logo

фарҳанг

БАРТОЛД ВА ТАРАННУМИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКӢ

Дар рушди шарқшиносии ҷаҳон академик Василий Владимирович Бартолд мақоми намоён дорад. Самтҳои асосии фаъолияти илмии Бартолдро пажӯҳиши таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ, равобити фарҳангии Шарқу Ғарб ташкил менамояд.
Маҳсули эҷодиёти академик ба омӯзиш ва таҳқиқи шоҳигариҳои Юнон, Бохтар, Кӯшониён ва кишварҳои дигар, аз ҷумла забон ва дастхатҳои суғдӣ, тохарӣ, эфталитӣ, этногенези тоҷикон рабт мегирад. Ҳамчунин, ба қалами академик Бартолд очеркҳо роҷеъ ба таърихи иҷтимоӣ, сиёсӣ, ҷуғрофӣ, ва бостоншиносии Осиёи Марказӣ тааллуқ доранд. Мавсуф, дар ҳақиқат, тараннумгари таърих ва фарҳанги тоҷикон мебошад. Академик соли 1925 очерки “Тоҷикон” - ро рӯи чоп овард. Дар ин асар қайд намудааст, ки тоҷикон соҳибтамаддун буда, таъсири хешро ба таърих ва фарҳанги дигар қавму миллатҳо, амсоли ӯзбекон, қазоқҳо, қирғизҳо ва туркманҳо гузоштаанд.
Бояд зикр кард, ки В. Бартолд махзани пурғановати илмиро доир ба омӯзишу таҳқиқоти таърих ва фарҳанги мардуми Осиёи Миёна ба вуҷуд овард. Илова бар ин, барои бунёди ниҳоди илмӣ дар ҳудуди Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ташкил намудани китобхонаи илмӣ, созмон додани маъхазҳои осори хаттӣ ва ҷамъовариву омӯзиши онҳо саҳми пурарзиш гузошт. Худи Бартолд муаллифи зиёда аз 500 асар буда, ба ҳайси  сарвари Осорхонаи антропологӣ ва мардумшиносии Санкт-Петербург дар самти ҳифзу нигаҳдории осори хаттии таърихиву мардумшиносӣ саҳми шоиста дорад.
Мавриди зикр аст, ки академик В. Бартолд дар бузургтарин махзанҳои илмии дунё, аз ҷумла дар китобхонаҳои Англия, Олмон, Фаронса, Туркия ва дигар кишварҳои ғарбу Иттиҳоди Шӯравӣ таҳқиқот бурдааст. Мақсади асосии сафарҳои академик В. Бартолд ба хориҷа омӯзиш ва таҳқиқи маҷмӯаи дастхатҳои нодири шарқӣ буд. Тӯли фаъолияти илмиву эҷодии хеш дар чандин донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон доир ба муҳимтарин самтҳои шарқшиносӣ суханронӣ намудааст.
Чанде пеш бахшида ба 150 – солагии ин шарқшиноси машҳури рус бо ташаббуси Институти омӯзиши масоили давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси байналмилалии илмӣ таҳти  унвони «Саҳми академик В. Бартолд  дар омӯзиши таърих ва тамаддуни Осиёи Марказӣ» баргузор гардид. Дар ҳамоиш сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Семёнович Лякин - Флоров, инчунин, сафири Олмон дар Тоҷикистон Ҳофер Визинг Найтхарт ширкат ва суханронӣ карданд.
Маърӯзаҳои доктору профессорони номвар ва умуман намояндагони илми ҷаҳонӣ дар мавзӯъҳои вобаста ба ҳаёту эҷодиёти академик Бартолд писанди сомеон гардиданд. Дар маҷмӯъ, 21 маърӯза шунида шуд, ки қариб ба ҳамаи паҳлуҳои зиндагӣ ва тадқиқоти академик  Бартолд равшанӣ андохтанд. Ҳамчунин, асарҳо ва аксҳои Бартолд ба маъраз гузошта шуданд, ки ба тамошобинон таассуроти нек гузошт.
Санавбар ВОҲИДОВА,
доктори илмҳои таърих, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.07.2019    №: 145    Мутолиа карданд: 387
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед