logo

Хабарҳо

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

Дар қасри Ҳофбурги шаҳри Вена таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Форуми ҳамкории амниятии САҲА доир гардид, ки ба масъалаҳои марбут ба мудирияти захираҳои силоҳи сабуки оташфишон ва захираҳои муҳимоти муқаррарӣ дар Осиёи Марказӣ бахшида шуда буд.
Сардори раёсати қӯшунҳои муҳандисии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саёрабек Бачабекзода оид ба таҷрибаи ҳамкории мақомоти низомии кишвар бо САҲА ва дигар шарикони байналмилалӣ дар таҳия ва татбиқи Барномаи мудирияти захираҳои силоҳи сабуки оташфишон ва муҳимоти муқаррарӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 2004 – 2009 иттилоъ дод.
Таъкид гардид, ки дар доираи барнома 26 ҳазор мил силоҳи сабуки оташфишон ва 34 тонна муҳимоти ҷангӣ маҳв шуда, 9 анбори махсуси нигоҳдории силоҳи сабуки оташфишон ва муҳимоти муқаррарӣ бунёд ва 60 анбори силоҳ таъмиру навсозӣ гардиданд.
Айни замон Тоҷикистон бо САҲА дар амри гузариши пурраи Вазорати мудофиаи кишвар ба низоми электронии баҳисобгирии захираҳои силоҳи сабуки оташфишон ва муҳимоти низомӣ ҳамкории судмандро ба роҳ монданд.
Тазаккур дода шуд, ки ҷиҳати тавсеаи фаъолият дар ин раванд Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо мавриди татбиқ қарор дорад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 258

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед