logo

иҷтимоиёт

ШУҒНОН. МУШКИЛОТИ КӮЧАКИ РОҲИ КАЛОН

Аз он рӯзи даҳшатбори фуромадани сел ва бар асари он  хароб гардидани хонаву дар, боғу роғ, роҳу ҷӯйборҳои деҳоти хушманзари Барсем, Шитобоғ, Колхозободу Бердибекободи  ноҳияи Шуғнони ВМКБ 4 сол сипарӣ мегардад.

Дар ин давра барои  бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ корҳои зиёде анҷом дода  шуданд. Таваҷҷуҳи саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои бартарафсозии оқибатҳои офат, бунёди манзилу барқарорсозии каналу ҷӯйборҳои бар асари сел  осебдида, роҳу кӯпрукҳо ба он мусоидат намуд, ки дар давоми 2 - 3   моҳи баъди ҳодиса аҳолии зарардида соҳиби хонаву дар, оби  ошомиданиву полизӣ, роҳ ва шароитҳои созгори  зиндагӣ гардиданд. Дар давоми 3 моҳ барои аҳолии аз селу обхезӣ  зарардида шаҳраки замонавӣ бо манзилҳои истиқоматӣ барои 82  хоҷагӣ, биноҳои мактаби замонавӣ барои 340 ҷой, маркази саломатӣ, нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи мардум, коргоҳҳои шағалу  блокбарорӣ, хатҳои обгузар ва дигар иншооти муҳим бунёд ёфтанд ва бо исрори сокинон ба хотири арҷгузорӣ ба ғамхориву заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаққи зарардидагон деҳаи навбунёд Раҳмонобод ном гирифт.
Дар асари офати табиӣ қариб 4 километри шоҳроҳи Хоруғ - Мурғоб низ зери обу сел хароб гардид. Бо дастури Пешвои  миллат ин қитъаи роҳ ҳам дар давоми як моҳ аз рӯи лоиҳаи муваққатӣ сохта ба истифода  дода шуд. Мутаассифона, як қисмати ин роҳ, ки аз киштзори  деҳаи Колхозобод мегузарад ва дар ибтидо масъулон онро  “муваққатӣ” унвон карда буданд, рӯи таъмир надида бошад ҳам,  ҳамоно роҳи ягонаи мошингузар аз ин мавзеъ боқӣ мондааст. Ин  ҳол барои хоҷагиҳои дар шафати роҳ қарордошта ҳам хатар эҷод  мекунаду ҳам хонаву боғу роғи онҳоро чангу ғубори аз паси  нақлиёт хеста зер намудааст. Воситаҳои нақлиёт ҳам дар чуқурчаву сангҳои аз зери хоку шағал сарбароварда шикаставу абгор  мегарданд. Қисмати дигари ин роҳ, ки доманакӯҳро убур мекунад,  дар фасли зимистон ҳангоми тармафуроиҳо ва баҳору тирамоҳ  дар асари боришоти борон хеле хатарнок  мебошад. Дар фасли зимистон мошинҳои зиёди боркаш дар ин  қисмати роҳ банд шуда, ҳам худашон зери хатари тарма  мемонанду ҳам роҳи дигар мошинҳоро банд мекунанд. Соли гузашта дар ин ҷо бо маблағи зиёд аз болои  рӯдхонаи Шорвдара пули мошингузар сохта, баҳори имсол  таҳкурсиҳои онро мустаҳкам карданд. Мутахассисе нагуфт, ки беҳтараш аз рӯи  шароиту  имконияти  мавҷуда  ин қисмати роҳро  поёнтар - дар ҷои бехавф сохта, ба роҳи пештара пайвастан беҳтар  аст. Охир, барои  роҳи муваққатӣ ин қадар хароҷот чӣ зарурат дорад?  Шояд масъулони соҳа ҳамаи бурду бохт ва  эътимоднокии ин қитъаи роҳро ҳисобу китоб карда, лоиҳаи  сохтмони онро аз рӯи тарҳи  дигар пешниҳод намоянд?
Гулаёз Рамазонов, сардори Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард» - и ВМКБ, гуфт, ки барои барқарорсозии  пурраи ин қитъаи роҳ ба Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ пешниҳод  ирсол гардида, омӯзиши чанд лоиҳа идома дорад. Бо дастгирии молиявӣ  пайдо кардани яке  аз  ин  лоиҳаҳо корҳои барқароркунии қитъа низ оғоз меёбанд. Мутаассифона, идораи  хоҷагии роҳҳои мошингарди вилоят имконият надорад, ки ин қитъаи хароҷотталаби роҳро бо  маблағҳои худӣ таъмир намояд. Зеро ба муассисаҳои нигаҳдории  роҳҳо аз буҷет барои таъмири роҳҳо дар як сол маблағи хеле кам ҷудо мегардад ва он  барои корҳои ҷорӣ ҳам нокифоя аст.
Шояд чунин ҳам бошад, вале ҳолдонҳо бар онанд, ки муассисаҳои роҳсозӣ имконияти пурра доранд, ки дасти кам  чуқуриҳои онро бо шағал пур намоянд. Хосса, дар ҳоле ки онҳо ҳамасола техникаҳои нави роҳсозӣ гирифта  истодаанд. Ин роҳ бошад, шоҳроҳ аст, на пайроҳа!
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.08.2019    №: 146 - 147    Мутолиа карданд: 151

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед