иҷтимоиёт
ДУШВОРТАРБИЯ. АНДЕШАҲОЕ, КИ БОЯД ГУФТ!
Дар шароити имрӯза яке аз масоили мубраме, ки ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст, ин афзун шудани сафи наврасону кӯдакон ва ҷавонони душвортарбия мебошад. Душвортарбия гардидани кӯдакону наврасон аз як тараф ба ҳолати равонии онҳо вобастагӣ дошта бошад, аз ҷониби дигар мутобиқат накардани муносибату бархӯрди падару модар ва муҳит ба майлу завқ, хоҳиш ва талаботҳои онҳост.
Бо дидани муомилаи нохуш аз ҷониби наздикону пайвандон ва муносибати тезу тунди онҳо ҳолати равонии кӯдакону наврасон осеб дида, боиси рафтори нохубашон мегардад. Таъсири сухан муҳимтарин унсури таълиму тарбия ба шумор меравад. Омӯзгорон ва падару модароне, ки ин маҳоратро доро мебошанд, дар таълиму тарбия ҳамеша муваффақанд. Хусусан, сухани падару модар ба фарзанд таъсирбахш аст, зеро чи коре, ки дар хона рух медиҳад, ҳатман ба психологияи кӯдак таъсир мерасонад.
Равоншиносон бар ин назаранд, ки ҳар андоза муносибат ва муомила ба ашхоси осебпазир сард гардад, онҳо торафт бадрафтор мешаванд. Аз ин рӯ, атрофиёнро лозим аст, ки дар назди фарзандон бо овози баланд баҳс накунанд, якдигарро танбеҳ надиҳанд, суханони бад нагӯянд, зеро ҳар як ҳаракату сухане, ки аз ҷониби волидайн шунида мешавад, кӯдак онҳоро ба хотир мегирад. Дар ҳама маврид пеши чашми кӯдак ҳангоми муомила аз бархӯрди шадид худдорӣ кунанд. Зеро танҳо дарки ҳамаҷонибаи кӯдакони душвортарбия, ба роҳ мондани муомилаи хубу созанда дар рафти таълим, муносибати баробарӣ ва ба ин монанд рукнҳои педагогӣ дар рушди солими минбаъдаи кӯдакону наврасони осебпазир метавонад кумак расонад. Алалхусус, истифодаи ҷумлаҳои таскинбахш ва такондиҳанда, ба монанди “Ман туро мефаҳмам”, “Ҳолати туро дарк мекунам”, “Ту аз уҳдааш мебароӣ”, “Қобилияти хуб дорӣ” ва ғайраҳо ба манфиати кор аст. Чуноне гуфтем, аз сабабҳои аслии душвортарбия шудани баъзе кӯдакон ин муомилаи сарди атрофиён аст. Аз ин рӯ, изҳори меҳру муҳаббат, нишон додани дӯстдорӣ ва самимият ба осебпазир будани онҳо нуқта мегузорад.
Муҳити хонаводагӣ ва мактаб ба ҳаёти иҷтимоии ҳар як шахс таъсири асосӣ мерасонад. Наврас он чиро ки аз оила гирифта наметавонад, бояд аз мактаб гирад. Агарчи аксарият ҷараёни душвортарбия гардидани кӯдаконро ба тарбия ва муносибати волидон ба наврас вобаста медонанд, аммо омӯзгорони касбӣ ва огоҳ аз нозукиҳои таълиму тарбия метавонанд, ки ин хатарро аз байн баранд.
Назира САЙИДОВА, омӯзгор, шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.08.2019 №: 159 Мутолиа карданд: 573