logo

иқтисод

АЗ ДЕВДАРА БА ГУЛДАРА

Ба касе пӯшида нест, ки солҳои тӯлонӣ барои  пайвасти  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дигар манотиқи кишвар дар чор фасли сол набудани роҳи доимӣ аз мушкилоти сангин маҳсуб меёфт. Ин масъала борҳо то дар замони шӯравии абарқудрат баррасӣ гардида  бошад ҳам, вале ҳамаи он бенатиҷа монд. Бори аввал лоиҳаи қитъаи роҳи мошингарди Кӯлоб - Қалъаихумбро дар соҳили рости дарёи Панҷ соли 1947 Институти лоиҳакашии  Ҷумҳурии Гурҷистон омода карда буд ва роҳсози собиқадор Аҳмадҷон Исмоилов аз он давра чунин ёд меорад:
- Бо он ки ҷавон будам, маро роҳбалади гурҷиҳои лоиҳакаш таъйин намуданд. Ҳатто қадам задан дар он роҳи морпечи хавфнок душвор буд. Мабодо ба поён нигоҳ кунӣ, дилатро воҳима зер мекард. Гӯё касро чун оҳанрабо кафкҳои дарё ба худ мекашид. Лоиҳа аз ноҳияи Шӯрообод (ҳоло Шамсиддини Шоҳин) то ноҳияи Калъаихумбро дар бар гирифта, арзиши он 180 миллион рубл буд. Татбиқи лоиҳа бо сабаби хеле мушкил будану арзиши баланд  доштан, мавқуф гузошта шуд.
Бори дуюм соли 1961 Институти лоиҳакашии Тоҷикистон лоиҳа омода кард, ки сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб-Калъаихумб ва Нулвандро дар фосилаи 187 километр пешбинӣ намуд. Барои татбиқи он бояд геологу таркишгар, муҳандису роҳсозон, аниқтараш даҳҳо ташкилоту идораҳои сохтмонию роҳсозӣ ҷалб мешуданд, аз ин рӯ, дар доираҳои илмӣ он қабул нагардид. Инчунин, он маблағи ниҳоят калонро талаб менамуд.
Роҳсозони собиқадор имрӯз бо як ифтихор изҳор медоранд, ки вақте  Тоҷикистони соҳибистиқлол мегӯем, пеши назари мо, пеш аз ҳама, иродати бузурги созандагии Роҳбари Олии мамлакат,  номуси ватандорӣ, ҷоннисорӣ барои  кишвари воҳиду ягона меояд.
Ҳанӯз дар рӯзҳои нахустини ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолият доштан, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон     таъкид намуда буданд, ки бояд роҳҳои минтақаҳои ҷумҳурӣ дар чор фасли сол кушода бошанд ва мардум бемалол рафтуомад кунад, зеро як сабаби рушд накардани иқтисодиёти ҷумҳурӣ  ҳамин мебошад. Махсусан, ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қариб 6 моҳ роҳ баста аст. Бо вуҷуди ҳамаи мушкилиҳо, аввалин коре, ки мо бояд анҷом бидиҳем, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Воқеан ҳам, дар солҳои барои кишвар душвортарин, яъне соли 1996, бо иқдоми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сохтмони роҳи мошингарди Шӯрообод - Дарвоз шурӯъ гардид. Дар он солҳо   сафарбарии техникаю таҷҳизот  ва дарёфту ҷудо намудани маблағ кори ниҳоят вазнин буд.
Сохтмон аз ноҳияи Дарвоз оғоз гардид, ки ба воситаи ағбаи Хобуработ интиқоли техникаю таҷҳизот, сӯзишворӣ ва роҳсозон  кори осон набуд. Даҳҳо техникаи пуриқтидор, садҳо роҳсозу муҳандис, геологу лоиҳакаш ва пармагару таркишгар барои ояндаи неки Ватан корро оғоз намуданд.  Дар ин давра, беш аз 20 маротиба лоиҳа тағйир ёфт. Пеш аз ҳама, шахҳои ниҳоят сахту мустаҳкам дар масири ҳазорҳо метр бурида шуда, роҳ бунёд мегардид. 
Мавзеи Девдара дар ин масир яке аз мушкилтарин қитъа ба ҳисоб мерафт. Зеро пайраҳаи собиқ аз баландии чандин шахҳои азамат мегузашт ва ҳар ҷо аз дарахти арча бо такяи санг роҳ карда буданд ва садсолаҳо боз мавриди истифода қарор дошт.
Собиқадори меҳнат аз рустои Зиҷари ноҳияи Дарвоз Назриддин Баҳриддинов, ки  дар сохтмони ин роҳ иштирок намудааст, иброз медорад: «Барои одамон убури Девдара худ як даҳшат буд. Садои воҳимангези он ба дили мусофирон ваҳм меовард ва ҳатто ривоятҳои зиёде низ роиҷ буд, ки гӯё ким - кадом махлуқҳои девбашара дар он ҷо зиндагӣ мекунанд. Мавзеи «Таёқпарто» бошад, пайраҳае буд, ки ҳатто дар даст доштани асо ба кас вазнинию аз тангии роҳ кас намедонист, ки  онро дар кадом дасташ нигоҳ дорад.   Барои тай кардани 5 - 6 километр роҳ 17 - 18 соат даркор буд ва касе намедонист, ки ӯро чӣ интизор аст».  
Собиқадори геологияи тоҷик Зуур Ёров мегӯяд, ки иқдоми бузурги Роҳбари давлат буд, ки дар ҳамон солҳои душвор сохтмони ин роҳ шурӯъ гардид ва барои эҳёи «Шоҳроҳи абрешим» нафақат асос гузошта шуд, балки барои пайвасти транзитии Осиё ва Аврупо шароити комилро ба вуҷуд овард. Ниёгони мо қаблан то муаррифии   «Роҳи абрешим» ин масирро ҳамчун «Роҳи Нифрит» маъмул  гардонда буданд.  
Аксари роҳсозон он шабу рӯзро ба ёд оварда, бо як эҳсос мегӯянд, ки ҳатто барои ҳаракати техника шароит набуд.
Барои корҳои таркишгарӣ дар баландии шахи Девдара аввал геологҳо сафарбар гардида буданд. Онҳо бо як мушкилӣ ба мавзеи даркорӣ техникаю таҷҳизотро беосеб расонда,   дар панҷ ҷой  чоҳҳои  тақрибан 60 - метрӣ парма карданд. Рӯзи таркиш ҳам фаро расид. Акнун, барои сохтмони роҳ то андозае шароит фароҳам омад ва фурсатро ғанимат дониста, роҳсозон суръати корро дучанд намуданд.
Дар ҳамон солҳои душвор бо дастгирию мусоидати Пешвои миллат дар қитъаҳои махсусан касногузар барои интиқоли техника, роҳсозон ва таҷҳизот чархболҳо истифода мешуданд. Марҳилаи аввали сохтмони роҳи мошингард аз ҳисоби Буҷети давлатӣ бунёд гардид.
Ба андешаи собиқадори соҳа Усмонқул Шоҳқулов, ки солҳо дар лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Шоҳон - Зиғар фаъолият кардааст, сохтмони ин роҳ тибқи назари коршиносони сатҳи байналмилалӣ яке аз дастовардҳои муҳандисии ҷаҳони муосир мебошад. Дар идома бо як мамнуният изҳор медорад: «Мо ин суханонро борҳо бо кормандони Институти лоиҳакашии назди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбари ҳамоишҳои бонуфузи соҳавӣ дар кишварҳои гуногун аз ҷониби намояндагони мамолики дигар шунидаем, ки барои мисол  татбиқи лоиҳаҳои мураккабро  ба Тоҷикистони азизи мо нисбат медоданд.       
Ҳамин тариқ, баландии қаблии пайраҳа дар Девдара аз 80 то 110 метр, дар Камарбанд аз 38 то 15 метр паст фуроварда шуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 1999 ба ҳаракати нақлиёт бо ин роҳи нав иҷозат  дод, аммо ҳамзамон, сохтмон идома дошт.    
Моҳи июни соли 1999, зимни кушодашавии ин роҳи  таърихӣ,     Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ҳамаи ин дастовардҳо аз баракати соҳибистиқлолӣ ва якдигарфаҳмии мардуми кишвар аст ва сохтмони ин роҳ то Кулма идома меёбад. Ҳамчунин, пешниҳод карданд, ки Девдараро ба Гулдара табдил диҳем.
Дар рӯзи   кушодашавӣ   корвони пурбори маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ, доруворӣ ва китобу таҷҳизот, ки Сарвари давлат барои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оварда буданд, аввалин шуда, аз ин роҳ гузаштанд.  Мардум ашки шодӣ мерехт, роҳсозону мусофирон   ҳама ба рақс даромаданд. Ин лаҳзаҳои самимӣ ҳеҷ гоҳ аз пеши назари шоҳидони ин рӯйдоди таърихӣ зудуда нахоҳад шуд. Охир, мушкилоти садсолаҳо дар ду сол ҳал гардид.  Қариб ду ҳафта корвони мошинҳо аз ду тараф беист ҳаракат доштанд. Баъди чанде, дар ин шоҳроҳ корвонҳои пурбори соҳибкорон  аз тамоми кишвар  ба равуо сар карданд. Беҳуда ин роҳро «Роҳи ваҳдату якдилӣ» нагуфтаанд.
Пешвои миллат дар баробари дигар корҳои муҳим барои миллату давлат он ваъдаи ба роҳсозон ва мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон додаи худро фаромӯш накарда буданд. Солҳои  2003-2005 бо харҷи  зиёда аз 11 миллион доллар қитъаи Шоҳон - Зиғар таҷдид ва ба стандарти ҷаҳонӣ мутобиқ гардонда шуд, ки мавзеи  Гулдара низ шумули он аст. Дар фосилаи 38 километр бо паҳноии 12 метр 6 пули махсус ва дигар иншоот бунёд  гардид.
2 ноябри соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Дарвоз, дар маросими ба истифода додани қитъаи роҳи мошингарди Шоҳон - Зиғар ба кори роҳсозон баҳои баланд доданд. Мулоқоти басо хотирмони Роҳбари давлат бо роҳсозону сокинони ноҳия то ҳанӯз дар лавҳи хотири мардум  нақш бастааст.        

Муҳаммадраҷаби ҲАНАФИЯ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.09.2019    №: 177    Мутолиа карданд: 419
27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

ИҚДОМИ ЯК ДОНИШКАДА

ХУҶАНД. ВЕБ-СЕМИНАР ОИД БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ COVID – 19

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД

СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК

ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ

МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед