иҷтимоиёт
ХАЛТАҲО ВА ҚУТТИҲОИ ПОЛИЭТИЛЕНӢ. ЧӢ ГУНА ЗИЁНИ ОНҲОРО КОҲИШ ДИҲЕМ?
Дар замони муосир илму тараққиёт бо суръати кайҳонӣ пеш рафта истодаанд. Сатҳи зиндагии мардуми кишварамон низ сол ба сол хубтар мешавад. Дар ҳамин ҳол саволе ба миён меояд: оё мо барои ҳаёти оянда, барои фарзандонамон табиатро, яъне хонаи умумии ҳамаи мавҷудоти зиндаро ҳифз карда, мерос гузошта метавонем? Ба фикри шахсии ман, мо барои ояндагон, хусусан дар бахши ҳифзи табиат, ба андозаи кофӣ талош намекунем.
Ҳоло яке аз масъалаҳои ташвишовар муносибати нодуруст ба маҳсулоти кимиёвӣ ва консентратҳо - қуттиҳо ва халтаҳои полиэтилениест, ки дар дохили онҳо маҳсулоти истеъмолӣ мехарем. Афсӯс, ки мардум зарари ин гуна маҳсулотро то ҳол дуруст дарк накардаанд. Партовҳои маҳсулоти пластикӣ на танҳо ба инсон, балки ба табиат зарар мерасонанд. Ин гуна маҳсулотро нест кардан мушкил аст. Онҳо намепӯсанд. Дар рӯзҳои ҷашн мардум маҳсулоти зиёди истеъмолӣ мехаранд, лекин баъд аз истеъмоли маҳсулоти дохили қуттиҳо ва халтаҳои полиэтиленӣ онҳоро ба ҷӯйбор, замин, кӯча ва назди хонаҳои истиқоматӣ мепартоянд.
Мутаассифона, алҳол дар мамлакат корхонаҳои махсуси безараргардонӣ ва дубора истифода бурдани ин маҳсулоти полиэтиленӣ вуҷуд надоранд. Барои ҳамин, тарзи истифодаи онҳоро ба як тартиби муайян даровардан лозим аст, то ба табиати нотакрори кишвари азизамон зарар нарасонем. Фурӯши маҳсулоти истеъмолӣ бояд дар халтаҳои махсуси қоғазиву картонӣ, чӯбиву риштагӣ ба роҳ монда шавад. Барои ин бояд фарҳанги экологии мардумро баланд бардорем. Ба мардум зарар ва фоидаи истеъмоли озуқаворӣ, тарзи нигоҳдории онҳо, ҳифзи муҳити табиии зист, зарари қуттиҳо ва халтаҳои полиэтилениро фаҳмонем. Мо бояд ҷомеаро ба ҳифзи муҳити зист даъват намоем, то ин ки пиру барно зарари ба табиат расонда ва оқибати онро донанд ва дуруст амал намоянд.
Сайёд ФАЙЗОВ, омӯзгори МТМУ №2, ноҳияи Восеъ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.10.2019 №: 190 Мутолиа карданд: 1387