logo

туризм

ХАТЛОН. БЕШ АЗ 100 ҲАЗОР САЙЁҲ ДАР ШАШ МОҲ

Ба шарофати эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2018) ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021) соҳаи сайёҳии манотиқи гуногуни кишвар, аз ҷумла вилояти Хатлон, беш аз пеш ривоҷу равнақ меёбад. Тибқи маълумотҳо, тайи шаш моҳи аввали соли равон ба вилоят 118 ҳазору 301 сайёҳ ташриф овард, ки 6262 нафараш  хориҷиён мебошанд.

Бино ба иттилои Шамсулло Салимзода, мудири шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, баъди эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷиҳати таблиғи мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии вилоят ба  забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ маводҳои иттилоотӣ,  аз қабили  харита, наворҳои видеоӣ, диск, ёддошт, буклет, феҳристи мавзеъҳои сайёҳӣ, ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва монументалӣ, роҳнамо барои сайёҳон, таҳия гардида, дастраси мақомоти дахлдори давлатӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ гардонда шуд. Ҳамзамон, шуъбаи рушди сайёҳӣ дар якҷоягӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Зарнисор” курси чормоҳаи “Роҳбаладиро бо ҳам меомӯзем” ва ширкати сайёҳии “Ҷавоҳир” дар маркази вилоят – шаҳри Бохтар курси омӯзишии «Роҳбалади беҳтарин» - ро роҳандозӣ намуданд.
Шуъбаи рушди сайёҳии вилоят дар ҳамдастӣ бо бахши вилоятии Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва “Хатлонсинамо” зиёда аз даҳ ролики тарғиботӣ омода намуда, дар шабакаҳои интернетӣ паҳн намуд.
Айни замон сомонаи сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон (www.sayohikhatlon.tj) ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ  фаъол  буда, дар он маълумоти пурраи шаҳру ноҳияҳо ҷой дода шудааст.
Бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ дар деҳаҳои Корез ва Ғарғараи ноҳияи Данғара ва ноҳияҳои Темурмалику Восеъ меҳмонхонаҳои замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар баробари ин, дар ноҳияҳои Носири Хусрав (мавзеи Чилучорчашма), Балҷувон ва Ховалинг  сохтмони меҳмонхонаҳо,  марказҳои савдову хизматрасонӣ ва тарабхонаҳо идома доранд.
Лашкар ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.07.2019    №: 137    Мутолиа карданд: 302

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед