logo

Хабарҳо

Баррасии рушди ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Россия

Зимни мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Шукурҷон Зуҳуров ва Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин масъалаҳои рушди ҳамкориҳои байнипарлумонии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Шукурҷон Зуҳуров зикр намуд, ки сатҳи баланди ҳамкории мутақобила ва шарикии стратегии Тоҷикистону Россияро заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ ва доираи васеи масъалаҳое, ки дар назди парлумонҳои ду ҷониб қарор доранд, тасдиқ мекунанд.
- Тайи бисту ҳафт соли муносибатҳои дипломатӣ, давлатҳои мо тавонистанд низоми қавӣ ва ҳамаҷонибаи шарикии стратегии дуҷонибаро дар асоси шаффофият, эътимод ва ҳамкории баробар бунёд кунанд,- илова кард мавсуф.
Зикр шуд, ки миёни ду давлат дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорату иқтисод, гуманитарӣ, низомӣ ва ҳарбӣ-техникӣ ҳамкории судманд ба роҳ монда шудаанд. Ин ҳамкорӣ, асосан, аз принсипҳо ва уҳдадориҳои Шартномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кумаки мутақобилаи Россияву Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои дуҷониба сарчашма мегиранд.
Шукурҷон Зуҳуров афзуд, ки мо  ҷонибдори таҳким ва рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, аз ҷумла тавассути ташкили муассисаҳои таълимӣ ва мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ бо забони таълимии русӣ ҳастем.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо,инчунин, омодагии худро ҷиҳати рушди ҳамкории байнипарлумонӣ, афзудани муколамаи сиёсӣ ва густариши  ҳамгироӣ дар масъалаҳои муҳимтарини рӯзномаи байналмилалӣ баён доштанд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1659
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед