logo

иҷтимоиёт

ҚАТЛИ ҲОМИИ АДОЛАТ. НУРУЛЛО ҲУВАЙДУЛЛОЕВ БО ДАСТИ ТТЭ НАҲЗАТ КУШТА ШУД

24 августи соли 1992 аввалин Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев дар авҷи даргириҳои шаҳрвандӣ дар шаҳри Душанбе кушта шуд. Ин қазия яке аз саҳнаҳои фоҷианок ва  даҳшатафкани ҷанги таҳмилӣ  буд, ки ба афкори умум бетаъсир намонд.
Нурулло Ҳувайдуллоев соати 7:50 - и  саҳар ҳангоми рафтан ба ҷойи кор аз ҷониби хунхорони ташкилоти террористии наҳзат ба қатл расонда шуд. Қотилон аввал мошини хизматиро боздошта, ӯро ҳамроҳи ронандааш аз мошин ба берун кашиданд. Баъдан, бо таҳқир фармон доданд, ки Прокурори генералӣ дар назди онҳо ба зону занад, аммо Нурулло Ҳувайдуллоев ҷавоби рад дод. Дар ҷавоб ба ин амали ҷавонмардонаи Прокурори генералӣ, қотилон нахуст ба зонуҳояш чанд тир заданд ва чун ба замин афтод, тирборонаш карданд. Бо чанд тири дигар ронандаашро, ки мехост ба ӯ кумак кунад, ба ҳалокат расонданд. Дар рафти ташхис аз бадани марҳум Нурулло Ҳувайдуллоев беш аз 20 тир дарёфт гардид.
Аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба куштори Нурулло Ҳувайдуллоев бо моддаи 63, қ.3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Акти террористӣ» парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Дар натиҷаи бурдани тафтишоти пешакӣ муайян шуд, ки Прокурори генералии кишвар Нурулло Ҳувайдуллоев аз ҷониби аъзои ташкилоти террористии наҳзат: Раҳимбек Нуруллобеков ва Давлатбек Маҳмудов бо супориши бевоситаи роҳбарони ин ташкилоти террористӣ ба қатл расонда шудааст. Ҷинояткорон аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ сари вақт дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Р. Нуруллобеков ва Д. Маҳмудов дар ҷинояти мазкур гунаҳгор дониста шуда, мувофиқи ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қатл маҳкум гардиданд ва ҳукм нисбат ба онҳо соли 1994 ба иҷро расонда шуд.   Аз он замони пурфоҷиа инак, 27 сол мегузарад, аммо хотироти он рӯзҳои мудҳиш то ҳанӯз дар зеҳни аҳли ҷомеаи мо боқист. Доир ба ин рӯйдод устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Абдулмумин Қутбиддинов суҳбате дошт бо яке аз шогирдони  Нурулло Ҳувайдуллоев, номзади илмҳои кимиё, дотсенти кафедраи иқтисод ва савдои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ,  Нарзулло Қобилов, ки фишурдаи он манзури хонандагон мегардад.
- Муҳтарам Нарзулло Қобилов, дар хотироти шумо баъд аз сипарӣ шудани ин ҳама солҳо симои устод чӣ гуна ҷилвагар мешавад?
- Боиси ифтихори ман аст, ки устоди маро дар кишвар чун як тан аз бунёдгузорони Ҳукумати конститутсионии Тоҷикистон мешиносанд. Ҳамагон, бавижа, насли калонсоли кишвар хуб медонанд, ки марди ҷасуру ҳақиқатпараст ва  адолатпарвар буд. Дар рӯзҳои тақдирсозу вазнин ва ҳассостарини таърихи навини миллат вазифаи ниҳоят пурмасъулиятеро ба зимма дошт ва то вопасин лаҳзаҳои зиндагии хеш барои таъмини волоияти қонун ва зиндагии осоиштаи мардум хидмат кард ва дар ин роҳ, ҳатто ҷони худро дареғ надошт. 
Нурулло Ҳувайдуллоев дар роҳи ҳифзи адолат матин ва устувор буд. Ӯро тарсондан имкон надошт. Барои ҳамин ҳам мавсуфро дар ҷумҳурӣ ҳамчун инсони поквиҷдон, ростқавлу росткор ва принсипнок, ҳуқуқшиноси соҳибтаҷриба, ҷасуру қавиирода, дилсӯзи Ватан мешинохтанду эҳтиромашро ба ҷо меоварданд. Хислатҳои наҷибу ибратбахш ва аъмоли қонунмадоронааш сабаби вирди забонҳо шудани номи нек ва ба дилҳо роҳ ёфтани ӯ гардида буд. Ӯ ҳуқуқдони маъруф, яке аз муаллифони лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар қонунҳои ҳаётан муҳими кишвари мо, ҳамзамон, ҳомӣ ва ҷонибдори пойдор намудани давлати ҳуқуқбунёди тоҷик ба шумор мерафт. Ҳамчунин, ӯ аз оғози фаъолияти корӣ дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон то лаҳзаи ҳалок шуданаш бо ашхоси ҷиноятпешаву авбошу ғоратгар  ва вайронкунандагони қонун муборизаи оштинопазир мебурд. Ӯ ба касби худ содиқ ва донишманд буда, номзади илми ҳуқуқшиносӣ ва олими ҳуқуқдон буд.  Теъдоди зиёди шогирдон, ҳуқуқшиносҳои маъруфро тарбия намудаанд, ки имрӯз дар мақомоти прокуратура, суд ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар садоқатмандона хидмат мекунанд ва посдори номи неки ӯ ҳастанд.
Устод, аз зумраи ҳуқуқшиносоне буд, ки риояти бечунучарои Конститутсия ва қонунҳои амакунандаи кишварро бо қатъияти том талаб менамуданд ва мутмаин буданд, ки риоя нашудани қонун ва бе ҷазо мондани ҷинояту ҷинояткор сабаби бадбахтӣ ва нооромии ҷомеа гардида, кишварро ба буҳрони сиёсӣ мувоҷеҳ хоҳад кард.
- Дар бораи қотилони Нурулло Ҳувайдуллоев чӣ медонед? Ба гумони шумо дар пушти ин қазия киҳо ва кадом гурӯҳе истода буд ва чӣ ҳадаферо пайгирӣ мекард?
- Бар асоси далелу мадракҳои тасдиқшуда метавон бо камоли итминон гуфт, ки дар пушти ин моҷаро ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзат меистад. Террористони ҳизби наҳзат дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба хотири ба вуҷуд овардани бесарусомониву даҳшатафканӣ ва ҳараҷу мараҷ дар ҷомеа ҷиноятҳои зиёде содир карда, қабл аз ҳама афродеро ҳадаф қарор доданд, ки масъули риояти тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун буданд. Он ҷинояткорон чунин ашхосро душмани асосии худ дониста, бо таҳрики неруҳои муайяни тафриқаангез дар паи ҷисман аз байн бурдани онҳо буданд. Ашхоси масъул ва шуҷое, ки бидуни эътибор ба тавтеапардозиву ҳаросафкании наҳзатиён барои волоияти қонуну ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ талош мекарданд, табиист, ки ба ҳадафи тири ин ҷиноятпешагон табдил меёфтанд. Яке аз ҳамин гуна ашхоси шуҷоъ ва ҳомии сохти конститутсионӣ устод Нурулло Ҳувайдуллоев буд, ки ҳамагӣ чор моҳ пеш аз қазияи маргашон ба вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуда буд.
- Ба андешаи шумо омили аслии қатли Нурулло Ҳувайдуллоев бо дасти наҳзатиён дар чӣ буд?
- Бо вуҷуди он, ки дар он солҳо  вазъи сиёсии кишвар хеле мураккаб буд, устоди шодравонам мутмаин буданд, ки танҳо ба василаи риояи бе чуну чарои қонунҳо мо метавонем ҷумҳуриямонро аз бунбасти ҷанги шаҳрвандӣ берун кашем. Аз ин рӯ, ӯ дар он солҳо ҳеҷ гоҳ бо унсурҳои ҷиноятпеша ва, махсусан, бо террористони наҳзатӣ созиш накарданд ва барои ҳар нафаре, ки қонунро вайрон намуда аз ҷаҳорчӯби он по берун мегузошт, ҳамчун ҷинояткор муносибат мекард. Ӯ ба ҳайси Прокурори генералӣ баъди зӯран аз тарафи аносири ҷиноӣ тасарруф шудани ҳокимият дар пойтахти кишвар алайҳи он унсурҳои ҷиноӣ мубориза бурда, амалкардҳои онҳоро ғайриқонунӣ меҳисобид ва ошкоро алайҳи онҳо ҳарф мезад. Бар асоси маълумоти дастрас террористони наҳзатӣ он замон аз роҳҳои зиёде истифода намуда буданд, то Нурулло Ҳувайдуллоевро ба тарафи худ моил кунанд, аммо ӯ, ки ахлоқи баланди инсонию касбӣ дошт ва дилаш барои миллату кишвари худ месӯхт, ҳеҷ вақт бо унсурҳои ҷиноятпеша ҳамкорӣ накарданд ва виҷдону обрӯи хешро қурбони пулу мол насохтанд. Аз ин рӯ, ҷиноятпешаҳои наҳзатӣ ӯро чун як душмани оштинопазири худ дониста, барои ҷисман аз байн бурдани вай тасмим гирифтанд. Он вақт Нурулло Ҳувайдуллоев ҳамагӣ  52 сол дошт ва дар авҷи камолот буд. Қатли устод бо дасти ҷиноятпешагони террористи наҳзатӣ қатли қонун, адолату инсоф ва ҳақиқат буд.
- Имрӯзҳо ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ ва пайравони он дар Аврупо худро ҳамчун ҳомии ҳуқуқи инсону арзишҳои демократия ва ҷонибдори адолати иҷтимоӣ нишон додан мехоҳанд. Ин мавқеъгирии риёкоронаи онҳоро шумо чӣ гуна баҳо медиҳед?
- Ман аз риёкориву дурӯғгӯиҳои саркардагони ҷиноятпешаи ин ташкилоти террористии наҳзатӣ, ки дар Аврупо бидуни ҳеҷ хиҷолате феълан аз ҳуқуқи инсону арзишҳои демократия, волоияти қонуну ҳақиқату адолат ҳарф мезананд шигифтзада мешавам. Ин “ҳомиён” ва “ҷонибдорон” - и адолати иҷтимоӣ ҳамонҳоеанд, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳуқуқи инсону волоияти қонунро дар кишвари тозаистиқлоли мо аз байн бурда, беш аз 150 ҳазор нафарро ба қатл расонданд ва боиси тахриби иқтисоди кишвару вайронии садҳо шаҳраку деҳот шуданд, зиёда аз як миллион шаҳрвандони бегуноҳро хонавайрону фирорӣ ва дарбадар карданд. Сабаби ғорати сартосарии кишвар гардида, зерсохторҳои иҷтимоиву иқтисодиро маҳв намуданд. Ин афроди хиёнатпеша, ки алҳол чун буқаламун ранги худро дигар ҷилва доданӣ ҳастанд, бояд дар хотир дошта бошанд, ки аъмоли касифонаву разилонаи онҳоро мардуми мо ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард. Мусибате, ки онҳо ба сари мардуми тоҷик овардаанд, дар дафтари таърихи миллат ҳамчун фаҷеътарин ҳаводис дарҷ шудааст. Наҳзатиёни хиёнаткори фирорӣ феълан дар ҳар куҷо ва бо ҳар шакле, ки чеҳранамоӣ накунанд, боз ҳам симои манфур ва мардумситезонаи онҳоро мардуми тоҷик хуб мешиносад ва дигар ҳаргиз фиреби ин дасисакоронро нахоҳад хӯрд.
- Барои суҳбати самимӣ аз шумо сипосгузорем!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2019    №: 160-161    Мутолиа карданд: 321
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед