logo

иҷтимоиёт

ҶАЗО. НАФСИ БАД БАЛОИ ҶОН

Таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат масъалаи муҳими рӯз ба ҳисоб меравад. Мутаассифона, солҳои охир бархе соҳибкорону тоҷирон бо ҳар роҳу восита ба бозорҳои истеъмолии кишвар маҳсулоти пастсифатро ворид карда, аз зиёни азими ба саломатии сокинони кишвар расондаашон намеандешанд. Аз ин рӯ, пас аз эродҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо намояндагони соҳаи тандурустии кишвар (1 сентябри соли гузашта) назорати риояи қоидаҳои санитарию гигиении кишвар ва ҷавобгарии шахсоне, ки боиси ба бемориҳои гуногун мубтало гардидани одамон ё марги инсон шудаанд, сахттар гардид.
Тавре Султонмурод Бекмуродзода, сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, гуфт, омӯзиши вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ дар ҷумҳурӣ дар ним соли аввали соли равон нишон медиҳад, ки бемориҳои вараҷа, сурхча ва ниҳоят хавфнок (таби хунин, вабо ва тоун) мушоҳида нашудаанд. Инчунин, шумораи гирифторони бемориҳои домана, исҳоли хунин, бемориҳои шадиди рӯда, зардпарвини вирусии намуди “В”, зардпарвини вирусии “С”, осеббинӣ аз газидани ҳайвонҳо, зуком, брутселлёз, илтиҳоби шуш, бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ва сил нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта камтар шудааст.
Дар иншооти зериназоратӣ 14794 санҷиши санитарию эпидемиологӣ гузаронда, 6810 фарди масъул барои риоя накардани талаботи санитарию эпидемиологӣ ҷазои маъмурӣ гирифт. Инчунин, фаъолияти 938 иншоот бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи санитарию гигиенӣ муваққатан аз фаъолият боздошта, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 249 мавод, аз ҷумла 73 мавод барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ, пешниҳод гардидааст.
Саид Давлатзода, сардори Сарраёсати назорати давлатии санитариву эпидемиологӣ, гуфт, ки зимни санҷишҳо аз дукону мағозаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, бозорҳо ва нуқтаҳои савдои шаҳру ноҳияҳо, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ”, ба миқдори 157228 кило (ба маблағи зиёда аз 1,5 миллион сомонӣ) маҳсулоти хӯроквории ба талабот номувофиқ, муҳлатгузашта ва шубҳанок аз муомилот гирифта шуд. Инчунин, бо талоши назоратчиён 1316 бозичаи пастсифат ба бозор роҳ наёфт. Аз тарафи кормандони нуқтаҳои сарҳадии санитарию карантинии хадамот воридоти 457359 кило маҳсулот ба маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ ва 1003 бозичаи кӯдакона пешгирӣ гардид.
С. Бекмуродзода иброз дошт, ки барои риоя накардани қоидаҳои зиддиэпидемикӣ дар миқёси ҷумҳурӣ нисбат ба масъулони 73 муассисаи стоматологӣ, 67 сартарошхона ва 135 "Кошонаи ҳусн" ба маблағи 60350 сомонӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, фаъолияти 79 муассисаи стоматологӣ, 57 сартарошхона ва 91 "Кошонаи ҳусн" бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи санитарию гигиенӣ муваққатан боздошта шуд.
Шаҳбоз АБРОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.08.2019    №: 150    Мутолиа карданд: 203

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед