logo

Хабарҳо

"АМОНАТБОНК". Афзоиши беш аз 8 дарсади дороӣ

- Дороии бонк ба санаи 30 июни соли 2019 4, 2 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  8,3 дарсад зиёд мебошад, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ Сироҷиддин Икромӣ, раиси раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”.
Таъкид гашт, ки ҳамкориҳои “Амонатбонк” бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ сол ба сол густариш меёбанд ва то имрӯз ба соҳаҳои гуногуни  иқтисодиёти кишвар ба маблағи 64 миллион доллари ИМА сармоя ҷалб гардид.
Айни замон “Амонатбонк” дар доираи хати қарзӣ бо Бонки миллии равобити хориҷии Ӯзбекистон ва “Узпромстройбонк” шартномаи ҳамкориро дар ҳаҷми 43 миллион доллари ИМА ба имзо расонда, соли ҷорӣ ба тасвиб расидани Созишномаи қарзӣ бо Бонки давлатии рушди Чин дар ҳаҷми 60 миллион юан ва 10 миллион доллари ИМА дар назар аст. 
Дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021), ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва ривоҷу равнақи  ҳунарҳои мардумӣ бонк аз ҳисоби захираҳои худӣ 2,8 миллион сомонӣ ҷудо намуд. Дар баробари ин, меъёри фоизи қарзҳои ба ин самтҳо пешниҳодшаванда 2 банди фоизӣ пасттар карда шуд ва ҳоло он 18 дарсади солонаро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, баҳри дастрасии ҳамаҷонибаи сайёҳон ба хизматрасониҳои бонкӣ, давоми шаш моҳи соли равон  80 маркази хизматрасонии бонкӣ ба шафати роҳҳои байналмилалӣ, марказҳои савдову бозорҳо интиқол ёфт, ки ин натиҷаҳои назаррас ба бор овард.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 300

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод

Россия ва Франсия ба музокирот дар чорчӯбаи «2+2» тайёрӣ мебинанд

Баҳои коршиноси Амороти Муттаҳидаи Араб ба конфронси Берлин оид ба қазияи Либия

Салиби сурх: «Ҷанги Яман боиси фирори се миллион нафар гашт»

Шарқи Канада зери барф монд

Соли гузашта дар Италия ҳар ним соат замин ҷунбид

Ҷаҳон дар як сатр

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед