logo

сиёсат

ВАҲДАТ ДАСТОВАРДИ БУЗУРГ ВА МУҚАДДАС

Роҳ ба сӯи сулҳу ваҳдат барои Тоҷикистон осон набуд. То оғози музокирот як таҷрибаи санҷидашудае вуҷуд надошт. Сарвари ҷавони давлат Эмомалӣ Раҳмон он вақт танҳо ду ситораи қутбнамо дошт - яке Конститутсия, дигаре иродаи устувори сулҳхоҳонаи халқи Тоҷикистон.

Барои миллати тоҷик Рӯзи Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин санаи таърихист. 27 июни соли 1997 ба шарофати хиради азалии тоҷикон дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид ва ҳамин тавр, ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ миёни фарзандони як миллат хотима гузошта шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон дар Конфронси байналмилалӣ бахшида ба панҷумин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва намунаи ибрати он барои Афғонистон 17 июни соли 2002 чунин гуфта буданд: “ 27 июн, бешубҳа, дар таърихи мамлакати мо ҳамчун санае сабт хоҳад ёфт, ки фоҷиаи аз сар гузарондаи мо,  зарурати ҳамеша ҳифз намудани сулҳу осоиш ва таҳкими ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти мамлакатро хотиррасон месозад”.
Музокирот бо мухолифин аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997 дар Афғонистон, Покистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Туркманистон давом кард. Барои ба сулҳу субот расидан 9 давраи музокирот, 6 мулоқоти сарон ва 21 музокироти ҳайатҳо сурат гирифт, 40 санад ба имзо расид, ки тақдири ояндаи давлати тоҷикон ва таъмини сулҳу салоҳро дар Тоҷикистон ҳал намуд. Сарзамини Тоҷикистон пур аз ганҷ аст, аммо барои давлату миллати тоҷик аз ваҳдати миллӣ дида гаронбаҳотар ганҷе нест!
Бино ба маълумотҳо, ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ ба иқтисодиёти кишвар ба миқдори беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зарари моддӣ расонд. Чанд ҳазор шаҳрвандони  Тоҷикистон қурбон шуда, зиёда аз 30 ҳазор хонаҳои истиқоматӣ сӯзонда, биноҳою иншоот, корхонаю фабрикаҳо, муассисаҳои тиббӣ, маориф ва идораҳои давлатӣ хароб гардида, 55 ҳазор кӯдак ятим монд.
Бо имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар они як вақт Тоҷикистон ба сулҳу субот нарасид. Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон лозим омад, ки барои таъмини сулҳи сартосарӣ, фазои боварӣ ва эътимод ба ҳамдигар, аз байн бурдани кину адоват, бадбинӣ ва даргириҳои мусаллаҳона, фаҳмондани ҳадафҳои сулҳ ва ваҳдати миллӣ, халъи силоҳ намудан ва дар амал татбиқ намудани созишномаи имзошуда, таъмини заминаи мусоид  барои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ба меҳнати вазнини шабонарӯзӣ шурӯъ намояд.
Қувваҳои посдори сулҳи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, миёнаравиҳои самарабахши Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони конфронси исломӣ, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх барои барҳам додани муноқишаи тоҷикон нақши калоне бозиданд. Миллати тоҷик таҳдиди аз байн рафтани давлатро эҳсос намуда, дар атрофи фарзанди фарзонаи худ Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, давлати миллии худро, ки натиҷаи орзую ормонҳои ҳазорсола буд, аз хатари парокандашавӣ эмин нигаҳ дошт.
Аз рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таърихи давлати тозаистиқлоли тоҷикон марҳилаи сифатан нав оғоз гардид. Ба даст омадани сулҳу субот ва ибтидои раванди ваҳдати миллӣ барои ташкили ниҳодҳои давлатӣ ва мустаҳкам намудани онҳо шароити мусоид ба миён овард. Раванди сулҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки дар самтҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ дигаргуниҳои мусбат ба вуҷуд биёрад. Ҳисси ифтихори миллӣ, худогоҳию худшиносӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ ба пояи сиёсати давлатӣ бардошта шуд. Ҳар соли сипаришуда ба умри сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон соле зам мекунад. Ва аҳамияти ин санади тақдирсоз бо гузашти солҳо беш аз пеш меафзояд. Бисту ду соли сипаришуда маълум кард, ки барои давлати тоҷикон ва миллати тоҷик неъмати азизтар ва бузургтаре аз ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа чизи дигаре вуҷуд надорад.
Имрӯз авзои ҷаҳон ноором аст. Дар Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Миср, Афғонистон муноқишаҳо идома доранд. Ҷанг дар ин давлатҳо боиси пайдо шудани ҳазорон гурезаҳо гардидааст. Мо - тоҷикону тоҷикистониён ҳамеша бояд дар хотир дошта бошем, ки чунин рӯзҳои сахту сангинро аз сар гузарондаем.
Дар ҷаҳони имрӯз ифротгароӣ ё экстремизми динӣ, терроризм ба рӯйдодҳои ҷаҳонӣ табдил ёфта истодаанд. Гурӯҳҳои террористии “Ал-Қоида”, “ДИИШ”, ТЭТ ҲНИ ва ғайра ба амният ва ваҳдати миллии Тоҷикистон таҳдиди бевосита доранд ва кӯшиш менамоянд, ки амнияту суботи Тоҷикистонро осебпазир намоянд. Нуфузи ин ташкилотҳои террористӣ рӯ ба афзоиш аст. Ниҳоди террористии ба ном “Давлати исломӣ” кӯшиши зери тасарруф гирифтани минтақаҳои нав ба нав дар кишварҳои гуногунро дорад, паҳншавии ғояҳои тундгароӣ дар Афғонистони ҳамсоя моро ҳушдор медиҳад, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошем, гирифтори дасисаву фиреби бегонагон нашавем, ваҳдату суботро боз ҳам устувортар гардонем.
Мардуми Тоҷикистон ғояҳои ифротгароёнаи ташкилотҳои экстремистию террористиро қабул надоранд ва ба хотири амну суботи кишвар саъю талош меварзанд. Ташкилотҳои экстремистӣ миёни мардум замина надоранд ва ваҳдати миллии мамлакатро халалдор карда наметавонанд.
Таҷрибаи талхе, ки миллати тоҷик аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба даст овард, ба такрори воқеаҳои гузашта роҳ намедиҳад ва ин таҷриба, ин дарси таърих кафолати ваҳдати миллӣ, якпорчагии Ватан ва пешрафти иқтисодӣ,  иҷтимоию фарҳангии кишвар ҳаст ва хоҳад монд.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик танҳо ба сифати як ҷашни тақвимӣ нест, балки фаротар аз он, саҳифаи таърихест, ки ба ивази заҳматҳои бузурги маънавӣ, қурбониҳои зиёди ҷонӣ, машаққат ва сабру таҳаммули беқиёс насиби тоҷикон гардидааст.
Дар ҳар давру замон фарзандони фарзона сулҳро барои халқу давлаташон пойдор нигоҳ дошта, онро ба тафаккури аҳли ҷомеаашон ҷой карда тавонистаанд. Дар замони Каёниён Ҷамшед, дар замони Сомониён Исмоили Сомонӣ ва дар замони мо поягузори давлати соҳибистиқлоли миллӣ  Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи шахсиятҳои бузургеанд, ки сулҳу салоҳ ва ваҳдатро дар давлатҳояшон пойдору барқарор нигаҳ дошта тавонистанд.
Баҳри пойдории ғояҳои ваҳдати миллӣ дар кишвар талоши ҳамешагии шаҳрвандон, зиёиён, диндорон, кормандони васоити ахбори омма, шоирону нависандагон , ҷавонон, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва падару модарон лозим аст. Ҳоло ки Тоҷикистон ба марҳалаи рушди устувор ворид шудааст, андешаи ҳукмрон дар ҷомеа бояд андешаи сулҳу салоҳ, амнияту субот ва ваҳдати миллӣ бошад. Танҳо дар ҳамин сурат давлату миллати тоҷик соҳиби рӯзгори орому осуда мегардад ва шаҳрвандон метавонанд машғули меҳнати созанда бошанд.
Мафҳумҳои ватану ватандорӣ, истиқлолияту озодӣ ва ваҳдати миллию якпорчагии давлат ғояҳоеанд, ки шаҳрвандонро дар атрофи Пешвои муаззами миллат ба ҳам оварда, ояндаи неки давлати тоҷиконро кафолат медиҳанд. Танҳо дар сурати муттаҳидӣ, ваҳдату сарҷамъии худ мо аз давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи худ дифоъ намудаву онро пойдор нигаҳ дошта метавонем.
Бисту ду соли баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ собит намуд, ки роҳи интихобнамудаи Пешвои миллат барои рушди Тоҷикистон ягона роҳи дуруст буд. Онро шаҳрвандон дастгирӣ намуда, барои татбиқи амалиаш ғайрат доранд. Бисту ду соли пурбаракат, ваҳдату ягонагӣ, бунёдкориву созандагӣ, пешрафту шукуфоӣ, шодию фараҳ натиҷаи сиёсати сулҳофарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки онро бисёр мутафаккирон, сиёсатмадорони сатҳи олӣ, сарварони кишварҳои хурду абарқудрат дар суханрониҳояшон бобати сулҳи тоҷикон тазаккур додаанд.  
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи роҳбаронест, ки шахсияти сиёсияш қадам ба қадам дар пеши назари мардум, ҳамнафас бо ғаму шодии миллат ташаккул ёфта, ҷойгоҳи худро ба таври табиӣ дарёфтааст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғӯши Ватану миллат ва дар сояи дуову дастгирии мардум сабзида, ба таври комилан табиӣ мавриди эътирофу эътибори мардуми худ ва сулҳдӯстони дунё қарор гирифтааст. Ин аст, ки чеҳраи ӯ чеҳраи табиӣ, шахсияти ӯ шахсияти воқеӣ ва хидматҳои ӯ хидматҳои бунёдӣ мебошанд.
Дар расидан ба ин мақсади таърихӣ, Роҳбари давлат роҳеро тай намуд пур аз мушкилот, пур аз печутоб, пур аз таҳдиду хатарҳо, аммо баъд пур аз ифтихор, пур аз муҳаббат ва пур аз комёбӣ гашт. Ин аст, ки касе бихоҳад, то симо, шахсият ва ҷойгоҳи ӯро назди мардуми тоҷик дарк намояд, бояд, пеш аз ҳама, роҳи паймудаи ӯ ва хидматҳои таърихии ӯро барои ин мардум дарк бисозад. Таҳлили ҳамин роҳ ва дарки ҳамин дастовардҳо худ ба худ нишон медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон  кист ва барои мардум ва давлати Тоҷикистон ва сулҳ дар минтақа чӣ ҷойгоҳ ва чӣ арзише дорад,  зеро имрӯз, вақте дар бораи роҳи тайшуда ва дастовардҳои бунёдии Тоҷикистон дар марҳалаи пурпечутоби Истиқлолияти давлатӣ сухан меравад, бешубҳа, симои ин шахсият пеши назар меояд. Маҳз ҳамин нигоҳи ҷомеъ ва маҳз таҳлили қадам ба қадами фаъолияти сулҳпарваронаи ӯ нишон медиҳад, ки чаро Эмомалӣ Раҳмон Пешвои муаззами миллат аст ва чаро ин мақоми ӯ ҳолати табиӣ ва бисёр устувор дорад.
Қадами нахуст ё асоситарин дастоварди давлат ва мардуми Тоҷикистон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ин аст, ки бо тадбир ва талошҳои пайгиронаи ӯ давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Ин масъала муҳимтарин дастоварди таърихи муосири мост, зеро бе доштани давлати миллии мустақили худ тамоми орзую омоли таърихии миллат ва ҳадафу барномаҳои насли имрӯзу фардои он маънои худро аз даст медод,  баъди ҳазор сол таърих барои халқи тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо номи худ давлати миллӣ дошта бошад. Аз ин рӯ, агар дар он тӯфоне, ки солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ ба миён омада буд, давлатдории миллии мо аз даст мерафт, моро наслҳои оянда ҳаргиз намебахшид.
Дар қадами дуюм бо талошҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат тамомияти арзӣ, яъне ягонагии сарзамини Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ҳифз карда шуд. Пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе ба хонаи умеди тоҷикони дунё ва тоҷикистониён табдил ёфт. Моҳияти сиёсӣ ва рамзии ин дастовард дар он аст, ки номи ӯро дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон ҳамчун наҷотбахши давлат ва Пешвои миллат ҷовидона гардонд.
Дар қадами сеюм муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дар муддати барои таърих бисёр кӯтоҳ низоми мукаммал ва муосири давлатдориро барқарор сохта, аркони давлатдории миллӣ ва ниҳодҳои асосии давлатдории моро эҳё намояд. Барои он ки вазъияти онрӯзаи давлатдории кишварамонро воқеънигорона тасвир созем, аз гузориши раиси вақти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбаршоҳ Искандаров дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ иқтибос меорем, ки гуфта буд: «Имрӯз дар кишвар мақомоти конститутсионӣ амалан фалаҷ шудаанд… Агар ин вазъ идома ёбад, хатари он мавҷуд аст, ки Тоҷикистон аз харитаи ҷуғрофиёии ҷаҳон умуман нест шавад». Ин буд вазъи воқеии кишвар дар рӯзҳои аввали ҳамчун  Сарвари давлат интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон.
Ташаккул ёфтани системаи давлатӣ ва ҳамчун механизми ягона ба кор даромадани низоми давлатдорӣ яке аз заруратҳо ва нишондиҳандаҳои асосии барпо шудани давлат ва давлатдорӣ ба ҳисоб меравад, зеро маҳз системаи ташаккулёфтаи давлатӣ метавонад кори муназзами институти давлат ва бақои давлатдориро таъмин намояд. Бинобар ин, дар сатҳи муосир эҳё ва барқарор намудани системаи мукаммали давлатдории тоҷикон яке аз дастовардҳои бунёдии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, балки яке аз хидматҳои муҳимтарини ӯ барои давлату миллати тоҷик мебошад. Касоне, ки ба сиёсат ва давлат аз назари касбӣ менигаранд, то чи дараҷа ҳаётӣ будани ин дастовардро ба хубӣ дарк менамоянд.
Қадами устувори чоруми Эмомалӣ Раҳмон он аст, ки бо ҷасорат ва иродаи қатъии ӯ мардуми Тоҷикистон аз вартаи ҷанги таҳмилии дохилии хонумонсӯз раҳо гашта, ба ваҳдати миллӣ расид. Ғояи сулҳ, оштии миллӣ ва афву ҳамдигарбахшӣ аз муҳимтарин паёмҳое буданд, ки Сарвари давлат ҳанӯз дар рӯзи аввали интихобаш ба миён гузошта буд ва ин паёмҳо ҷавҳари тамоми барномаю фаъолияти баъдии ӯро ташкил доданд.
Ҳамагон дар ёд доранд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури вакилони иҷлосияи таърихӣ ва дар пешгоҳи халқи шарифи Тоҷикистон савганд ёд кард: «Агар лозим шавад, ба ивази ҷони худ сулҳу ваҳдатро ба Тоҷикистони азиз бозмегардонам ва то даме ки як гурезаи тоҷик дар хориҷ ба сар мебарад, ором зиндагӣ нахоҳам кард». Имрӯз шоҳидем, ки он суханон танҳо як шиори сиёсӣ набуданд, балки фарёди самимии як фарзанди халқи тоҷик буд, ки дарди ҷонкоҳи миллат ва андешаи наҷоти Ватан тамоми вуҷудашро фаро гирифта буданд.
Барқарории сулҳ ва ваҳдати миллӣ боис гашт, ки Тоҷикистон ҳамчун давлат ва тоҷикон ҳамчун миллат аз вартаи маҳвшавӣ раҳо ёбанд. Бинобар ин, масъалаи сулҳу ваҳдат барои  давлату миллати мо на танҳо масъалаи қатъи низоъ ва расидан ба оштию ҳамзистӣ, балки масъалаи наҷоти миллат буд. Ва ин тарҳи наҷоти таърихии миллӣ маҳз бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуд. Худи ҳамин хидмати беназир кофист, ки вай ҳамчун шахси муттаҳидкунандаи миллат ва пешвои воқеии мардуми Тоҷикистон эътироф ва пазируфта шавад. Магар барои як давлат ва як миллат чизе болотар аз наҷот ҳаст? 
Муҳимтарин хусусияти шахсияти сиёсии Сарвари давлат дар он буд, ки дар симояш тамоми рӯҳия ва хислатҳои беҳтарини халқи тоҷик ифода ёфта, ӯ дар муҳити мардумӣ ҳамчун падидаи худӣ, ҳамчун бахше аз худи мардум, ҳамчун «порае аз пайкари халқ» пазируфта шуд. Ҳамин тавр, бо зуҳури Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистон соҳиби Пешвои ягонаи миллӣ гашт ва дар натиҷа яке аз муҳимтарин масъалаҳои миллӣ ва таърихии давлатдории мо, яъне масъалаи лидери сиёсии миллат, пешвои эътирофшудаи давлатӣ ё ташаккули давлатмард ҳалли муносиби худро пайдо намуд. Ин дастоварди панҷуми бунёдии тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон аст. 
Дастоварди шашум ва бисёр ҳаётии Тоҷикистон таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки маҳз дар доираи мактаби давлатдории ӯ сохти нави давлатдории муосири тоҷикон, яъне давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявию ягона, поягузорӣ шуд. Ин ғояи меҳварӣ аз аввалин рӯз аз тарафи Роҳбари тозаинтихоби кишвар ҳамчун хати ҳаракати ояндаи Тоҷикистон расман садо дод ва дар натиҷаи талошҳои зиёд соли 1994 дар моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамеша сабт гашт.
Тоҷикистон бо беш аз 140 кишвари ҷаҳон робитаи дипломатӣ барқарор намуда, узви комилҳуқуқи беш аз  40 созмони байналмилалӣ мебошад.
Дар мавриди ҷойгоҳи байналмилалии Тоҷикистон сухан ронда, зикр кардан зарур аст, ки кишвари мо як узви бемавқеъ ва ё назоратгари одии равандҳои сиёсии байналмилалӣ набуда, балки сиёсати хориҷии соҳибташаббус   дорад. Маҳз бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи умумии СММ соли 2003-ро «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005 - 2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт» ва соли 2013 - ро «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», солҳои 2018 - 2028 – ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон намуд.
Мавқеи фаъоли Сарвари давлати Тоҷикистон хусусан дар масъалаҳои минтақавӣ, аз ҷумла ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли воқеии буҳрони Афғонистон, барои ҳамагон маълум ва равшан аст. Пешниҳоди роҳбарияти Олии Тоҷикистон дар бораи ташкили навори субот дар атрофи Афғонистон, ки ҳанӯз 15 сол пештар аз минбари СММ садо дода буд, имрӯз низ ҳамчун саҳеҳтарин формулаи ҳалли буҳрони Афғонистон боқӣ мемонад.
Ҳамин тавр, имрӯз бо камоли ифтихор метавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақили соҳибихтиёр ҷойгоҳи муносиб ва сазовори худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо кардааст. Ин тантанаи як ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик аст, ки хушбахтона, зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ҷомаи амал пӯшид. 
Агар ин дастовардҳои усулиро канори ҳам гузорем, метавон гуфт, ки дар натиҷаи фаъолияти ҷиддӣ ва бисёрсамтаи Эмомалӣ Раҳмон давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт, тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун давлати ягона ҳифз шуд, аркони асосии сиёсӣ, идорӣ ва қудратии давлатдории миллии мо эҳё ва барқарор гашт, миллати тоҷик ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсию этнофарҳангӣ эҳё ва ҳифз гардид, ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон таъмин шуд, зерсохторҳои зарурии ваҳдати миллӣ барқарор гардиданд, сохти давлатӣ ва самти сиёсии давлатдории тоҷикон дар замони муосир мушаххас шуд, соҳаҳои асосии хоҷагии халқи мамлакат барқарор гашт ва, ниҳоят, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҷойгоҳи устувори худро дар арсаи байналмилалӣ касб намуд.
Дар Тоҷикистони имрӯза ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон маънои васеътар аз ҷонибдорӣ аз  як шахсро гирифтааст, балки ҷонибдорӣ аз ӯ ба маънои ҷонибдорӣ аз ояндаи устувори давлатдории миллӣ, аз истиқлолияти сиёсӣ ва фикрии миллат, аз низоми давлатдорӣ, аз суботу амнияти ҷомеа ва ҷонибдорӣ аз ваҳдату сарҷамъии миллат мебошад.
Ин ҳолати нодирест, ки мардум ба роҳбари худ ҳамчун ба худ, балки бештар аз худ бовар ва эътимод дорад. Ин аст моҳияти Пешвои миллат будан. Ин аст моҳияти ба таври воқеӣ ва ба таври комилан табиӣ Пешвои миллат будани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Бо назардошти хизматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохтмони давлати миллӣ, муҳофизати тамомияти арзӣ ва бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона,қатъи чанги таҳмилии дохилӣ, истиқрори сулҳу ризояти миллӣ дар кишвар, ки таҷрибаи он дар сатҳи Созмони  Милали Муттаҳид ибратомӯз дониста шудааст, пешниҳод менамоям, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои эътирофшудаи тоҷикони тамоми дунё Эмомалӣ Раҳмон ба мукофоти байналмилалии Нобел пешниҳод ва сарфароз гардонда  шавад.
Шариф САИД, ходими ҷамъиятии кишвар,
Корманди шоистаи  Тоҷикистон,
дорандаи медали тиллоии Кумитаи
байналмилалии сулҳ ва ҳамраъйӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.06.2019    №: 123 - 124    Мутолиа карданд: 205

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед