logo

сиёсат

ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОС БА ЯК ҚАТОР ИНШООТИ МУҲИМ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Оғози бунёди ҶДММ “Қолинҳои Душанбе” дар ноҳияи Шоҳмансур

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Зебунисои ноҳияи Шоҳмансур барои бунёди корхонаи азими қолинбофӣ – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Қолинҳои Душанбе” санги асос гузоштанд.
Аснои муаррифии лоиҳа тазаккур дода шуд, ки иқтидори корхона дар як сол истеҳсоли 1,5 миллион метри мураббаъ қолин мебошад. Дастгоҳҳои қолинбофӣ аз ширкати машҳури “Вандевил” - и Шоҳигарии Белгия ворид мешаванд.
Дар корхонаи “Қолинҳои Душанбе” таҷҳизоте истифода мегарданд, ки назираш дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нест ва маҳсулоти тавлидотӣ таъйиноти содиротӣ дошта, бо сифати олӣ истеҳсол хоҳанд шуд.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Қолинҳои Душанбе” аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, баъди сохта ба истифода додани он, 1000 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегардад. Ҷиҳати бунёди корхонаи мазкур 120 миллион сомонӣ сарф хоҳад шуд. Интизор меравад, ки ин корхонаи саноатӣ то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ дар иншоот бештар аз 100 нафар мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидааст.
Ҳангоми  шиносоӣ бо иқтидор ва тарҳу шакли корхонаи бунёдшавандаи истеҳсоли қолинҳо Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони корхона дастур доданд, ки пеш аз ҳама, ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот, сифати он ва тақвияти имконияти содиротӣ  диққати махсус дода шавад. Зеро ин яке аз омилҳое мебошад, ки тавассути он метавон дар бозори дохил ва хориҷи мамлакат нуфузи корхонаро баланд бардошт. Дар ҳоле, ки талабот ба маҳсулоти хушсифати истеҳсоли ватанӣ на танҳо дар дохил, балки дар хориҷи мамлакат низ хеле зиёд аст. Ба даст овардани эътимоди харидор ба сифати маҳсулот яке аз талаботи асосӣ дар роҳи муваффақ шудани корхона ба ҳисоб меравад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  иқдоми соҳибкоронро шоёни дастгирӣ арзёбӣ карда, бунёди корхонаи истеҳсоли қолинҳоро дар пойтахти мамлакат ба мақсадҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бобати амалисозии муваффақонаи ҳадафи муҳими стратегӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат ва таъмини ҳарчи бештари сокинон бо ҷойи кори доимӣ созгор арзёбӣ карда, ба масъулон дастур доданд, ки дар рафти сохтмон ба сифати корҳо аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Мактаби махсуси зеҳнӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Садриддин Айнии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо лоиҳаи бунёди мактаби махсуси зеҳнӣ шинос шуда, ба корҳои сохтмонии ин иншооти соҳаи маориф оғоз бахшиданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки иншооти бунёдшаванда барои 640 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст ва он бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.
Дар ҳудуди иншоот бинои таълимӣ, хонаи истиқоматии 5 - ошёна барои омӯзгорон бо 60 ҳуҷра, бинои 5 - ошёнаи хобгоҳ барои хонандагон бо 300 ҷойи хоб, майдони варзиш ва биноҳои техникию ёрирасон ҷойгир карда шудаанд.
Бо мақсади ба минтақаҳои алоҳида ҷудо намудани раванди таълим, он ба 8 қисм тақсим гардидааст. Қисми байнимеҳварӣ 3 - ошёна буда, ба он аз ду паҳлу ду қисмати канории 4 - ошёна пайваст мебошад. Дар онҳо синфхона ва озмоишгоҳҳо ҷойгир карда шудаанд. Ба қисми байнӣ галереяи дусатҳа ва 2 қисми дуошёна пайваст буда, яке дорои синфхонаҳои маҳфилӣ, толорҳои хореографӣ ва гимнастика мебошад.
Бино дорои китобхонаҳои маъмулию электронӣ, толори маҷлис барои 500 нафар, толорҳои варзиш ва ҳавзи шиноварӣ бо ҷойҳои нишасти тамошобинон буда, ҳар кадом дорои 300 курсӣ ва андозаҳои 36 метр дарозӣ ва 22 метр паҳноӣ мебошад. Дар таҳхонаи толори варзиш ошхона барои 250 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст.
Дар мактаб 36 синфхона, аз ҷумла амсиласозӣ (макетсозӣ), технологияи нав ва роботсозӣ, 9 озмоишгоҳи фаннӣ барои омӯзиши илмҳои дақиқ, толорҳои гимнастикаю хореография ва дастовардҳои хонандагон, толорҳои варзишу ҳавзи шиноварӣ бо ҷойҳои нишасти тамошобинон, студияи телевизиону назорати видеоӣ муҳайё карда хоҳад шуд.
Ҳангоми шиносоӣ бо лоиҳаи мактаби махсуси зеҳнӣ, ки тарҳи хосса дорад, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ дастуру маслиҳатҳои муфид дода, таъкид намуданд, ки иншооти мазкур барои дар оянда тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисос, афзудани неруи зеҳнӣ ва рушди сармояи инсонӣ дар хизмати давлатӣ аҳамияти баланд дорад ва он тавре бояд сохта шавад, ки солиёни дароз ба мардум хизмат намояд.
Иншооти мазкур дар доираи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ соли 2021 бо ҷалби беш аз 100 нафар корманду мутахассиси ватанӣ бо сатҳу сифати баланди ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ бунёд мегардад.

Корҳои сохтмонӣ дар ҶСП «Тоҷиксемент»
Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои бунёди боз як корхонаи азими саноатӣ санги асос гузошта шуд.
Самти фаъолияти корхонаи нав ба истеҳсоли семент нигаронда шуда, бо ҷалби сармояи ватанӣ сохта мешавад. Дар асоси лоиҳа иқтидори корхонаи истеҳсолии ҶСП «Тоҷиксемент» дар як шабонарӯз 3 ҳазору 300 ва дар як сол 1,2 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Сементи тамғаҳои 400, 500 ва 600 истеҳсол карда мешавад.
Барои бунёди корхонаи истеҳсолии ҶСП «Тоҷиксемент» аз ҳисоби заминҳои озоди ҳудуди шаҳри Душанбе, ки ба талаботи техникӣ ҷавобгӯ мебошад, 33 гектар ҷудо гардид. Хати истеҳсолии корхона, ки аз 10 сехи асосӣ ва ду сехи иловагӣ иборат мебошад, дар масоҳати 15 гектар васлу насб шуда, дар масоҳати боқимонда хирмани ашёи хом, анбори маҳсулоти тайёр, ташхисгоҳҳо, пойгоҳи автомобилӣ, сехи таъмирӣ, идораҳои корӣ ва дигар иншооти зарурӣ бунёд карда мешаванд.
Корхона ба таври муосир, мутобиқ ба стандарти байналмилалӣ ва барои муҳити зист ва аҳолии атроф безарар дар канори шаҳр бунёд меёбад. Чангу ғубор дар ҳамаи сехҳои корхона, яъне дар 10 марҳила мавриди полоиш қарор дода мешавад, ки дар натиҷа, 99,3 фоиз қоидаҳои ҳифзи муҳити зист таъмин ва истеҳсолот бе партов ба роҳ монда хоҳад шуд.
Зимни муаррифии лоиҳа ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ дар иншоот 1,5 сол идома меёбад ва дар ин давра 1500 нафар шаҳрванди мамлакат, хосса сохтмончиён бо ҷойи кор таъмин мешаванд. Баъди ба истифода додани корхона 450 ҷойи кори доимӣ таъсис меёбад.
Оҳаксанг, магнетит, гаҷ ва хок, дар маҷмӯъ, ашёи хом барои истеҳсоли семент дар ин корхона аз ҳисоби захираҳои табиии ватанӣ, аз ҷумла конҳои дараи Харангон, дастрас карда мешаванд.
Технологияи истеҳсолии корхонаи ҶСП «Тоҷиксемент» бо иҷозатномаи яке аз бонуфузтарин ширкатҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин истеҳсол карда шудааст.
Бунёди боз як корхонаи нави саноатӣ дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе барои амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар заминаи устувор хоҳад гузошт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли сементи баландсифат ва дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазирро муҳим шумурда, дар ин самт ба масъулон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Корхонаи истеҳсоли лӯлаҳои шишапластикии “Композит Т.А.”
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Чортеппаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо гузоштани санги асос ба бунёди корхонаи истеҳсоли лӯлаҳои шишапластикии “Композит Т.А.” оғози расмӣ бахшиданд.
Дар рафти корҳои бунёдгарӣ наздики 100 нафар мутахассису бинокори ботаҷриба  ба кор ҷалб мегардад.
Зимни шиносоии лоиҳа ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар корхона лӯлаҳои шишапластикии қутрашон 300 ва 3000 мм истеҳсол гардида, иқтидори солонаи он ба 150 км баробар хоҳад шуд. Лӯлаҳо новобаста аз дарозӣ ва ҳаҷм хеле сабук буда, аз лиҳози насбнамоӣ ва истифодабарӣ хеле сода ва осон мебошанд. Ҳамчунин, лӯлаҳои шишапластикӣ ба фишори баланд тобовар буда, оташбардор ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯанд.   
Бино ба иттилои масъулон, барои омода намудани маҳсулот, наздики 60 фоизи ашёи хом аз дохили кишвар дастрас карда мешавад. Мавриди зикр аст, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ лоиҳаҳои бузург дар соҳаи таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ, обёрӣ ва корезӣ, ки аз сарчашмаҳои гуногун, аз ҷумла аз ҳисоби Буҷети давлатӣ, грантҳо ва ё қарзҳои шарикони рушд маблағгузорӣ мегарданд, татбиқ мешаванд. Лӯлаҳое, ки ҳангоми амалинамоии лоиҳаҳои мазкур истифода мешаванд, асосан аз хориҷи кишвар харид мегарданд. Акнун баъд аз фаъол кардани корхонаи истеҳсоли лӯлаҳои шишапластикӣ дар шаҳри Душанбе, маҳсулоти он ивазкунандаи воридот гардида, ба буҷети кишвар низ таъсири мусбат хоҳад расонд.
Корхонаи мазкур дар миқёси ҷумҳурӣ назир надошта, он дар масоҳати умумии 4 гектар бунёд хоҳад шуд ва дар оянда лӯлаҳои истеҳсолшаванда барои мамлакат маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва содиротӣ ба ҳисоб мераванд. Корхона давоми 1,5 соли оянда бунёд гардида, дар сурати пурра ба истифода додани он беш аз 100 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳад шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён барои иҷрои босифати корҳои бунёдӣ ва дар муҳлати пешбинигардида ба истифода додани корхона, муваффақиятҳо орзу намуданд.  

Корхонаи таҷҳизоти барқӣ дар пойтахт сохта мешавад
Ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт ба корҳои сохтмонии корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ оғози расмӣ бахшида, бо лоиҳаи он шинос шуданд.
Корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти саноатикунонии босуръати кишвар бунёд мегардад.
Роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ба хотири истиқболи сазовор аз 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки аз ҳисоби маблағҳои ширкат ва таҳвили лизингии дастгоҳу таҷҳизот корхонаи муосири саноатиро дар шаҳри Душанбе сохта ба истифода диҳанд.
Зимни муаррифии лоиҳаи иншооти нави саноатӣ иттилоъ дода шуд, ки дар корхона, асосан, истеҳсоли дастгоҳҳои идоракунӣ ва мукаммали пастшиддати 0,4 киловолта, лавҳаҳои ҳимояи релеӣ ва автоматикӣ, дастгоҳҳои тақсимотии баландшиддати 6,10 ва 20 - киловолта, истгоҳҳои мукаммали трансформаторӣ, пояҳои оҳании гуногун барои низоми равшандиҳии хиёбону гулгаштҳо, равоқпояҳои зеристгоҳҳои барқӣ, пояҳои оҳании хатҳои интиқоли неруи барқ, ҳисобкунакҳои барқӣ ва хати истеҳсолӣ оид ба руҳандуд намудани ҳамагуна конструксияҳои оҳанӣ ба нақша гирифта шудааст.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол зиёда аз 1000 дастгоҳи идоракунӣ ва мукаммали пастшиддати 0,4 - киловолта, 500 адад дастгоҳи тақсимотии баландшиддати 6, 10 ва 20 - киловолта ва беш аз 200 адад истгоҳи мукаммали трансформаториро ташкил дода, бунёди иншоот иқдоми муҳим дар самти истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ дар дохили кишвар ва бад-ин васила таъмини боэътимоди соҳаҳои гуногуни мамлакат бо неруи барқ мебошад.
Барои истеҳсоли маҳсулот дар корхона дастгоҳҳои муосир, аз ҷумла қолибгарӣ, қаткунӣ, кафшергарӣ, рандакорӣ, харротӣ, рангуборкунии хока, ваннаҳо барои руҳандуд ва дастгоҳҳои коркарди конструксияҳои оҳану тахтасим аз корхонаҳои бонуфузи Аврупо, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки бо реҷаи ададӣ барномасозӣ гардидаанд, ворид ва васлу насб карда мешаванд.
Муҳлати бунёди ин корхонаи замонавӣ дар пойтахти мамлакат ду сол пешбинӣ гардидааст ва он дар рӯзҳои таҷлил аз 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ зиёда аз 200 нафар бо кори муваққатӣ ва баъди пурра мавриди истифода қарор гирифтани он 200 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳад гардид.
Аснои шиносоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи иншоот иттилоъ доданд, ки сокинон баъди омӯзиши раванди истеҳсолот дар корхонаҳои истеҳсолкунанда ба кор фаро гирифта мешаванд.  Ҳамчунин, дар нақша аст, ки дар назди корхона курсҳои бозомӯзии мутахассисон ташкил карда шавад ва барои танзими лавҳаҳои электронӣ, ки таваҷҷуҳи хоссаро талаб менамояд, 30 дарсади кормандон аз ҳисоби занон ба кор ҷалб мегарданд.
Бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани корхона, ки дар он, асосан, истеҳсоли молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигарондашуда ба нақша гирифта шудааст, тадбири муҳим дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар мебошад.
Иқдоми бунёди корхона, ки бо мақсади роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру ивазкунандаи воридот рӯи даст гирифта шудааст, ба коҳиши раванди воридоти дастгоҳу таҷҳизоти барқӣ, ки феълан аз хориҷ дастрас карда мешаванд, мусоидати фаъол хоҳад кард.
Гуфтан ба маврид аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври устувору доимӣ таъмин намудани аҳолии мамлакатро бо неруи барқ аз ҳадафҳои муҳими худ медонад ва ин раванд дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар бо роҳи афзоиш додани ҳаҷми истеҳсол, истифодаи сарчашмаҳои дигари тавлиди неруи барқ, баланд бардоштани самаранокии барқтаъминкунӣ дар соҳа ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ зина ба зина мавриди татбиқ қарор дорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо лоиҳаи иншоот иқдоми  роҳбарияти  Ҷамъияти  саҳомии  кушодаи  «Тоҷикгидроэлектромонтаж» - ро дар самти бунёди корхонаи муосири саноатӣ дар пойтахти мамлакат муҳим арзёбӣ намуда, зимни суҳбат бо масъулон ҷиҳати иҷрои босифати корҳо, истифодаи масолеҳи сохтмонии аълосифат ва дар муҳлати муайянгардида ба истифода додани иншоот дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.09.2019    №: 178    Мутолиа карданд: 123

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед