иҷтимоиёт
АЗ АҲВОЛИ ЯТИМОН ОГАҲ АСТ Ӯ
Мо – мардуми кишвар борҳо шоҳид гардидем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафарҳои кориашон ба минтақаҳои гуногуни кишвар аз аҳволи ятимон, хонаҳои бачагону маъюбон дидан мекарданд. Ба ин гуна одамон бо баргузории суҳбату вохӯриҳо сарулибос, ашёи хониш туҳфа менамуданд. Хони пурнозу неъмат густурда, табъи онҳоро болида мегардонданд. Ин аз инсондӯстӣ, халқпарварӣ ва дилсӯзии Сарвари давлат гувоҳӣ медиҳад.
Албатта, ҳамаи ин амалҳои нек дар хотираи одамон боқӣ мемонанд, дар саҳифаҳои таърих бо хати заррин сабт мешаванд. Президенти мо аз рӯи панди «Некӣ куну ба дарё андоз» амал карда, ба дигарон дар ин самт намуна гаштаанд.
Инак, боз беш аз 80 нафар кӯдакро аз ба ном "Давлати исломӣ" - и Ироқу Шом ба Тоҷикистон овардаанд. Онҳоро ятим гуфтан месазад, чунки падару модаронашон фирефтаи найрангҳои хоҷагони зархарид гашта, дар мулки бегона ҳалок гаштаанд, ё аз баҳри фарзанди худ баромадаанд. Акнун, давлат онҳоро парвариш мекунад, ба воя мерасонад, таълиму тарбия медиҳад ва баъзе оилаҳо иддае аз онҳоро ба фарзандхонӣ қабул мекунанд…
Ҳар як одам бояд ятимпарвар, халқпарвар ва раҳмдилу бошафқат бошад. Охир, ин гуна кӯдакон ташнаи меҳру навозиш, ташнаи парастиш ва ёрию ғамхорӣ мебошанд. Ба касе, ки дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ мекунад, аз тарафи Яздони пок аҷру савобаш дода мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон ҳам садҳо маротиба чунин амали некро анҷом додаанд, ки шуҳраташонро афзудаанд. Ба туфайли заҳматҳои некашон обрӯю нуфузи Тоҷикистон низ бештар гашта истодааст. Мо ин амали неки Сарварамонро фаҳмида, хеле шод гаштем.
Дуогӯи онем, ки дигар кӯдакону фарзандони шаҳрвандони мо ба мулки ғарибӣ наафтанд ва дучори азобу машаққат нагарданд.
Гурӯҳи эҷодии рӯзномаи «Нури маърифат» - и ДДХ ба номи Бобоҷон Ғафуров
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.06.2019 №: 110 Мутолиа карданд: 327