logo

иқтисод

ФАРХОР. ДОЛУ ЗАРБИ ПАХТАЧИНӢ

Пахтакорӣ бахши муҳимтарини соҳаи кишоварзии ноҳияи Фархор аст. Заркорони ноҳия маъракаи имсолаи ҷамъоварии ҳосилро хеле хуб оғоз намуда, муташаккилона идома дода истодаанд. Онҳо мақсад доранд, ки имсол 21 ҳазору 40 тонна дурри гаронбаҳо истеҳсол намоянд.
- Воқеан, пахтакорӣ соҳаест, ки барои таъмини корхонаҳои саноатии кишвар бо ин ашёи хоми гаронбаҳо, ки онро «тиллои сафед» ҳам ном мебаранд, аҳамияти калидӣ дорад. Аз дигар ҷиҳат, пахта ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳам манфиати хуби молиявӣ меорад ва барои ғанӣ гардидани буҷети маҳаллӣ мусоидат мекунад. Бо назардошти сол то сол сердаромад гаштани соҳаи пахтакорӣ, инчунин, ҷиҳати татбиқи барномаи стратегии паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ майдони кишти пахта имсол дар ноҳия назар ба соли гузашта зиёд карда, ба 9 ҳазору 617 гектар расонда шуд. Барои сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани пахта имрӯзҳо зиёда аз 6 ҳазор  пахтачин ба саҳро баромада, ҳосили бо заҳмат парваришёфтаро ҷамъоварӣ карда истодааст, - гуфт зимни суҳбат раиси ноҳия Рустам Раҳматзода.
Деҳқонон дар ин рӯзҳои офтобӣ аз техникаву қувваи қобили меҳнат самаранок истифода бурда, ҳар рӯз зиёда аз 350 - 400 тонна пахта ҷамъ меоваранд. Натиҷаи ташкили хуби кор ва аз ҷиҳати моддию маънавӣ ҳавасмандсозии чинакчиён буд, ки ноҳия дар ҷадвали мусобиқаи пахтасупории байни шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад. 
 – Барои нашъунамои хуби ниҳолҳо бар зидди ҳашароти зараррасон заҳрдоруҳои тавсиявиро истифода бурдем. Барои серҳосилӣ, сари вақт пухта расидани пахта ба ҳар гектар замин ба миқдори 350 килограмм нуриҳои минералӣ додем ва хоҷагиҳоро сари вақт бо оби полизӣ таъмин намудем, - гуфт саркишоварзи ноҳия.
Дар ҳақиқат, ба мушоҳида расид, ки имсол ҳосил дар саҳро хеле фаровон аст. Мутаассифона, тавре сардорони хоҷагиҳои деҳқонӣ дар суҳбат бо хабарнигори «Ҷумхурият» иброз намуданд, имсол корхонаҳои саноатӣ ҳар кило пахтаро аз деҳқонон бо нархи арзонтар - 4 сомониву 60 дирам харида истодаанд, ки назар ба соли гузашта як сомонию 25 дирам камтар мебошад. Ин дар ҳолест, ки нархи доруҳои ғизоӣ ва заҳрхимикатҳо дар муқоиса ба соли гузашта қариб ду баробар, яъне аз 130 сомонӣ то 230 сомонӣ боло рафтааст. Агар соли гузашта хароҷоти як гектар замин дар маҷмӯъ 5 ҳазор - 5,5 ҳазор сомониро ташкил дода бошад, пас имсол ба 7,5 ҳазор сомонӣ баробар шуд. Яъне даромади пахтакор хеле камтар мешавад ва ин ҳаввасмандӣ ба пахтакориро мекоҳонад. Аз ин рӯ, танзими нарх – мушкили имрӯзаи пахтакорон масъалаи таъҷилии рӯз аст.
Сарфи назар аз ин, пахтакорони ноҳия кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки барои талаф наёфтани дастранҷ аз боду ҳавои мусоид ва имконияту воситаҳои дигар пурсамар истифода баранд.

Холназар КАСИРОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.10.2019    №: 195    Мутолиа карданд: 233

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад

Таъкиди Путин аз зарурати арҷгузории арзишҳои оилаи серфарзанд

Сарвазири Афғонистон: "Натиҷа бояд ба раъйдиҳии воқеии халқи мо асос ёфта бошад"

Чин ба шарти бастани созишномаи тиҷоратӣ бо ИМА ба мувофиқа расид

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медалҳои биринҷии гӯштигирони тоҷик

08.11.2019


Давлаталӣ Саид бо Мансур бинни Зойид оли Наҳён вохӯрд

Баргузории конференсия оид ба саҳми диаспораҳо дар рушди кишвар

Масоили ҳамкории фарҳангӣ матраҳ шуданд

МАОРИФ. Медали тиллои хонандагони точик аз Туркия

07.11.2019


Гурӯҳи мусаллаҳ безарар гардонда шуд

БОКС. Медали тиллои муштзани тоҷик дар Россия

ФОРУМИ ПАНҶУМИ МИЛЛӢ. Пойгоҳе ки ҳуқуқшиносонро ба ҳам меорад

Ба Ингушистон суриёие омад, ки аспсавор ба дидори Путин раҳсипор аст

Эрдуғон аз боздошти ҳамсари сарвари "ДИ" Ал-Бағдодӣ хабар дод

Интиқоди ҳазорҳо олим аз беэътиноии сиёсатмадорон ба тағйири иқлим

Пойтахти Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои ИДМ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.11.2019


Роҳҳои баланд бардоштани ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ баррасӣ шуданд

Ҳамоиш доир ба нақши ҷавонон дар тарғиби арзишҳои миллӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед