logo

сиёсат

ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ТОҶИКОБОД

Тоҷикобод ҳамсоли даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст. Аз ин лиҳоз, ки агар Тоҷикистон соли 1991 истиқлолият ба даст оварда бошад, аз нигоҳи маъмурӣ ҳамон сол ноҳияи Тоҷикобод аз нав эҳё гардид. Дар ин муддат дар ноҳия иншооти хурду бузург, аз қабили биноҳои наву хуштарҳи маъмурию маишӣ, марказҳои тиҷоратӣ, бунгоҳ ва марказҳои саломатӣ дар гӯшаҳои дурдаст, мумфарш ва чароғон шудани кӯчаҳои марказии ноҳия, бунёди калонтарин варзишгоҳ дар водӣ, меҳмонхонаи сеошёнаи замонавӣ ва чандин иншооти зарури хоҷагии халқ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Ин нуктаро раиси ноҳия Ҳамидулло Маҳмадшозода дар маросими таҷлили 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шукӯҳу шаҳомати хосса дошт, иброз намуд. Ба гуфтаи мавсуф, бунёди шоҳроҳи байналмилалӣ, ки тавассути ноҳия гузашта, ҷумҳуриро бо кишварҳои ҳамсояи Чин ва Қирғизистон мепайвандад, ҳамчунин, пули азими Ваҳдат дар даромадгоҳи ноҳия аз дастовардҳои дигари муҳим ба ҳисоб мераванд.
Муҳимтарин воқеаи соли ҷорӣ ташрифи навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Тоҷикобод буд, ки 25 июн ба вуқӯъ пайваст. Дар ҷараёни сафар ба истифода супурдани рамзҳои давлатӣ - Парчам ва Нишон, бинои маъмурии шабакаи барқ, ҳамчунин барои пурра намудани талаботи кадрӣ ба соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ҷудо шудани 124 Квотаи президентӣ,  аз ҷумла 84 ҷой барои духтарон аз таваҷҷуҳи бесобиқаи Пешвои миллат ба ин ноҳияи дурдасти кӯҳистон дарак медиҳад.
Дар доираи корҳои ободонӣ, инчунин, биноҳои нави дуошёнаи суди ноҳия ва  бинои замонавии кӯдакистони “Парасту” мавриди истифода қарор  гирифтанд. Дар арафаи ҷашн бо ҷалби соҳибкорон дар деҳаҳои Фатҳобод ва Гулистон майдончаҳои варзишии нав расман ба истифода супурда шуда, ҳамзамон, маъракаи хатнасури 21 нафар фарзандони оилаҳои камбизоат гузаронда шуд.
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод бо ифтихор аз ободии Ватан, Ҷашни Истиқлолияти давлатии кишварро таҷлил намуда, ба кор даромадани чархаи дуюми Неругоҳи барқи обии "Роғун" - ро дар ин рӯзи фархунда ҳамчун оғози марҳилаи нави созандагӣ, татбиқи ҳадафи чорум - саноатикунонии мамлакат меҳисобанд.
Дилшод АМИРОВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.09.2019    №: 174-175    Мутолиа карданд: 413
23.04.2021


Ҳамкорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ матраҳ шуд

ҲИНДУСТОН. РЕКОРДИ НАВИ СИРОЯТЁБӢ БА ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУС

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ДАР БИСТ РӮЗ 82 ДАРСАДИ НАҚША ИҶРО ШУД

ВАЗЪИ БОЗОРИ ДОХИЛИИ АСЪОР

РОҒУН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

2020. Пешгирии 44 амали террористӣ дар Россия

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДЗЮДО

Навиди фарҳанг

ДАР ХУҶАНД МАКТАБИ ОКСФОРД БУНЁД МЕШАВАД

“МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ҲИНДУСТОН”

21.04.2021


ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ ТАЪКИД ГАРДИД

20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед