logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

21 июн дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки нахуст Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2019 баррасӣ ва қабул гардид.

Сипас, оид ба ҷараёни иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, № 302, “Дар бораи дастгирии давлатӣ ва андешидани тадбирҳо оид ба солимгардонии вазъи иқтисодию молиявии Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи тоҷик" вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода ҳисобот дод.
Тавре таъкид гардид, рушди соҳаи энергетика, яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат ба ҳисоб рафта, солҳои охир вазъи ин соҳаи афзалиятнок бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадриҷан, беҳтар гардидааст ва дар натиҷаи ин дастгириҳо соли 2018 дар Тоҷикистон 19,7 миллиард кВт - соат неруи барқ истеҳсол шудааст.
Зикр гардид, ки дар натиҷаи амалӣ гардидани нақшаи чорабиниҳо оид ба кам кардани талафоти неруи барқ дар давраи солҳои 2014 - 2018 сатҳи талафоти неруи барқ аз 17,3 фоиз дар соли 2014 то ба 15,5 фоиз дар соли 2018 коҳиш ёфта, дар ин давра ҳаҷми фоиданоки неруи барқ дар бозори дохилӣ зиёд гардид ва ҷамъоварии маблағ аз 1 миллиарду 40 миллион сомонии соли 2014, дар соли 2018 2 маротиба зиёд ва ба 2 миллиарду 79 миллион сомонӣ баробар шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, боз ҳам беҳтар намудани ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда, коҳиш додани сатҳи талафоти неруи барқ, ба пуррагӣ гузаштан ба низоми муосири биллингии ҳисоби барқ ва баҳисобгирии неруи барқи таҳвилшаванда аз зеристгоҳҳои барқӣ то муштарии охирин таҳти назорат қарор дода шавад.
Қарор шуд, ки Вазорати энергетика ва захираҳои об, Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика ва Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» ҷиҳати муайян намудани андозаи воқеии талафоти неруи барқ, кам намудани он ва бо истифода аз низоми биллингӣ барои зиёд намудани ҳаҷми ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда чораҳои мушаххас андешида, аз натиҷааш ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
Доир ба дигар масъалаҳои рӯзномаи корӣ, аз ҷумла дар бораи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 - 2025 вазири маориф ва илм Нуриддин Саид, дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019”, оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хазинадорӣ” ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода, оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон гузориш доданд.
Баъди муҳокимаи аъзои Ҳукумати мамлакат, лоиҳаҳои қонунҳои мазкур барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ирсол карда шуданд.
Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат, ҳамчунин, лоиҳаҳои як қатор созишномаҳои байниҳукуматии Тоҷикистон бо дигар кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Доир ба дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис, аз ҷумла Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2019 - 2022 вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода, дар бораи тарифҳои неруи барқ ва гармӣ ва дар бораи Методологияи ҳисоби тарифи неруи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ Икромиддин Вализода ва дар бораи Нақшаи генералии шаҳри Роғун раиси шаҳри Роғун Музаффар Сулаймонзода гузориш доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо ва раисони шаҳру ноҳияҳо барои иҷрои бетаъхири масъалаҳои дар маҷлис баррасишуда, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дастуру супоришҳои дигар барои вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъоварии беталафи ҳосил, захираи кофии хӯроки чорво, таҳкими корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода, ташкили истироҳати босифати кӯдакону наврасон дар лагерҳои истироҳатию фароғатии мамлакат ва омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовори ҷашну идҳои дарпешистода дода шуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди натиҷагирӣ аз баргузории Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки рӯзҳои 14 - 15 июни соли ҷорӣ дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе доир гардид, ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҳамаи сохтору мақомоти он барои дар сатҳи баланди ташкиливу омодагӣ ва дар муҳити ободу ором гузарондани чорабинии зикршудаи байналмилалӣ изҳори сипос карда, бахусус ба сокинони шаҳри Душанбе, ронандагони воситаҳои нақлиёти ҷамъиятиву шахсӣ ва дигар сохторҳои хизматрасонӣ барои масъулияти баланди шаҳрвандӣ, одоби баланди муошират, фарҳанги волои меҳмондориву меҳмоннавозӣ ва хизматрасонии босифат ба ҳайати меҳмонони Тоҷикистон миннатдории бепоён баён намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи тадбирҳои ободониву сабзу хуррамгардонӣ, истиқболу гусели пуршукӯҳи меҳмонони олиқадр изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид намуданд, ки дар сатҳи баланд баргузор шудани ин чорабинӣ натиҷаи заҳмату талоши тамоми сохторҳои шаҳрӣ ва саҳми арзишманди сокинони пойтахт мебошад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.06.2019    №: 118    Мутолиа карданд: 139

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед