иҷтимоиёт
ДОРУ. СИҲАТИИ ОММА ДАР МАДДИ АВВАЛ
Аввали соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қонуне имзо гузоштанд, ки ҷавобгариро барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди кишвар ворид намудан, истеҳсол ва ба муомилот баровардани доруҳои бесифат, қалбакӣ (сохта) ва ба талаботи стандартҳои муқарраршуда номувофиқ, инчунин муҳлатгузашта, пурзӯр менамояд.
Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчун мақоми ваколатдори соҳа тайи ним сол дар пайи иҷрои талаботи қонун ҳаҷми махсусан калони маҳсулоти пастсифатро аз муомилот бозпас гирифт.
Сардори хадамот Султон Бекмуродзода зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» гуфт, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соҳаи тандурустӣ сармашқи фаъолияти кормандони хадамот қарор дорад.
Дар шаш моҳи соли равон кормандони шуъбаҳои назоратии Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтии хадамот фаъолияти 553 муассисаи фармасевтӣ (305 муассисаи фармасевтиро якҷо бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ), 225 муассисаи табобатию профилактикӣ, фармасевтӣ ва 415 нуқтаи савдои маводи ороишию гигиениро мавриди санҷиш қарор доданд. Дар натиҷа шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии ин муассисаҳо ба маблағи зиёда аз 700 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуданд.
Ҳангоми санҷишҳо аз муассисаҳои фармасевтии ҷумҳурӣ 685 номгӯй маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори беш аз 21370 адад аз муомилот гирифта шуданд, ки аз инҳо 344 номгӯй маводи дорувории муҳлатгузашта ва 341 номгӯй маводи дорувории бе сертификати мутобиқат мебошанд. Кормандони шуъбаҳои сарраёсатҳои назорати давлатии фаъолияти фармасевтии вилоятҳо беш аз 100 тонна маводи доруворӣ, ороишию гигиенӣ, молҳои тиббӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлатгузашта, бе сертификати мутобиқат ва ба талабот номувофиқро бо роҳи сӯзондан несту нобуд карданд.
Дар ним сол ба кишвар ба маблағи 240 миллион сомонӣ (ё 25,5 миллион доллари ИМА) дору ворид гардида, ба маблағи 41,7 миллион сомонӣ доруи истеҳсоли худӣ ба кишварҳои дуру наздик ба фурӯш бароварда шуд.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.08.2019 №: 148 - 149 Мутолиа карданд: 625