logo

иҷтимоиёт

ПАРДОХТҲОИ ҒАЙРИНАҚДӢ - ОМИЛИ ИНКИШОФИ МОЛИЯВӢ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди низоми кортҳои пардохт таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати татбиқи низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ (харидуфурӯш) дар марказҳои савдову хизматрасонӣ як қатор чораҳоро амалӣ месозад.
Тибқи иттилои Бонки миллӣ, дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ шумораи банкоматҳо 698 ва терминалҳои электронӣ ба  4903 адад расид. Дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд 1642 ва дар муассисаҳои савдову хизматрасонии кишвар 3261 терминали электронӣ дар хизмати мизоҷонанд.
-  Амалиётҳои ғайринақдӣ яке аз масъалаҳои асосӣ буда, Бонки миллӣ барои иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ» тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст, - гуфт Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллӣ, зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти ин ниҳод дар нимсолаи аввал.
Тибқи қарори мазкур ва тағйиру иловаҳо ба моддаи 615 - и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шурӯъ аз 1 январи соли 2017 насби POS-терминалҳои электронӣ барои ҳисоббаробаркунӣ дар тамоми муассисаҳои савдою хизматрасонӣ, ки масоҳати толори фурӯшашон зиёда аз 40 метри мураббаъро ташкил медиҳад, ҳатмӣ гардид. Мақсад аз ин иқдом танҳо насби POS-терминалҳо набуда, балки зиёд намудани амалиётҳои молиявӣ тавассути кортҳо аст.
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода иброз дошт, ки айни замон “Амонатбонк”, «Спитамен бонк», «Душанбе сити», “Алиф сармоя”, “Ҳумо” ва дигар ташкилотҳои қарзии кишвар дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” бо мақсади зиёд намудани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ хизматрасониҳоро тавассути технологияҳои муосири пардохт, ба монанди бонкдории мобилӣ, интернетбонкинг ва интиқоли маблағҳои электронӣ, ҷорӣ намудаанд. Татбиқи технологияҳои интиқоли маблағҳои электронӣ тамоюли нав дар низоми бонкӣ буда, ташкилотҳои қарзӣ чунин усули пардохтҳои ғайринақдиро аз соли 2018 ба муштариёни худ пешниҳод менамоянд. 
Тибқи маълумоти оморӣ, айни замон теъдоди умумии ҳамёнҳои электронии ташкилотҳои қарзӣ 401 619 ададро  ташкил медиҳад. То 1 июл тавассути ҳамёнҳои электронӣ ба маблағи 24 миллион сомонӣ 486 ҳазор пардохти ғайринақдӣ анҷом дода шуд, ки ба андешаи мутахассисон, натиҷаи хуб аст.
То 1 июл теъдоди умумии кортҳои пардохтии аз ҷониби бонкҳои ватанӣ ба муомилот баровардашуда ба беш аз 2 миллиону 418 ҳазору 900 расид, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 38, 5 дарсад зиёд мебошад. Шумораи дорандагони кортҳои пардохтӣ дар муқоиса ба соли гузашта 24, 4 дарсад зиёд гардида, 2 миллиону 132 ҳазор нафарро ташкил дод. Мутаассифона, дорандагони кортҳои пардохт, ки аслан, дар доираи лоиҳаи «музди кор» хизматрасонӣ  мешаванд, кортҳои худро, аксаран, барои гирифтани пули нақд истифода мебаранд. Ҳол он ки дар баъзе марказҳои савдову хизматрасонӣ молу маҳсулотро метавон ба воситаи корт харид кард.
Тавре Бонки миллӣ иттилоъ медиҳад, дар нимсолаи аввали соли равон дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ тавассути воситаҳои электронии пардохт ба маблағи 367, 8 миллион сомонӣ 17, 1 миллион амалиёти ғайринақдӣ гузаронда шуд.  Бо вуҷуди нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 банди фоизӣ зиёд шудани амалиётҳои ғайринақдӣ, натиҷа назар ба кишварҳои ҳамсоя ҳанӯз ҳам кам мебошад.
- Бонки миллӣ барои ворид намудани тағйироти зарурӣ ба Кодекси андоз ҷиҳати пешбинии имтиёзи иловагии андозӣ ба марказҳои хизматрасонӣ ва нуқтаҳои савдо пешниҳод манзур дошт, ки ҳоло дар баррасии вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад, - иброз дошт раиси Бонки миллӣ. - Ин меъёри иловагӣ барои ташкилотҳои хизматрасон мебошад. Яъне, тибқи ин пешниҳод бояд аз ташкилотҳои ба воситаи пардохтҳои ғайринақдӣ фаъолиятбаранда андози паст ситонда  шавад.
Яке аз афзалиятҳои пардохтҳои ғайринақдӣ осонии истифодаи онҳост. Зеро воситаҳои муосири ҳисоббаробаркуниҳо вақти муштарӣ ва фурӯшандаро сарфа менамоянд. Инчунин, таҳлилу таҳқиқоти институтҳои бонуфузи байналмилалӣ нишон медиҳанд, ки дар сурати истифодаи оммавии кортҳои пардохт ҳангоми харидуфурӯш шаффофияти иқтисодиёт таъмин гашта, воридоти андоз ба буҷет аз соҳаҳои савдову хизматрасонӣ меафзояд.
Ш. ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.08.2019    №: 148 -149    Мутолиа карданд: 200

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед