logo

сиёсат

ШИКАСТИ АҲД. АНДЕШАҲО ДАР ҲОШИЯИ МУНОҚИШАИ МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН

Муноқишаи навбатие, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 16 сентябр ба амал омад, бори дигар собит сохт, ки гурӯҳҳои манфиатхоҳ ва иғвогар аз тарафи кишвари ҳамсоя ҳамоно хостори оромиву субот дар минтақаи марзӣ нестанд ва тавассути ҳар гуна ҳангомаву иғво мехоҳанд душманӣ эҷод намуда, ҳатто, даст ба қатлу куштор зананд. Мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эълон доштанд, ки бар асари низои бархоста, ки дар он дасти марзбонони Қирғизистон ҳаст, подполковник Рустам Убайдуллоев, сарбозони қаторӣ Рамазон Исломов ва Ғиёсиддин Суванов кушта шуданд.
Дар аввалин фурсат маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман изҳорот дод, ки ҷониби кишвари ҳамсоя бар хилофи созишномаҳои қаблан баимзорасида дар ҳудуди майдони варзишии маҳаллаи Баҳори Ҷамоати деҳоти Овчӣ - Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сохтмони иншооти номаълумро роҳандозӣ кардаанд, ки амали мазкур сабаби норозигии мардуми ҷамоат гардидааст.
Натиҷаи чунин беэҳтиромӣ нисбат ба созишномаҳои байнидавлатӣ ба фоҷиаи нангине ба поён расид, ки марги се тан аз сарбозони шуҷои Ватани моро дар пай дошт. Худ равшан аст, ки ҷониби Тоҷикистон чун пештара ҳамон фарҳанги таҳаммулпазириро пеша намуда, аз яроқ истифода накард ва натиҷааш сина сипар кардани ин марзбонон ва маҷрӯҳ шудани чанд нафари дигар аст. Ҷои таассуф он аст, ки дар аввалин фурсат ҷониби қирғиз изҳороте пахш намуд, ки гӯё ҳамла аз ҷониби Тоҷикистон сар зада бошад ва кишвари моро айбдор намуд. Ин дар ҳолест, ки дар ҳамаи наворҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ паҳншуда ҳақиқати ҳол барои ҷомеаи ҷаҳонӣ равшан шуд, ҳатто маросими дафни сарбозони тоҷик ҳам манзур гардид. Вале ҳанӯз дақиқ нест, ки оё дар ҳақиқат нафаре аз ҷониби Қирғизистон ҳалок гардидааст ё на, он гуна, ки бо амали пешхезӣ кардан Тоҷикистонро айбдор намудаанд. Ин аввалин бор нест, ки чунин иғвогариҳо аз ҷониби қирғизҳо сар мезананд ва аллакай чандин нафар сокинони кишвари мо қурбони ин дасисаву иғвоҳои қувваҳои зидди оромиш гардидаанд. Вале набояд аз таҳаммулпазирӣ ва посдории оини олии инсонии ҳамсоядории тоҷикон ҳамсоягони қирғиз суиистифода намуда, даст ба куштори мардуми бегуноҳ зананд, зеро таърих гувоҳ аст, ки ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр...
Бо вуҷуди ин, намехоҳам мисли онҳо дағдағаву арбадаҳое барпо кунем, чун дар табиат ва сиришти мо ҳаргиз душманиву адоват ва кудурат ба ҳаққу ҳамсоя набудаву нест. Танҳо таассуф аз он дорам, ки ҳамсоягони мо худ аҳд бастанду аммо имрӯз аввалин шуда онро шикастанд, бо ин ки мо ба ҳама гуна аҳду паймони ҳамсоягиву дӯстӣ содиқ мондем ва эшонанд, ки шикаста аҳди худу гуфтанд, ҳар чи буд, гузашт. Чун ҳанӯз мисли мардуми мо ҳазорсолаҳо суннати посдорӣ ба аҳду паймони дӯстиву рафоқату хешиву ҳамсоягиро таҷриба накардаанд. Аз ин лиҳоз, саҳлу сода ин аҳдро шикастанд.
Нуралӣ НУРЗОД, номзади илмҳои филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.09.2019    №: 181    Мутолиа карданд: 1304

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед