logo

туризм

НАҚЛИЁТИ ҲАВОӢ. ЧАНД ПАҲЛУИ ЯК ПРОБЛЕМА

Дар ин рӯзҳои охири фасли тобистон ташрифи сайёҳони хориҷӣ ва сокинони мамлакат ба шаҳри Хоруғ тавассути терминалҳои 29 - 27 ва ҶДММ «Сайёҳат»  зиёд буда, мусофирон ба мушкили камбуди нақлиёт рӯ ба рӯанд. Бисёриҳо аз набудани ҳавопаймо дар ин масир изҳори нигаронӣ карда, фаъолияти хуби «таксии ҳавоӣ» - и Як – 40 – ро ёд меоранд.

Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Икром Субҳонзода, дар ин бора, иброз дошт, ки дар самти Душанбе - Хоруғ парвозҳо аз ҷониби ширкати миллии «Тоҷик Эйр» бо ҳавопаймои Ан-28 амалӣ мегардиданд. Азбаски дар нархи чипта зиёда аз 40 дарсад арзиши  нархи сӯзишворӣ, ҳамчунин, хизматрасонии аэронавигатсионӣ ва фурудгоҳӣ ташкил медиҳад, истифодаи хароҷоти ҳавопаймо афзуда, ба фаъолияти ширкатҳо таъсир расонд. Мувофиқи талаботи ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), то 30 дарсади маблағи парвозҳои маҳаллӣ бояд аз ҳисоби буҷети давлат ва ё аз даромади парвозҳои байналмилалӣ пардохта шавад. Ширкати миллии «Тоҷик Эйр» хароҷоти истифодаи ҳавопайморо дар маҳалҳо аз ҳисоби иҷрои парвозҳои чартерӣ мепӯшонд. Вале ширкат, бинобар вазъи душвори молиявӣ, дар хатсайрҳо парвоз анҷом дода натавонист ва 17,5 миллион сомонӣ зиён дид. Ҳоло ягона парвози маҳаллӣ дар самти Душанбе – Хуҷанд фаъол аст, ки аз ҷониби ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» сурат мегирад. Барои кушодани хатсайри нав ва интиқоли мусофирон ба шаҳри Хоруғ як ширкати ҳавоӣ дархост пешниҳод намуд, то аз фурудгоҳи ҳарбии Фахробод парвоз анҷом диҳад, вале ба хотири  таъмини бехатарии мусофирон барои кушодани хатсайр иҷозат дода нашуд.
Парвозҳои маҳаллӣ, ба андешаи мутахассисон,  ба рушди авиатсияи хурд алоқаманданд. Фурудгоҳҳои маҳаллии шаҳру вилоятҳо имрӯз таъмирталаб бошанд ҳам, коршояманд. Аз ҷумла фурудгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои  Бохтар, Кӯлоб, Исфара, Хоруғ, Панҷакент, Мурғоб, Ишкошиму Истаравшан то соли 2012 ҳавопаймои Як – 40  - ро қабул мекарданд. Аз 18 ҳавопаймо ҳоло як ҳавопаймои Ан – 28 боқӣ мондааст, ки он то тирамоҳи соли 2018 ба мусофирон дар хатсайри Душанбе – Хоруғ хизматрасонӣ намуд. Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, имрӯз дар парвозҳои маҳаллӣ роҳандозӣ намудани тайёраҳои хурд ба манфиати кор аст, - гуфт А. Набизода.
Хуллас, бо вуҷуди он ки,  ҳоло авиатсияи миллӣ дар ҳоли рушд қарор дорад, парвоз дар дохили кишвар, ки рафтуомади бемамониати сокинонро таъмин менамояд, ҳанӯз ба таври зарурӣ роҳандозӣ нашудааст. Сафари сайёҳон низ ба минтақаҳои дурдасти кӯҳистон сол ба сол меафзояд. Танҳо давоми шашмоҳаи аввали соли равон шумораи туристон ба Тоҷикистон 25 дарсад зиёд шудааст, ки беҳсозии хидмати босифати нақлиётиро дар маҳалҳо тақозо менамояд. Барои мисол, ширкатҳои сайёҳии кӯҳӣ ҳамасола бо гирифтани чархбол тариқи иҷора аз ширкати «Тоҷик Эйр» ба сайёҳон хидмат мерасонданд. Имсол низ ба ширкати миллӣ барои иҷора гирифтани чархбол дархост шудааст. Аммо аз сабаби таъмирталаб будани чархболҳо ба сайёҳон чунин хизмат расонда нашуд. Хизматрасонӣ бо чархбол, махсусан бо мақсади шикори ҳайвонот, ба буҷети маҳаллӣ ҳазорҳо сомонӣ даромад меорад. Пас, сари ин масъалаи рӯз бояд андешид.
Оҳистамоҳи ВАФОБЕК, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.09.2019    №: 167-168    Мутолиа карданд: 1621

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед