logo

иҷтимоиёт

БОХТАР. БАРДОШТ АЗ ҲАШТ МОҲЕ, КИ ГУЗАШТ

Маркази маъмурии вилояти Хатлон– шаҳри Бохтар дар натиҷаи сиёсати оқилонаю дастгириҳои рӯзафзуни Сарвари давлат рӯз ба рӯз назарработар ва барои зиндагию фаъолият беш аз пеш мувофиқ мегардад. Доир ба дастовардҳои охири меҳнаткашони он, яъне ҳашт моҳи соли 2019 - ум раиси шаҳр Исмоилзода Абдуалим дар суҳбат бо хабарнигори минтақавии “Ҷумҳурият” чунин гуфт:
- Боиси шукргузорист, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сулҳу суботи сартосарии кишвар, татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат ва меҳнати аҳлонаи сокинони ҳар як гӯшаи диёри мо ба гунаи тасаввурнопазир ободтару шукуфотар шуда истодааст. Хушбахтона, шаҳри Бохтар ҳам аз ин миён истисно набуда, фақат дар муддати даҳ соли охир зина ба зина хеле рушд кард. Ҳоло дар ҳама соҳаҳо комёбиҳои меҳнатӣ ба мушоҳида мерасанд. Чунончи, фақат дар муддати ҳашт моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҷмӯи маҳсулот ба 169,1 миллион сомонӣ расид, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 26,6 миллион сомонӣ ё 18,8 дарсад зиёд мебошад.
Нақшаи қисми даромади андозҳо 102 дарсад ва нақшаи андози иҷтимоӣ 106 дарсад иҷро шуд.
Ба соҳаи сохтмон таваҷҷуҳи амиқ зоҳир мегардад. Ҷамъи маблағгузориҳои асосӣ дар миқёси шаҳр аз ҳисоби маблағҳои ҳамаи сармоягузорон 63,2 миллион сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 17,8 миллион сомонӣ зиёд аст.
Ба маблағи 33,7 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуданд. Ба гунаи мисол, аз ҳисоби маблағҳои мутамарказ 12,5 миллион, инвеститсияи хориҷӣ 957 ҳазор ва аз ҳисоби соҳибкорон 14,6 миллион сомонӣ.
Ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳия гардидааст, ки мувофиқи он бояд 307 иншоот бунёду навсозӣ шавад. Соли равон дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз як бинои истиқоматии шашошёна, ду бинои сеошёнаи дорои маркази савдо ва хизматрасонӣ, варзишгоҳ бо 4000 ҷойи нишаст ва бинои иловагии таълимии чорқабата дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба истифода дода шуданд.
Навсозии нуқтаҳои партов 100 дарсад ба анҷом расид. Дар даҳ майдону гулгашт, аз ҷумла маҷмааи 10 - солагии Ваҳдати миллӣ, майдонҳои ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ба номи Ҷалолиддини Румӣ, "Шаҳидон", иншооти Нишони давлатӣ, муҷтамаи 70 - солагии азхудкунии водии Вахш, гулгаштҳои кӯчаи Борбад, боғи истироҳатии ба номи Р. Мӯрчаев ва боғчаи кӯдаконаи “Фирдавс”, корҳои сохтмону навсозӣ ба маблағи  4,9 миллион сомонӣ ба охир расиданд.
Боиси фараҳмандист, ки тавассути меҳнати ҳалолу босамари мутахассисону коргарони корхонаю коргоҳҳо, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 128,3 миллион сомонӣ расонда шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2018 - ум 21,4 миллион сомонӣ ё 20 дарсад зиёд мебошад. Дар ин давра се коргоҳи саноатӣ таъсис ёфт, ки самти асосии фаъолияти онҳо истеҳсоли доруворӣ ва масолеҳи сохтмонист. 
Ширкатҳои «Трансформатор», «Ресанда», «Коргоҳи дӯзандагӣ» ва “Маркази ҳунаромӯзӣ”дар натиҷаи ташкили дурусти кор ва амалӣ намудани супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Мушаххасан, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта «Трансформатор» ба маблағи 3,7 миллион, «Ресанда» 205,9 ҳазор, “Коргоҳи дӯзандагӣ» 916 ҳазор   ва “Маркази ҳунаромӯзӣ” 63 ҳазор сомонӣ зиёд намуданд.
Бовар дорем, ки шаҳри Бохтар дар партави ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат минбаъд низ дар ҳама самтҳо ба комёбиҳои қобили васф ноил хоҳад шуд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.09.2019    №: 185    Мутолиа карданд: 903
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед