logo

сиёсат

БИНОИ ҶДММ "КОЛЛЕҶИ ТИББӢ - ИҶТИМОИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ" МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

Дар идомаи тадбирҳои босуръати ободонию бунёдкорӣ дар шаҳри Душанбе 30 - юми августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои нави Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Коллеҷи тиббӣ - иҷтимоии шаҳри Душанбе» - ро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ин бинои хуштарҳу замонавӣ бо шароити мусоиди таълимӣ, аз ҷумла озмоишгоҳҳо, кабинетҳои фаннӣ, толори варзиш, ошхона ва таҷҳизоти тиббӣ дар давоми чор сол бо маблағгузории Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, соҳибкорони маҳаллӣ ва саҳми худи таълимгоҳ сохта шудааст.
 Бинои нав  аз 7 ошёна иборат буда, дорои 75 синфхонаи таълимӣ, 19 ҳуҷраи корӣ, 4 синфхонаи компютерӣ, китобхона бо фарогирии 13 ҳазор нусха адабиёти бадеӣ, таълимӣ - методӣ ва сиёсӣ, 4 синфхонаи лексионӣ барои 100 ҷойи нишаст, ошхона барои 300 нафар дар як вақт, маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.
Муассисаи таълимӣ барои 1200 нафар донишҷӯ дар як баст пешбинӣ шудааст. Айни замон дар ин коллеҷ аз рӯйи 7 ихтисос - кори ҳамширагӣ, кори фармасевтӣ, кори табобати дандон ва дандонсозӣ, кори тиббӣ - офиятӣ, кори ҳамширагӣ дар косметология ва кори момодоягӣ мутахассисон омода карда мешаванд.
Бо назардошти зиёд будани муроҷиати шаҳрвандон ва фароҳам будани шароити мусоид шуъбаи шабона низ таъсис дода шудааст. Дар ин шуъба аз рӯи ихтисосҳои кори ҳамширагӣ, кори фармасевтӣ ва кори дандонсозӣ мутахассисон тайёр карда мешаванд. Барои ин дар коллеҷ ташхисгоҳи химия, физика, кори ҳамширагӣ, фармакогнозия ва технологияи дорусозӣ таъсис дода шудаст. Иттилоъ дода шуд, ки қаблан шумораи кормандони ин коллеҷи хусусӣ 90 нафарро ташкил медод. Ҳамакнун бо фароҳам гардидани шароити мусоиди таълим шумораи кормандон ба 200 нафар расидааст.
Ҳангоми шиносоӣ бо фаъолияти коллеҷи тиббӣ- иҷтимоии шаҳри Душанбе роҳбарият ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки дар марҳилаҳои оянда нақша доранд дар шафати ин бинои таълимӣ боз як бинои 6 - ошёна сохта ба истифода диҳанд.
Тибқи лоиҳа дар 3 ошёнаи бинои нав беморхонаи нигоҳубини ҳамширагӣ ва дар ошёнаҳои болоӣ хобгоҳ барои донишҷӯён пешбинӣ шудаанд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Коллеҷи тиббӣ - иҷтимоии шаҳри Душанбе» соли 2015 таъсис дода шуда, то имрӯз дар бинои иҷора амал мекард. Соли таҳсили 2017 - 2018 коллеҷи мазкурро аввалин маротиба 197 нафар ва соли таҳсили 2018 - 2019 317 нафар хатм намуда, соҳиби ҳуҷҷати намунаи давлатӣ гаштанд. Айни ҳол дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Коллеҷи тиббӣ - иҷтимоии шаҳри Душанбе» 912 нафар донишҷӯ таҳсил менамояд.
Қабули довталабон тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, ҳамасола шумораи довталабони таҳсил аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат дар ин муассисаи таълимӣ меафзояд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаи таълимӣ суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, даъват ба амал оварданд, ки ҳамеша барои илмомӯзӣ кӯшиш намоянд ва дар таълиму тарбияи насли ҷавон масъулияти баланд дошта бошанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.08.2019    №: 166    Мутолиа карданд: 216

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед