иҷтимоиёт
КАМБУДИҲО ИСЛОҲ МЕШАВАНД
Посух ба матлаби «Хатлон. Бефаъолиятии корхонаҳо соҳаи саноатро ба қафо мекашад!», ки 19 июни соли 2019 дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» чоп шудааст.
Мақолаи «Хатлон. Бефаъолиятии корхонаҳо соҳаи саноатро қафо мекашад!» дар ҷаласаи назди раиси шаҳри Норак мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Зикр гардид, ки факту рақамҳои овардашуда дурустанд ва интиқоди рӯзнома аз бефаъолиятии корхонаҳо ба нафъи рушди кишвари азизи мо – Тоҷикистон аст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иттилоъ медиҳад, ки ҶДММ «Фаррухрӯз – М» ба истеҳсоли шарбат ва консерв машғул буд. Бинобар сабаби мавқеъ наёфтан дар бозори истеъмолӣ ва муфлисшавӣ корхона моҳи сентябри соли 2016 аз фаъолият бозмонд. «Фаррухрӯз – М» аз Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 бо мақсади васеъ намудани доираи истеҳсолот 600 ҳазор сомонӣ қарз гирифта буд. Бинобар сабаби сари вақт баргардондани маблағ дар асоси ҳалномаи Суди ҳарбии гарнизони вилояти Хатлон иморату дастгоҳҳои истеҳсолии ҶДММ «Фаррухрӯз – М», ки дар гарав қарор доштанд, ба Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда шуданд ва айни замон Фонди дастгирии соҳибкорӣ онҳоро ба фурӯш гузоштааст.
Ба ҶСК «Бофандаи Норак» моҳи июни соли ҷорӣ 20 дастгоҳи нави дӯзандагӣ ворид шуда, 20 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид.
Бо мақсади таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ дар назди корхонаи ҶСП «Заводи таҷрибавӣ – механикӣ» аз ҳисоби соҳибмулк Хӯҷамурод Азимов ба маблағи беш аз 2 миллиону 780 ҳазор сомонӣ коргоҳи истеҳсоли брусчаткаи резинӣ бунёд гардида, дар он 25 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид.
Дар филиали ҶСК «Тоҷикгидромонтаж" аз тарафи соҳибкор Х. Зайдов бо маблағи 15,9 миллион сомонӣ коргоҳи истеҳсоли металлҳои гидротехникӣ бунёд гардида истодааст ва дар оянда дар ин иншооти истеҳсолӣ 160 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳад шуд.
Дар ин давра дар шаҳр 3 коргоҳи дӯзандагӣ ва коргоҳи истеҳсолии масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла шпаклёвка ва ротбандҳои сохтмонӣ, ба фаъолият пардохт ва дар онҳо 10 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъминанд.
Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти сохтмонӣ аз ҳисоби соҳибкори маҳаллӣ А.Назаров бунёди корхонаи истеҳсоли қуму шағал дар соли равон ба нақша гирифта шуда, айни замон корҳои тахту ҳамворнамоӣ босуръат идома доранд.
Ҳамчунин, соҳибкор Х. Табаров бунёд намудани корхонаи истеҳсоли хишти пухтаро мақсад гузоштааст ва айни ҳол кор дар зинаи ҳуҷҷатгузорӣ қарор дорад.
Соҳибкори маҳаллӣ Фахриддин Мамадқулов бо мақсади таъсис додани коргоҳи коркарди гӯшт ба Фонди дастгирии соҳибкории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қарзӣ пешниҳод намудааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр, бунёди корҳонаҳои нав, марҳила ба марҳила ба кор андохтани корхонаҳои азфаъолиятбозмонда ва фароҳам овардани ҷойҳои нави кориро дар меҳвари фаъолият қарор дода, барои амалисозии ин мақсадҳо тамоми имконияту захираҳоро босамар истифода мебарад. Мутмаинем, ки камбудиҳои ҷойдошта бартараф мешаванд.
Д. АСОЗОДА, муовини якуми раиси шаҳри Норак
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.10.2019 №: 186 Мутолиа карданд: 1410