logo

фарҳанг

ОЧАКАЛОН

Мом (очакалон) - ин истилоҳ дар фарҳанги забони тоҷикӣ як маънӣ дорад - модар. Ҳар гоҳе ки сухан дар бораи модар меравад, маро хотир парешон, дил ранҷур ва ҳузн афзун меояд. Аслан, то ба ҳол бо шукрона ба сар мебарам, ҳар он чийе, ки дорам, атои Парвардигор аст. Бар чизеву бар касе, бар давлату сарвате, ба ҷоҳу ҷалол ва ба салтанати афроде на ҳасад мебараму на ҳавас мехӯрам, ба ҷуз як чиз…

Ҳасад ба нафароне мебарам, ки болои сар модар – оча доранд. Ҳавас мехӯрам, ки эшон ҳар шому саҳар аз дидори мубораки модар баҳраманд шудаву ё ки, ақаллан, дидори ӯро, ба қавле, ба серӣ дидаанд (ҳарчанд ки ин номумкин аст )…
Ҳасанот ба ҷавонмардоне, ки ба моми солрафтаи хеш арҷ мегузоранду нозу нуз ва ғашии кӯдаконаи ӯро ба дида мебардоранд. Ба ҳеҷ ваҷҳ озурда намегарданд, ки модар домони гилаву гузор меафшонад, худро роҳату бачаҷонҳои худро нороҳат месозад, мисли тифли навзод инҷиқиву ғаш мекунад, ноз мебарад…
Бист сол аст, ки шеъри дилнишинеро пеши назар дорам. Он сурудае дилнавоз «Модари кампири ман» ба шоири равоншод, ҷавонмарди воқеан ҳам некманиш, дӯсти ҳамватан Тӯлқин Хоҷа тааллуқ дорад. Эй кош очаҷони ман ҳам маро нороҳату худ роҳат мекард.

…Гоҳ мегирад хумори духтараш,
Гоҳ мегирад хумори хоҳараш.
Ҳар куҷо хоҳад, равам ҳамроҳи ӯ,
Мерасонам бар ҳама дилхоҳи ӯ…

Рӯи чашми ман мақоми модарам,
Дар даҳони ман лаҷоми модарам.
Мон, маро бозонда гардад бо дилаш,
Сӯ ба сӯ тозонда гардад бо дилаш.

Ян нафас мондаст вақти монданаш,
Бар сари ман давру даврон ронданаш.
Як нафас, мон, ҳар чӣ мехоҳад кунад,
Карда нороҳат маро роҳат кунад.

Бори нахуст ин шеърро соли 2001 мутолиа намудам. Шеъри фаҳмо, ба назар сода ва бас дилнишин. Пас аз хондани ин шеър ба ақлу тамиз, дарёдилӣ ва ҷавонмардии шоир қоил мондам ва эҳтиромам нисбати ин эҷодгари маҳбуб афзун гашт. Танҳо нафари бо дили пок метавонад чунин шеъре эҷод намояд. Аҳсант…
Аммо, мани сағира (ятим, ба қавли мо) аз нуҳсолагӣ аз меҳру шафқат ва меҳрубониҳои модар маҳрум мондам. Аз дидори очаҷон сер нагаштам, ки нагаштам. Инак, 53 соли расост, ки дар симои ҳар як бонуи хушрӯ ва духтарони парирух симои модарамро меҷӯям. Танҳо ҳамин қадарашро медонам, ки модари ман мисли ҳамаи бонувони авлоди бузурги Ҳайдарбойиҳои кангуртӣ хушрӯ буд. Монандаш олиҳаеро то ба ҳол надидаам…
Шукр, ки имрӯз дастгоҳҳои аксгирӣ фаровон асту метавон сараку дараҳоро моломоли акс кард, аммо солҳои 60-уми асри гузашта дар деҳоти кӯҳистон чунин имконият набуд. Нахуст, бар он ҷурм, ки , аксаран, як ноҳия як суратгирхона дошт ва он ҳам дар марказ. Инаш дарди бахайр, лек аксгирии бонувони кӯҳистон (то замони бар ҳаёт будани модарам), ғолибан, мамнӯъ буд, (ҳарчанд имрӯз ин хандаовар менамояд).
Аз ин рӯ, то ба имрӯз аз модар ягон сурат, аксе надорам, ки бо дидан лаҳзаяке хумор бишканам…
Аз ин хотир, мегӯям, ки эй бародарон, хоҳарони хушрӯ модарони дилу ҷони хешро азиз бидоред, ки онҳо аз нафарони нестандарҷаҳонанд. Шукрона кунед, ки болои сар модар доред ва ин бароятон бахти калон аст. Наозоредашон, ки сахт вубол аст. Модар бузург аст, эҳтиромашро ба ҳар ду дида бубардоред. Нашавад, ки баъд аз гузашти эшон мушт бар сару фарёд ба афлок бизанед, ки он лаҳза дигар суде ба бор намеояд.
Аз хурдсолӣ чанд бонуи ба моми хеш монандро медонистам. Нахуст, ин ҳамсари тағоии хурдӣ, янгаи азизу ғамхорам Қурбоной (аз бунаи авлодамон), ки ҳар бори аз интернат ба деҳа омадан, мекӯшидам лаҳзаяке ӯро бубинам...
Баъдӣ бонуе аз ҳамсоядеҳ (аз рустои Пушинг), ки сахт ба модарам монанд буд. Ин бонуи хушрӯро ҳамагӣ як бор, дар хонаи тағоии Алихонам, дар рустои Алиҷон дидааму халос. Он бону бо аҳли хонавода (ҳампешаи тағоям) ба меҳмонӣ омада буданд.
Дигарӣ ба мактаб-интернати № 1-и шаҳраки Данғара иртибот дошт. Дар ин парастишгоҳ Шер Манон ном муаллиме буд, ки бо аҳли оилааш дар қарибии интернат мезист. Ҳамсари муаллим бонуи нуронӣ, хушрӯ ва ситорагарме буд, ки аз рӯи тасаввурам модарамро мемонд.
Инак, имрӯз ба моми бузурге бо умеду эҳтироми хоса дида медӯзам. Ӯ ба ҳама дӯстдориву эҳтиром лоиқ аст. Аз он рӯ, ки маро падару модар ва хусуру хушдоман, ҳама аз як буна – авлоди Ҳайдарбойиҳои кангуртианд, ин бонуи муҳтарамро хола ном мебарам. Зеро ӯ, аввалтар аз ҳама, хеши очаҷонам аст. Ва баъд, хуш ҳам мегӯянд, ки «хола ба ҷои модар аст». Холаи Хуросон (аҷаб номи дилнишине) бонуи пурҳунару ғамхор, солори пуртамкин, донишманду порсо ва гармрӯест. Бо як дидан, ба ин очакалон меҳр мебандӣ…
Адиби бузурги асри ХХ Алексей Максимович Горкий барҳақ фармуда: «Таъзим мекунем ба зан, ки вай пай дар пай ба мо бузургонро ба вуҷуд меорад. Арасту фарзанди ӯст, ҳам Фирдавсӣ, ҳам Саъдии забонаш чун асал ширин, ҳам Умари Хайём, ки каломаш табъи шароби заҳромехта дорад, ҳам Искандар ва ҳам Ҳомери нобино – ҳама зодагони ваянд.
Ҳама шир аз пистони вай хӯранд. Ва ҳангоме ки қади онҳо аз лола баландтар набуд, вай дасти ҳар кадомро гирифта, ба олам овардааст. Тамоми ифтихори олам аз модарон аст…».
Аз синфи панҷумӣ падар маро (баъди вафоти модар) ба мактаб - интернати № 1 - и шаҳраки Данғара супурд ва гоҳ-гоҳе ба хонаи хешовандони данғарагиамон мебурд. Бори нахуст дар 12 ё 13 - солагӣ холаи Хуросонро дида будам, зани чаққони кушодачеҳраи тозакори ширинрӯ. Аз ҳамон овон ин бонуи заҳматкаши пешаварро аз ёд набурдаам. Хушбахтона, аксашонро дар чандин маҷмӯаҳо мақом додаему он китобҳо дар кошонаам маҳфузанд. Ҳар гоҳи дидани холаи Хуросон, ҳарчанд имкони зуд-зуд диданашонро надорам, лаҳзаяке меосоям, ҳузур мебарам, ба назар гӯё модари хешро дида бошам.
Хуш ба ҳоли касе, ки модар болои сар дорад. Шукронаи беҳад аз буданашон…
Охир дили модар мисли офтоби рӯи сари гандумзорҳои Данғара гарму ҷонбахш аст ва оғӯши зиндагипарвараш инсонро ба воя мерасонаду мепазонад. Ҳарорати дил ва гармии оғӯши холаи Хуросон низ дар ҳастии фарзандонаш таҷаллӣ мекунад. Шукрона, ки ман низ ин гармии меҳри холаҷонро дар ҷон ҳис мекунам, мисли гармии дили Хуросони бузург, ки моми мо – тоҷикон аст.
Умари ШЕРХОН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.06.2019    №: 117    Мутолиа карданд: 235

22.07.2019


МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. Қонуншиканиҳо ҳанӯз зиёданд

ТАҲСИЛОТИ САЛОҲИЯТНОК ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ЗАМИН. Камбуди оби полизӣ мушкили ҳалталаб боқӣ мемонад

Гилерми: «Тоҷикон соҳиби кишвари афсонавианд»

Швейтсария дар Тоҷикистон бонк мекушояд

Ҷаҳон дар як сатр

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед