Ҳисор, ки имсол 1000  истироҳаткунандаро ба оғӯш мегирад, бо вуҷуди таъмири ҳарсола фарсуда гашта, қисман дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.
Ғайр аз ин, лагерҳое, ки дар соҳили рӯдҳо воқеанд, панҷарабандӣ нашудаанд, ки бо чунин вазъ амнияти кӯдакон аз хатари дарё зери суол меравад. Ҳамчунин, ҳавзҳои шиноварӣ қобили истифода нестанду ҳуҷраҳои либосивазкунӣ надоранд. Ин қабил норасоиҳо дар лагерҳои “Чангоб” - и шаҳри Ҳисор ва «Ҳамсафар» - и шаҳри Ваҳдат ба мушоҳида мерасанд.
Дар истироҳатгоҳи «Орбита» - и ноҳияи Варзоб, ки бар асари боришоти тӯлонӣ ва фуромадани сел зарар дидааст, корҳои барқарорсозӣ то ҳол шурӯъ нагардидаанд. Инчунин, дар ноҳия ҳоли табоҳи лагерҳои як замон машҳури «Зимчурӯд» ва «Обшорон» касро нигарон месозад. Ин мавзеъҳо аз раванди навсозӣ дур монда, ҳатто ягон шахси мутасаддиро дар онҳо пайдо кардан мушкил аст. Гузашта аз ин, лагери «Орзу» - и ноҳияи Ховалинг ба рӯйхати Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ворид шуда бошад ҳам, дар асл вуҷуд надорад. Истироҳатгоҳи «Офтобак» - и шаҳри Норак аз ҳисоби мақомоти маҳаллӣ маблағгузорӣ шавад ҳам, дар он шароити зарурӣ фароҳам наомадааст. Кор ба дараҷае расида, ки катҳои хоби кӯдаконро масъулони “ғамхор” дар саҳни истироҳатгоҳ гузоштаанд!
Ҳамин тавр, то оғози таътили тобистонаи мактаббачаҳо рӯзҳои башумор монда бошанд ҳам, то ҳол дар аксари лагерҳо шароити будубоши кӯдакон пурра муҳайё нагардидааст. Ин дар ҳолест, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон дар соли 2019» мебоист истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, варзишӣ ва солимгардонӣ то 20 майи соли ҷорӣ ба қабули хонандагон пурра омода мешуданд. Суоли матраҳ ин аст: чаро мутасаддиён дар иҷрои рисолати аслии худ нисбат ба насли наврас бемасъулиятӣ зоҳир мекунанду роҳбарони Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои дигари масъул ба ин вазъ аз пушти панҷа менигаранд?
Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.06.2019    №: 106    Мутолиа карданд: 203

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед