logo

иҷтимоиёт

СИЁҲДОНАИ ТОҶИК. РАВҒАНИ ТАБИИИ ШИФОБАХШ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 августи соли ҷорӣ дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии ноҳия, аз ҷумла маҳсулоти истеҳсоли кооперативи «Деҳқон», ки зиёда аз 30 намуди рангҳои табиии шифобахшро ба намоиш гузошта буд, дидан карданд.

Дар меҳвари таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор гирифтани маҳсулоти мо аз он сабаб буд, ки ҳамаи намудҳои равғанҳои табиии шифобахш бо усули фишори сард ва технологияи пешрафта истеҳсол мешаванд ва ин технология дар Тоҷикистон алҳол ягона аст.
Мо танҳо аз маҳсулоти табиии Тоҷикистон бо тарзи фишори сард равғани табиӣ истеҳсол менамоем. Ин барои пешгирӣ ва табобати бисёр бемориҳо роҳи беҳтарин аст. Таҷриба ва таҳлили чуқури илмию таҳқиқотӣ моро ба чунин хулоса овард, ки бояд тавлиди равғанҳои табиии шифобахши табобатиро танҳо бо усули фишори сард ба роҳ монем, зеро равғанҳои бо ин усул истеҳсолшуда дар худ ҳамаи хосиятҳои шифобахшию табобатиро нигоҳ медоранд. Беҳуда нест, ки солҳои охир мардуми бисёр давлатҳои дунё аз истеъмоли доруҳои бо роҳи сунъӣ истеҳсолшуда даст кашида, ба маҳсулоти табиӣ ва дорувориҳо аз маҳсулоти табиӣ рӯй оварда истодаанд.
Кооператив тӯли 5 соли охир марҳила ба марҳила истеҳсоли зиёда аз 30 намуди равғани табиии шифобахшу табобатиро бо тарзи фишори сард ба роҳ мондааст.
То имрӯз оид ба маҳсулоти корхона ва тарзи истифодаи онҳо зиёда аз 20 китобу китобчаҳо барои чоп омода шудааст. Инчунин, мо ният дорем, ки ҳамаи маводи нашршударо ба 5 забон – тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ ва чинӣ омода созем.
Мо бо мутахассисони варзидаи корхонаҳои истеҳсоли хатҳои технологӣ оид ба истеҳсоли равғанҳои табиӣ аз Олмону Туркия ҳамкории судманд дорем. Самари ин ҳамкорӣ буд, ки бо тарзи фишори сард дар натиҷаи  дигаргун сохтани хатҳои технологӣ тавонистем чанд намуди равғанҳои нодири табииро бори аввал дар дунё тавлид намоем, аз ҷумла равғани зираи Даштиҷумро.
Равғани бо фишори сард истеҳсолшудаи зира то имрӯз дар бозори ҷаҳонӣ набуд. Таркиби зираи Даштиҷум нисбат ба дигар зираҳои дунё хеле бой буда, равғани бо тарзи фишори сард истеҳсолшудаи он дар ҷаҳон нодиртарин ва арзишмандтарин равғани табиӣ ба ҳисоб меравад.
Истифодаи равғани сиёҳдона дар тиб таърихи беш аз 3000 – сола дорад. Падари илми тиб Буқрот  ва устоди табибони ҷаҳон Абуалӣ ибни Сино дар бораи хосиятҳои давоии сияҳдона маълумоти зиёд додаанд.
Ният дорем, ки дар ояндаи наздик дар асоси равғанҳои табиии шифобахши Тоҷикистон истеҳсоли  собун, малҳам, шампун, хамираи дандоншӯӣ, чой, орд, балзам ва маҳсулоти дигарро ба роҳ монем, инчунин, равғанҳои табиии шифобахшро дар капсулаҳо ва ампулаҳо бандубаст намоем. Бо ин роҳ тарзи истеъмол ва истифодаи равғанҳо аз рӯи меъёр осон ва муҳлати нигоҳдории сифати онҳо дароз мегардад.
Кооператив барои бунёди боз як корхонаи хурди истеҳсоли равғанҳои табиӣ аз рустаниҳои шифобахши Тоҷикистон лоиҳаи сармоявии худро омода сохтааст. Бунёди ин корхонаи хурд дар оянда боиси пешрафти саноати дорусозӣ ва асоси пайдо шудани якчанд корхонаҳои нави парфюмерии мамлакат хоҳад гашт.
Ҳар як фарди Тоҷикистон вазифадор аст, ки дар доираи имконият барои Ватану миллати худ, ободонӣ, имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ҳиссагузор бошад. Ин амал барои ҳар яки мо ва ҳам қарзу ҳам фарз мебошад.
Бо чунин Пешвои хирадманд, бо чунин осудагию оромӣ ва сулҳу ваҳдат, ки дар мамлакат муяссар аст, барои пешрафту ободии кишвари азизи худ бо дасту дили пок беғараз меҳнат накардан гуноҳи азим мебошад.
Ҳар як кори нав, хусусан истеҳсоли маҳсулоти нав, бе мушкилӣ, яъне ба осонӣ, муяссар намешавад. Танҳо сабру тоқат, меҳнати ҳалол, садоқат ба Ватан зарур асту халос.
Ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ҳаматарафаашон саломатӣ, умри дароз ва шукуфоии ҳамешагии Тоҷикистонро орзумандам.
Мо, тамоми кормандони кооперативи «Деҳқон», дар навбати худ ҷавобан ба ғамхорию дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар бозори ҷаҳонӣ роҳ ёфтан ва мавқеъ пайдо кардани равғанҳои табиии шифобахши Тоҷикистон талош мекунем, ки равғани сиёҳдонаи тоҷикро ба яке аз брендҳои беҳтарини Тоҷикистон табдил дода, барои номи Тоҷикистонро дар ҷаҳон боз ҳам баландтар бардоштан тамоми дониш, таҷриба ва маҳорати касбии худро равона месозем.

Ҳайдар ДОДОҶОНОВ, раиси кооперативи  «Деҳқон», узви Иттифоқи менеҷерони Ҷумҳурии Латвия, узви Конфедератсияи байналмилалии журналистӣ, узви Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.09.2019    №: 185    Мутолиа карданд: 624
15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

05.01.2021


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

МАЪМУРИЯТИ БАЙДЕН НИЯТИ БО РОССИЯ ДОИР БА ССҲ БА МУВОФИҚА РАСИДАН ДОРАД

WORLD JUDO MASTERS

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «КИТОБИ СОЛ – 2020». ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

04.01.2021


ХОВАЛИНГ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ОМОДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед