logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН ВА ПОКИСТОН. ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲО ДАР ДОИРАИ МҲТБО

Собиқаи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) нишон медиҳад, ки он барои ҳамгироии кишварҳои минтақа, алалхусус  Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Миёна, аҳамияти зиёд дорад. Ҳоло раёсати МҲТБО ба уҳдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Нишасти ахири созмон рӯзҳои 14 – 15 июни соли ҷорӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид, ки аксари коршиносони дохиливу хориҷӣ ба натиҷаҳои он хушбин ҳастанд. Шаҳри Душанбе ҳамчун мизбони ин ҳамоиши сатҳи баланд ба таври идона оро ёфта буд ва ба меҳмонони ҳамоиш хотираҳои хушу гуворо бахшид.

Дар ҳамоиш илова ба кишварҳои арабӣ, роҳбарон ва намояндагон аз манотиқи Осиёи Ҷанубӣ бо шумули Ҳиндустону Покистон низ ширкат ва  суханронӣ карданд. Бояд зикр кард, ки Тоҷикистон солиёни дароз мешавад, ки бо ин кишварҳо равобити амиқи фарҳангию дӯстӣ дорад. Дар ин замина метавон аз ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Покистон ҳарф зад, ки меҳвари онро дӯстӣ ва манфиати тарафҳо ташкил медиҳад.
Тоҷикистон аз байни давлатҳои Осиёи Миёна кишвари наздиктарин бо Покистон мебошад ва ҳар ду мамлакат дорои тамаддуну фарҳанги муштарак буда, ҳоло байни ҳам равобити хуби дипломатӣ доранд. Ҷумҳурии Исломии Покистон яке аз аввалин давлатҳое буд, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва билфосила дафтари намояндагии дипломатиашро дар Душанбе боз  кард. Тибқи  сарчашмаҳо, 6 июни соли 1992 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор шуданд. Соли 1993 Покистон дар шаҳри Душанбе сафоратхонаашро боз намуд ва он ибтидои соли 1994 ба фаъолият оғоз кард.
23 феврали соли 2005 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ба фаъолият шурӯъ намуд ва ҳар ду кишвари дӯст зиёда аз 30 санади ҳамкорӣ ба имзо расонданд. Моҳҳои марти соли 1994, октябри 1996, июни 2002, июли 2009 ва марти 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  Покистон сафарҳои давлатию расмӣ анҷом доданд, ки дар таърихи муносибатҳои дуҷониба аҳамияти калон доранд.
Ҷумҳурии Исломии Покистон узви фаъоли СММ, ЭКО, Кишварҳои исломӣ, Гурӯҳи 77  ва  Созмони ҳамкории Шанхай мебошад. Тибқи  сарчашмаҳо, дар ин кишвар зиёда аз 1,2 миллион қавми тоҷиктабор умр ба сар мебаранд, ки аксари онҳо аз даврони ҳокимияти сулолаи муғулон ин ҷоро ватани доимии худ қарор додаанд.
Коршиносон ба ин назаранд, ки Тоҷикистон ва Покистон якҷоя метавонанд, дар ҳамкорӣ бо дигар кишварҳои Осиёи Миёна масири аслии энергетикиеро эҷод кунанд, ки заминаи хуберо барои рушди минтақа ба вуҷуд оварад. Таҳким ва  эҷоди равобит байни Тоҷикистон ва Покистон метавонад заминаи  хубе барои густариши байни онҳо ва сабаб шавад, то роҳҳову масирҳои тиҷоратӣ дар байни дигар манотиқ низ тақвият ёбанд.
Ташрифи намояндаи махсуси Сарвазири Покистон хонум доктор Сония Ништар дар Саммити МҲТБО заминаи хубе буд, барои  гуфтушунид ва рушди ҳамкориҳои оянда, миёни ду кишвар. Бояд зикр кард, ки моҳи апрели  2019 дар шаҳри Пекин дар ҳошияи Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии сатҳи баланд «Як камарбанд - як роҳ» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Покистон Имрон Хон мулоқот карданд. Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ ва муносиботи дӯстонаи Тоҷикистону Покистон мавриди баррасӣ қарор ёфтанд. Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи тадбирҳои муштарак дар роҳи мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир – терроризм, экстремизм, ҷудоихоҳӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар иброз дош-танд.
Тавре маълум аст, ҷаҳони имрӯзаро равандҳо ва чолишҳои пуртазод  фаро гирифта, дар ин миён нооромиҳои бурузкарда дар бархе кишварҳои осиёӣ минтақаро аз рушду пешравиҳо боздоштааст. Ҳоло ҳам Ховари Миёна таҳти таъсири ҷангу хушунат қарор дорад. Бо вуҷуди шикасти чашмгири ба ном “Давлати исломӣ” ҳамоно дар минтақа амалҳои террористӣ ва хушунат аз байн нарафтаанд. Дар умум терроризм ва хатарҳои ношӣ аз он ба минтақа ва ҷаҳон аз ҷумлаи масъалаҳои ташвишофару нигаронкунанда боқӣ мондаанд.
Ҷумҳурии Исломии Покистон дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ иштироки фаъол дорад ва тавре аз суханронии намояндаи ин кишвар дар саммити Душанбе аён гардид, Покистон низ дар баробари дигар кишварҳо мехоҳад бо истифода аз МҲТБО ба ин раванд тақвияти бештар бахшида шавад.
Мирсаид РАҲМОНОВ, корманди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.07.2019    №: 143    Мутолиа карданд: 389
12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД

Лавров барқарорсозии кори «формати Москва»-ро зарур шумурд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

ТАШКИЛИ ЯРМАРКА - ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХУҶАНД

МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ

УНВОНУ ДАРАҶАҲОИ ИЛМИИ РОССИЯВУ ТОҶИКИСТОН БАРОБАРАРЗИШ МЕШАВАНД

02.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ВМКБ ВА 5 НОҲИЯИ ХАТЛОН НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ПАК БЁН СОК

ҶОНИБДОРИИ ВАНХЁРК АЗ МУКОЛАМАИ ВАШИНГТОН БО МОСКВА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.04.2021


ЛИГАИ ОЛӢ. Бори аввал легионерҳои нидерландӣ ва ҷопонӣ ҳунарнамоӣ мекунанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед