logo

иқтисод

КӮЛОБ. ҚАРЗҲОИ ГАРОН ДАР КӮЛБОРИ СОҲИБКОРОН

Чанде пеш дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки доираи васеи сармоягузорони ватанию хориҷӣ, роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони корпусҳои дипломатии як қатор кишварҳо ва шарикони рушд Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб» баргузор гардид, ки дар он омилҳои ба сустӣ рушд кардани фаъолияти соҳибкорӣ дар минтақа баррасӣ шуданд.  Иштирокдорони форум дарёфт нашудани сармоя ва миёншикан будани қарзҳои бонкиро садди асосии пешрафти фаъолияти соҳибкорони маҳаллӣ донистанд.
Завқӣ Завқизода, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо, изҳор дошт, ки ба иллати пайдо нагардидани сармояи зарурӣ дар шаҳр  лоиҳаҳои зиёди  иқтисодию иҷтимоӣ  мавриди амал қарор нагирифтаанд. 
-  Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ ҷалби маблағҳои сармоягузорӣ ба иқтисодиёти шаҳр ҳамагӣ 46 миллион доллари ИМА – ро ташкил медиҳад, ки  ин нишондиҳанда нисбат ба шаҳрҳои Бохтар 3  ва Хуҷанд 16 маротиба кам аст. Лоиҳаҳои соҳибкорӣ истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ,  бунёди инфрасохтори зарурӣ ва таъминот бо оби нӯшоию полизиро  дар бар  мегиранд. Аммо ҷалби сармоя ҷиҳати татбиқи онҳо ба як муаммои сарбаста табдил ёфтааст, - гуфт ӯ.
Дар ҷараёни форум, ҳамчунин, зикр шуд, ки аз сабаби ҷалби ками маблағҳои сармоягузорӣ  мушкилоти камчинии оби нӯшоию полизӣ, сатҳи баланди бекорӣ, таъмирталабии муассисаҳои таълимӣ, роҳҳо, норасоии инфрасохтори сайёҳӣ ва сифати пасти хизматрасонии коммуналӣ дар шаҳр боқӣ мондааст. Иншооти обтаъминкунии шаҳр соли 1937 барои 48 ҳазор нафар аҳолӣ сохта шуда, ки имрӯз имконияти таъмин намудани 227 ҳазор нафар аҳолиро надорад. Завқӣ Завқизода иттилоъ дод, ки дар шаҳр 30 дарсад ва деҳоти атрофи он 50 дарсади мардум ба оби тозаи нӯшоӣ дастрасӣ надоранд. Барои рафъи ин мушкил бунёди обанборҳо ва чоҳҳои амудӣ лозиманд, ки барои ин маблағҳои зиёд даркоранд. Дар маҷмӯъ, барои рафъи мушкилоти ҷойдошта ва рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр маблағҳои калон заруранд. Аммо аз куҷо?
Тавре гуфта шуд, сармоягузорон, пеш аз ҳама, бо назардошти пешрафти фаъолияти соҳибкорон лоиҳаҳои онҳоро маблағгузорӣ менамоянд. Вале соҳибкорони минтақа барои густариши фаъолияташон ба қарзҳои дарсадашон кам ниёз доранд. Соҳибкорон бо гирифтани қарзи баландфоиз аз бонк домони фаъолияташонро тавсеа бахшида наметавонанд. Қисми аъзами даромадро барои пардохти қарзҳои фоизӣ сарф менамоянд, ки дар фаъолияти онҳо гарониро ба вуҷуд меорад. 
Қурбоналӣ Қурбонзода, сардори раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Хатлон, гаронии қарзҳои бонкиро омили асосии баландшавии арзиши аслии маҳсулоти тавлидшаванда ва бо ин сабаб ба рақобат тоб оварда натавонистани соҳибкорони маҳаллӣ медонад:
- Вақте соҳибкор бо 30 дарсади солона аз бонк қарз мегирад, маҷбур аст, ки ҳамин миқдор арзиши аслии маҳсулоташро гаронтар намояд. Дар ин ҳолат рақобат кардани ӯ дар бозор мушкил мегардад. Ҳамчунин, барои онҳо дастрас набудани техникаю технологияи нав ба пешрафти истеҳсолот дар минтақа таъсир мегузорад. Зеро соҳибкорони мо ҳоло ба технологияи нав даст наёфтаанд, дар ҳоле ки дар кишварҳои воридкунандаи маҳсулот,  хусусан дар Чин, аз технологияи навтарини истеҳсолӣ кор мегиранд. Дар натиҷа, маҳсулоти воридотӣ нисбат ба намудҳои ватании он дар бозорҳои дохилӣ хеле арзон ба савдо гузошта мешавад. Дар чунин ҳолат соҳибкорони маҳаллӣ моли бо гаронӣ тавлиднамудаашонро фурӯхта наметавонанд ва муфлис мегарданд, - гуфт ӯ. 
Ба гуфтаи соҳибкори шаҳр  Темур Латифов, ҳарчанд бонкҳо қарзро аз ташкилотҳои молиявии хориҷӣ  бо 16 дарсади солона ва ҳатто камтар мегиранд, онро ба соҳибкорон бо 40 – 45 дарсади солона медиҳанд. Дар ин маврид фоида гирифтани қарзгиранда дар гумон аст.
Дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузорӣ барои дастгирии  соҳибкорон дар соҳаҳои афзалиятнок ва  таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ  созишномаю ёдоштҳои тафоҳум  байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “Каши Синюй Дади Майнинг”, дар бораи татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо ширкати «Тибет-Эверест», ҳамкории шаҳри Кӯлоб ва ҶДММ “Ориён - Рустам» ва оид ба ҳамкории  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва вилояти Балхи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба имзо расиданд.  Зикр гардид, ки бо мақсади дастгирии бештари соҳибкорони маҳаллӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳо дар вилояти Хатлон  минтақаҳои озоди иқтисодии  «Данғара»,  «Панҷ» фаъолият дошта, соли равон Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» таъсис ёфтааст. Дар ин минтақа соҳаи кишоварзӣ хеле рушдёбанда буда, ҳоло дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии вилоят ҳиссаи маҳсулоти соҳа беш аз 60 дарсадро ташкил медиҳад. Соли гузашта  аз вилояти Хатлон ба хориҷи ҷумҳурӣ ба андозаи наздики 60 миллион сомонӣ  маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ содирот шудааст. Аммо  то куҷо масъалаи ҷалби  сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои соҳибкорӣ ҳалли худро меёбад, суоли матраҳ аст.  Тавре аз маълумоти дар форум баёншуда аён гардид, аз ҳаҷми умумии субъектони соҳибкорӣ ҳамагӣ 5 дарсадро шахсони ҳуқуқӣ (корхонаҳои истеҳсолӣ) ташкил медиҳанд. Дар форум соҳибкорони маҳаллӣ лоиҳаҳои зиёди соҳаҳои афзали иқтисодиро муаррифӣ намуданд, ки бо иллати набудани сармоя чанд сол боз татбиқ нашудаанд.
Далер Ғуфронов, роҳбари гурӯҳи соҳибкорони Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкорӣ»,  муътақид аст, ки баланд бардоштани сатҳи донишҳои муосири соҳавию касбии соҳибкорон яке аз роҳҳои бартарафсозии мушкилоти мавҷуда аст.
- Агар соҳибкорон аз нозукиҳои  фаъолияти истеҳсолию тиҷоратӣ дар даврони кунунӣ огоҳ бошанд, онҳо монеаҳои дар фаъолияташон пешомадаро ба зудӣ рафъ намуда, дар ҷалби сармоя бештар муваффақ мегарданд, - гуфт ӯ.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.07.2019    №: 129    Мутолиа карданд: 418
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед