Хабарҳо
"ГИРОМИДОШТИ ОБ ДАР ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ"
Бо ташаббуси Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Гиромидошти об дар фарҳанги миллӣ» конфронси илмӣ - амалӣ баргузор гардид.
Директори пажӯҳишгоҳ Шариф Комилзода дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки омӯзиши мавзӯи гиромидошти об ҳамчун неъмати бебаҳо ҳамеша дар мадди назари олимону донишмандон ва фарҳангшиносон қарор дорад.
Маърӯзаи пешниҳоднамудаи мудири бахши фарҳанги моддии пажӯҳишгоҳи мазкур Лайлои Носир дар мавзӯи «Гиромидошти об дар афсонаҳои тоҷикӣ», ходимони калони илмии пажӯҳишгоҳ Гулҳаёи Мадимар дар мавзӯи «Об дар бовару эътиқоди мардуми Бадахшон», Акобири Абдулло «Корбурди об дар зарбулмасалу мақолҳои халқӣ», Гулзираи Карим доир ба «Расму оинҳои марбут ба об дар мисоли маросими «Ашагулон» хеле ҷолиб буда, қадри обро баланд арзёбӣ намуданд.
Зикр гардид, ки об неъмати бузург буда, ҷаҳону зиндагиро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои обӣ бой буда, қариб 7000 пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаҳои оби маъданӣ ва обанборҳои зиёд дорад.
Лола РИЗОЕВА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3086