logo

иҷтимоиёт

НУРОБОД. ҲАМКОРӢ БО СОҲИБКОРОН САМАР МЕДИҲАД

Дар ноҳияи Нуробод дар доираи нақшаи тадбирҳо оид ба истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза гирифтаанд.

Бунёди шаҳраки замонавии Дарбанд зери таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар баробари ин, аз тарафи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия тадбирҳои судманд амалӣ мегарданд. Ҳамчунин, соҳибкорони маҳаллӣ баҳри ободу зебо гардондани ин гӯшаи зебои кишвар саҳми сазовор мегузоранд.
Соҳибкор Хуршед Собиров ҳам аз соҳибкорони дигари ватандӯсти ноҳия қафо намонда, роҳи деҳаи Хумдонро, ки солҳои тӯлонӣ ба таъмири асосӣ ниёз дошт, аз шоҳроҳи байналмилалӣ то деҳа дар масофаи 0,5 км бо паҳноии 7 метр асфалтпӯш кард. Масолеҳ барои таъмиру мумфарш кардани ин роҳ аз корхонаи асфалтбарории мавзеи Сари Пули ноҳия дастрас карда шуд.
Ҳоло дар ноҳияи Нуробод барои таъмиру барқарорсозии роҳҳои ҳудуди ноҳия 2 корхонаи асфалтбарорӣ фаъолият дошта, дар онҳо вобаста ба талаботи муассисаҳои роҳнигоҳдорӣ, ташкилоту идораҳо ва соҳибкорони маҳаллӣ масолеҳи хушсифат истеҳсол мешавад.
Барои таъмиру навсозии роҳи мошингарди деҳаи Хумдон низ 14 нафар коргар ва 8 техникаи соҳавӣ ҷалб гардид,  то асфалтпӯш кардани роҳ дар муҳлати пешбинишуда бо сифати баланд ба иҷро расонда шавад.
 - Дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари кориашон ба ноҳияи Нуробод дода буданд, мо - соҳибкорони маҳаллиро водор месозанд, ки баҳри ободу зебо гардондани гӯшаву канори кишвари азизамон тамоми саъю талошҳои худро равона созем. Таъмири роҳи мазкур низ дар асоси ҳидояти Пешвои миллат роҳандозӣ гардид. Дар оянда низ кӯшиш мекунем, ки баҳри ободии диёрамон саҳми муносиб гузорем, - гуфт зимни суҳбат Хуршед Собиров.

Худодод ЗАЙНИДДИН,
 "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.10.2019    №: 200    Мутолиа карданд: 570

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед