logo

иқтисод

БОХТАР. ЧАРО ҚАРЗ МЕАФЗОЯД?

Дар шаҳри Бохтар ба қарзҳои зиёди солҳои пеш барои истифодаи неруи барқ пардохтнашуда, қарзҳои нав зам шуда истодаанд. Ин вазъ роҳбарияти хадамоти фурӯши барқи шаҳри Бохтарро сахт нигарон кардааст.
Ба қавли Аҳлиддин Шарифов, сардори хадамот, онҳо тайи 5 моҳи соли 2019 ба аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо ба маблағи 17,8 миллион сомонӣ 87,7 миллион кВт - соат қувваи барқ доданд. Маблағи пардохтшуда 11,3 миллион сомонӣ ё ҳамагӣ 63,6 дарсади маблағи барқи истифодашударо ташкил медиҳад. Қарз аз истифодаи неруи барқ дар маҷмӯъ, ба 77,2 миллион сомонӣ расидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,9 миллион сомонӣ зиёд аст.
Ин ноҷӯриҳоро дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр низ бо дастрас кардани маълумотнома тасдиқ карданд. 
Сардори хадамоти фурӯши барқи шаҳр гуфт, ки аз соли 2006 инҷониб зиёдшавии қарз ба мушоҳида мерасад.
- Мо маблағи истифодаи неруи барқро, новобаста аз шакли моликияти муштариён, ҳисоб мекунем. Аммо шаҳри Бохтар мушкилоти хоси худро дорад. 212 корхонаи буҷетие, ки дар шаҳр фаъолият мекунанд, ҳар моҳ аз хадамоти мо ҷамъ 500 - 600 ҳазор сомонӣ қарздор мешаванд. Хароҷоти истифодабарии барқ дар ин корхонаҳо дар як моҳ аз 1000 сомонӣ зиёд аст. Ҳоло қарзи корхонаҳои буҷетӣ то 3 миллиону 530 ҳазор сомонӣ афзудааст. Азбаски ин миқдор маблағ барои истифодаи барқ дар харҷномаи молиявии ягон корхона ҷой карда нашудааст, акнун онҳо намедонанд, ки қарзашонро аз кадом ҳисоб пардохт кунанд, - гуфт Аҳлиддин Шарифов.
5 миллиону 330 ҳазор сомонии ин қарзро мутахассисони хадамот ноилоҷ қарзҳои беэътимод шумурдаанд, яъне ба ситондани ин маблағҳо бовар нест.
- Масалан, қарзи моҳонаи чароғонкунии шаҳр аз 280 ҳазор то 300 ҳазор сомонист, - мегӯяд ҳамсуҳбати мо. - Дар маҷмӯъ, зиёда аз 4 миллион сомонӣ қарздоранд. Пардохти онро ягон ташкилот ба уҳда намегирад.
Ин дар ҳолест, ки феълан, ба иттилои А. Шарифов, дар ҳама пойгоҳҳои барқтаъминкунӣ дастгоҳҳои интеллектуалии ҳисобкунанда, ки тавассути интернет фаъолият мекунанд, насб карда шудаанду ҳар як киловатт - соат неруи барқи истифодашаванда бехато ҳисоб карда мешавад.
Раёсати тандурустии вилоят (46000 сомонӣ), идораи сӯхторнишонии вилоят (11269), беморхонаи вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов (78000), беморхонаи шаҳри Бохтар (500000), КАТС (102000), Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ (5272), раёсати молияи шаҳри Бохтар (26118), комиссариати ҳарбӣ (1258), коллеҷи омӯзгорӣ (1427), мактаби мусиқӣ (262), муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 13, 10, 12 (39248, 22525, 6000), литсейи № 1 (17395), кӯдакистонҳои № 23, 18 (41919 ва 21194 сомонӣ) аз ҷумлаи қарздоронанд. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ахиран қарзашонро пардохт карданд.
Кормандони хадамот дар 5 моҳ оид ба дуздӣ ва истифодаи пинҳонии неруи барқ зиёда аз 300 санад тартиб доданд. Яъне, барқдуздӣ дар маркази маъмурии вилоят дар сурати сари вақт ошкор нашудани қонуншиканӣ латмаи дигарест ба буҷети ин ниҳод. 
-  Барои ситондани қарзҳо борҳо ба мақомоти марбутаи шаҳр, вилоят, ШСХК “Барқи тоҷик” ва Вазорати молияи ҷумҳурӣ муроҷиат кардем. Лекин ҳамеша посухи ғайриқаноатбахш мегирем, - изҳор дошт А. Шарифов. - Роҳбарияти “Барқи тоҷик” супориш додааст, ки ба қарздорон барқ надиҳем. Вале мо бо сад андеша боз хотири онҳоро мебинему барқ медиҳем.
Бо вуҷуди мушкилоти мавҷуда, сифати интиқоли барқ дар шаҳри Бохтар дар қиёс ба солҳои пеш хеле беҳ шудааст. Дар доираи чорабиниҳо оид ба иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ ва беҳтар кардани таъминот бо неруи барқ як қатор тадбирҳои ташкилӣ - техникӣ андешида шуданд. Шабакаҳои барқ, зеристгоҳҳо, хату ноқилҳо, трансформаторҳо ва таҷҳизоти барқӣ ба маблағи 1,2 миллион сомонӣ таъмир карда шуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 395 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Мутасаддиёни хадамоти фурӯши барқи шаҳри Бохтар илоҷи ягонаи кам кардани сарборию зиёдистифодабарии неруи барқ ва сарфаи маблағҳоро дар таъсиси маркази барқу гармидиҳӣ мебинанд. Лекин на фақат дар шаҳри Бохтар, балки дар ягон шаҳру навоҳии вилоят аз солҳои 90-уми асри гузашта то кунун чунин як марказе, ки дар зимистон дохили биноҳоро гарм кунад, вуҷуд надорад. Ва он иншооте, ки аз замони шӯравӣ монда буданд, корношояму валангор шуда, аз байн рафтаанд.
Зокир ҲАСАН,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.07.2019    №: 125    Мутолиа карданд: 182

22.07.2019


МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. Қонуншиканиҳо ҳанӯз зиёданд

ТАҲСИЛОТИ САЛОҲИЯТНОК ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ЗАМИН. Камбуди оби полизӣ мушкили ҳалталаб боқӣ мемонад

Гилерми: «Тоҷикон соҳиби кишвари афсонавианд»

Швейтсария дар Тоҷикистон бонк мекушояд

Ҷаҳон дар як сатр

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед