logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

29 август таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар маҷлис нахуст вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода оид ба ҷараёни иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017, рақами 89 “Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасои масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 - 2020” гузориш дод.
Таъкид гардид, ки бо мақсади паст намудани шиддати паҳншавии сирояти вируси норасоии масунияти одам дар ҷумҳурӣ ва расондани хизматрасониҳои тиббию иҷтимоӣ ба ниёзмандон ин барномаи миллӣ қабул гардидааст. Ҳадафи асосии барнома дастрасии баробари аҳолӣ ба хизматрасониҳои босифат оид ба пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ вобаста ба сирояти вируси норасоии масунияти одам мебошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки барои иҷрои босифати барнома чораҳои иловагӣ андешида шаванд.
Сипас, аъзои Ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бучети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019”, дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ” ва дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ”- ро муҳокима карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карданд.
Дар кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳо «Дар бораи консепсияи рушди соҳаи ангишт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», «Дар бораи Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2024», «Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Дар бораи Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2023» ва «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии “Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб” муҳокима гардида, вобаста ба татбиқи онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Дар охир Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба иҷрои дастуру супоришҳои маҷлиси навбатӣ ҷалб карданд.
Сарвари давлат дастур доданд, ки аъзои Ҳукумат ва роҳбарони сохторҳои давлатӣ ҷиҳати дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои стратегӣ аз тамоми имкониятҳо истифода баранд. Супориш дода шуд, ки Ҷашни умумимиллӣ - 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар саросари кишвар ба таври бошукӯҳ ва бо дастовардҳои арзанда таҷлил гардад.
Ҳамчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки барои истиқболи сазовори 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ иншооти таъйиноти гуногуни нақшавӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар сари вақт ва бо сифати баланд бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд.
Дастурҳои дигар ба Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вобаста ба омодагии ҳамаи бахшҳо ба маъракаи зимистонгузаронӣ, кишти тирамоҳӣ ва вусъати корҳои ободонӣ дода шуданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.08.2019    №: 166    Мутолиа карданд: 224

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед