logo

иҷтимоиёт

ХАТЛОН. БОЗ ДАР БОРАИ БЕНИЗОМИИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ

Бенизомии ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркаш ва хулқу рафтори аз доираи одоб беруни бархе ронандагон дар терминалу истгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз мавзӯъҳои мубрам  арзёбӣ мегардад. Ҳолати ҷойдошта аз сатҳи пасти  маърифати ҳуқуқии ронандагони мусофиркаш дарак медиҳад. Аз таҳлилҳо бармеоянд, ки маҳз қоидавайронкунии ҳамин зумра ронандагон сабабгори сар задани садамаҳои нақлиётӣ мегардад.

Бино ба иттилои Қурбоналӣ Халифаев, сардори раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Бохтар,  давоми 9 моҳи соли 2019 нисбат ба 5041 ронандаи нақлиёти мусофирбар ва боркаш протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудаанд. Маблағи умумии ҷарима 879 ҳазору 525 сомониро ташкил медиҳад. Дар ин давра ба 3028 ронанда иҷозатномаи мусофиркашонӣ дода шуда бошад ҳам, корҳои фаҳмондадиҳиву тарғиботӣ дар байни онҳо аз ҷониби ҷамъиятҳои марбут ба соҳаи мусофиркашонӣ қонеъкунанда нест.
Наимҷон Назарзода, роҳбари терминали «Сафари – К» - и шаҳри Бохтар, бар он назар аст, ки ҳарчанд хизматрасонии терминал барои мусофирону ронандагон муносиб аст, аммо аз ин хизматрасонӣ танҳо намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ истифода мебаранду халос. Ронандагони мусофиркашоне, ки бе қайди ҷамъиятҳои нақлиётӣ фаъолият доранд, ба масъалаи хизматрасонии техникӣ кам эътибор медиҳанд. Ба низом даровардани фаъолияти ин гуна ронандагони мусофиркаш мушкил аст. Тибқи маълумот, дар ояндаи наздик дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар ширкати нақлиётии «Сомониён» ба фаъолият оғоз менамояд. Умед аст, ки мушкилоти умдаи соҳаи мусофирбарӣ ҳаллӣ худро пайдо мекунад.
- Чанде қабл бо дучарха писарам зери нақлиёти сабукрави мусофиркашонӣ монда, ҷароҳат бардошт ва дар бемористон бистарӣ гардид. Ин гуна ҳолат қариб ҳар рӯз дар ҳудуди вилоят рух медиҳад, - гуфт Насим Абдулҳамидов, сокини ноҳияи Кӯшониён.
Сарфи назар аз он ки ронандагони нақлиёти мусофиркаш ба кадом ташкилоту ҷамъиятҳо шомиланд, бояд дар доираи қонунҳои амалкунанда фаъолият намуда, аз ҳолати воситаи нақлиёт, маданияти шаҳрдорӣ ва одоби муошират бархӯрдор бошанд. Масъалаи дигар дар ин самт кафолати солимии равонию ҷисмонии ронандагони мусофирбар, таъмини бехатарии техникӣ ва риояи қоидаҳои санитарӣ дар нақлиёти мусофирбар мебошад, ки бояд мавриди таваҷҷуҳи доимии масъулони ҷамъиятҳои нақлиётӣ қарор дошта бошад.

Анвар ҲАФИЗ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.10.2019    №: 200    Мутолиа карданд: 976
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед